Александр Амзин “Паёмрасонҳо чи гуна кор мекунанд”

Ин роҳнамо ба ҷузъиёт ва тарзи кори паёмрасонҳо бахшида шудааст – кумак мекунад, то вижагиҳои масрафи расонаии диҷитол дар паёмрасонҳоро дарк кунем; ва дарёбем, ки чаро густариши истифода аз паёмрасонҳо барои расонаҳои хабарӣ ва таъсиргузорон дар соҳаи рӯзноманигорӣ муфид аст. Роҳнамои мазкур камназир аст, чунки тавсияҳои амалӣ барои кор бо паёмрасонҳоро дар бар дорад, дар бораи зарфиятҳо, вазифаҳо ва ояндаи онҳо моро огоҳ месозад.  

Роҳнамои мазкур аз фаслҳои зерин иборат аст:

  • Вижагиҳои мухотаб ва масрафи расонаӣ дар паёмрасонҳо
  • Маҳдудият дар истифода аз телефони ҳамроҳ
  • Забон ва фарҳанги муошират дар паёмрасонҳо, навъи паёмҳо бар асоси амалкард ё вазифаи паёмрасон
  • Пешдаромад, бахши муаррифӣ, қолабҳои гардонандагии канал
  • Барномарезии матолиб
  • Гурӯҳҳо, чатҳо, мудирияти анҷуманҳо. Таблиғи канали 21
  • Ояндаи матолиб дар паёмрасонҳо

Муаллиф: Александр Амзин, коршиноси мустақил дар умури расонаҳо, гардонандаи канали телеграмии @themedia. Муаллифи чандин китоб ва матолиби омӯзишӣ барои рӯзноманигорон, устоди пешини донишкадаи рӯзноманигории Донишгоҳи Давлатии Маскав, ношир ва мудири тавлиди The Bell, мутахассиси равобити умумии «Яндекс». Дар гузашта мушовири расонаии «Лента.ру», «Ведомости» ва бисёре дигар аз расонаҳои русӣ ва хориҷӣ низ будааст.

____________________________________________________________________

Ин роҳнамои омӯзишӣ махсусан барои Мактаби расонаии CABAR.asia дар чаҳорчӯби тарҳи “Тавсеъаи расонаҳои нав ва рӯзноманигории диҷитол дар Осиёи Миёна” таҳия ва роҳандозӣ шудааст.