Пажуҳиши “Истеъмоли маводи иттилоотӣ тавассути интернет дар Осиёи Марказӣ”

Пажуҳиши мазкур – ин нахустин талош дар Осиёи Марказӣ ҷиҳати андозагирии истеъмоли иттилоот дар интернет аст ва ин талош ба шиносоии тренд ва ё равандҳои истифодаи иттилоот дар интернет ва сарчашмаҳои иттилоот дар минтақа тамаркуз мекунад.

Ҳадафи пажуҳиш аз он иборат буд, ки муайян созад, одамон дар интернет чи гуна мутолиа мекунанд, навор мебинанд ва ё хабар гӯш медиҳанд. Маводи мазкур натиҷаи назарсанҷии онлайнии 4130 касро низ дар бар мегирад, ки тавассути интернет иттилоъ истеъмол мекунанд. Ҳамчунин ин мавод мусоҳибаи васеи 20 коршиноси соҳаи расонаҳоро фаро гирифтааст, ки шиносоии хубе аз минтақа ва назокатҳои соҳаи расонаҳои хабариро доранд. Дар мавод инчунин таҳлили саҳифаи расонаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ шомил карда шудааст.

Пажуҳиш аз сӯи IWPR Central Asia дар доираи лоиҳаи “Рушди расонаҳои нав ва рӯзноманигории рақамӣ дар Осиёи Марказӣ” анҷом iуд, ки аз сӯи ҳукумати Бритониёи Кабир маблағгузорӣ мешавад.