Пажуҳиш дар асоси саргузаштҳо: дастурамал барои рӯзноманигороне, ки мехоҳанд, тадқиқоти рӯзноманигорӣ анҷом диҳанд

Нашри дастурамали дарсӣ оид ба анҷом додани тадқиқоти рӯзноманигории «Пажуҳиш дар асоси саргузаштҳо» аз сӯи IWPR дар доираи тарҳи «Ташаккули таҷрибаи тадқиқоти рӯзноманигорӣ барои рушди ислоҳоти демократӣ: барқарории ҳамкорӣ байни намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, институтҳои давлатӣ ва ВАО» бо сармоягузории Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Норвегия сурат гирифтааст. Ҳадафи тарҳ тақвият додани зарфияти расонаҳои мустақил дар бахши баргузории тажқиқотҳои рӯзноманигорӣ дар мавзуҳои гуногуни марбут ба поймолшавии ҳуқуқи инсон аст. Ин мавод манбаи муфиде барои рӯзноманигорони кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки дар асоси он метавонанд, маҳорати баргузории тадқиқоти рӯзноманигориро сайқал диҳанд. Дастурамал бори аввал бо номи “Story-based inquiry: manual for investigative journalists” бо забони англисӣ аз сӯи ЮНЕСКО дар соли 2011 нашр шудааст. Дастурамалро метавонед, аз ин пайванд дастрас кунед: