Вазъи ВАО ва нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Ҳадафи ин пажуҳиш аз таҳлили вазъи кунунӣ ва рушди минбаъдаи ВАО дар чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон) ибора аст. Пажуҳиши мазкур ҳамчунин таҳлили сатҳи ҳамкории байни ВАО, коршиносон, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатии Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон: сарчашмаҳои иттилоъ, ҷанбаҳои қувват ва заъф, нақши рӯзноманигорон дар ВАО-и ҳар кадом кишвари минтақаро дар бар мегирад.