Гузоришҳои радиоӣ. Дастурамал барои рӯзноманигорони ОМ

Ҳадафи дастурамали Гузоришҳои Радиоии Иттилоотиву Таҳлилӣ – Дастурамал барои Рӯзноманигорони Осиёи Марказӣ – ошно кардани рӯзноманигорони навкору рӯзноманигорони амалӣ бо асосҳои истеҳсоли гузоришҳои радиоӣ аст. Дастурамалро муҳаррирони тарҳи радиоии IWPR дар Тоҷикистону Қирғизистон бо назардошти талаботи рӯзноманигорон таҳия кардаанд. “Дастурамал” машваратҳои зиёди муфид, ҳам назарӣ ва ҳам амалиеро дар бар гирифтааст, ки тарзи таҳияи гузоришҳо ва чи гуна ҷолиб сохтани онҳоро меомӯзонанд. Дар ин дастурамал ҳамаи ҷанбаҳои таҳияи гузориши радиоӣ ба таври возеҳ шарҳ дода шудааст, ки ба ҳар нафари хоҳишманд имкон медиҳад, санъати омодасозии гузоришҳои радиоиро “аз сифр” биомӯзад. Дастурамал барои ҳамаи рӯзноманигорони радиоӣ ва рӯзноманигорон дар маҷмуъ ҷолиб хоҳад буд. Шакли русии дастурамалро аз ин пайванд мешавад пайдо кард: