Зеркаш кардан
Чоп кардан

Фарҳод Аминҷонов: чи гуна ба маърӯза омода шуд ва нутқи мувафаққонае анҷом дод?

Омодагӣ ба маърӯза пеш аз ҳама аз мавзуи муҳиме оғоз меёбад, ки барои худи шумо фаҳмо ва ҷолиб аст. Омодагӣ дидан ба маърӯза вақте осон мешавад, ки дар бораи мавзуе суҳбат кунед, ки худи шуморо ба ташвиш овардааст ё дар бораи фаъолиятҳои худ суҳбат кунед ва дар ин ҳолатҳо маърӯза бидуни изтироб сурат мегирад. Аммо дар ҳамин ҳолат ҳам бояд сохтори маърӯзаи худро таъсис дод. Пеш аз он ки ба омода намудани маърӯза шуруъ мекунед, бояд муайян намоед, ки аудитория шумо кист, вақти ҷудошуда барои таҳияи маърӯза чи қадар аст ва ба илова манфиатҳои аудиторияро бояд мадди назар дошт. Ба ин тартиб, мавзуи маърӯза пеш аз ҳама бояд барои худи суханвар ва баъдан барои аудитория ҷолиб бошад.   

Агар аудитория ҷавон ва пурҳаракат аст, пас онро бояд мудовим машғулу саргарм дошт. Тибқи маъмул, беҳтар аст, ки маърӯзаро на танҳо аз ҷиҳати сохторӣ таҳия кард, балки онро бо саргузашту қиссаҳои хурде “ҷудо” намуд. Ва дар ин ҳолат аудитория ба ҳарфҳои шумо гӯш хоҳад карду хобаш нахоҳад бурд. 

Идея ё ақидаи асосиро ҳатмани ҳатман бояд дар қисмати аввали маърӯза ҷо дод, дар сурати зарурат мешавад, онро дар қисматҳои дигар низ такрор кард, то ин ки аудитория беҳтар дар хотир гирад. Дар поёни маърӯза шумо дубора фикреро такрор мекуненд, ки ба назаратон муҳим аст. Ман дарк мекунам, ки бо пажуҳиши мавзуе шумо мехоҳед, дар барои ҳамаи чизҳои ҷолиб нақл кунед, аммо фаромӯш накунед, ки – ҳадафи асосии маърӯзаи шумо – расонидани иттилои вижае ба аудитория аст. Ба ҳамин хотир ҳангоми омодагӣ ба маърӯза ва омодагӣ ба суханронӣ фикри муҳимеро, ки мехоҳед ба аудитория расонед, бояд мушаххас кард ва талош варзид, ки аудтория ин фикр ё идеяро аз худ кунад ва бо худ бибарад. 

Чи гуна ба маърӯза омода шуд?

  • Мавзуеро интихоб кард, ки барои шумо ҷолиб аст ва шумо дар ин мавзуъ ботаҷриба ва дорои салоҳият ҳастед
  • Сохтори муҳтаво ва пайдарпайии қисматҳоро тартиб диҳед
  • Фикри асосиеро мушаххас созед, ки бояд ба аудитория расонида шавад
  • Саргузаштҳо ва қиссаҳои ҷолибро барои аудитория омода намоед
  • Аудиторияро ба ҷараёни маърӯза мудовим ҷалб созед

Дар рӯ ба рӯи аудитория чи гуна суханронии муваффақонае анҷом дод?

Ба назари ман, дар ҳеч ҷое хондани маърӯза аз рӯи варақ ё аз монитор қобили қабул нест. Дар суханронии худ суханвар бояд талош варзад, ки таваҷҷуҳи тамоми ширкатдорони чорабиниро ҷалб созад. Агар шумо аз рӯи коғаз маърӯза кунед, барои аудтория ҷолиб нахоҳад буд ва бо гузашти чанд лаҳзае аудитория шуморо фаромӯш мекунад. Ва агар шумо бо аудитория робитаи визуалӣ надоред ва машғули қироати маърӯза ҳастеду гумон мекунед, ки маърӯзаи шумо ҷолиб асту ҳама таваҷҷуҳ доранд, эҳтимол дорад, шумо танҳо вақт талаф мекунед. Аз ҳамин хотир, ба назари ман, агар истилоҳҳои махсус ё таркиби кимиёвӣ дар маърӯза зикр нашуда бошад, пас набояд онро аз рӯи кохаз хонд. Яъне, танҳо барои нақли қавл кардан ва ё истилоҳҳои печида ба коғаз нигаред.   

Ҳангоми омода кардани маърӯза беҳтар аст, ки ҷумлаҳои мураккаб ва тобеъ андар тобеъ истифода набаред. Иттилое ки тавассути ҷумлаҳои сода интиқол дода мешавад, дар хотираи аудитория беҳтар ҳифз мегардад.

Ҳангоми муаррифии маърӯза ҳам хондани зиёд муҳим нест. Ҳамаи он чизе, ки дар слайд омадааст, набояд хонд, зеро баро ҳар кадом слайд як-ду дақиқа бояд ҷудо шавад.

Бештар аз 70 дарсади одамон – иттилоъро тавассути чашм ё визуалӣ дарёфт мекунанд. Иттилои визуалӣ ҳангоми маърӯза хеле муҳим аст. Одатан иттилои визуалӣ ҳангоми маърӯза дар шакли муаррифӣ ё расму аксу рамзу дигар навъи слайдҳо пешниҳод мешавад. Матни слайдҳо бояд кутоҳ бошанд, бо ҳарфҳои калон навишта шаванд, аз толор дуруст дида шаванд. Дар ёд дошта бошед – слайдҳои матнӣ на барои маърӯзачӣ, балки барои осонтар қабул кардани иттилоъ аз сӯи аудитория навишта мешаванд.

Мефаҳмем, ки шумо мехоҳед, иттилои ҳарчи бештарро интиқол диҳед. Агар одамон таваҷҷуҳ кунанд, баъди анҷоми маърӯза дархости дарёфти слайдҳои шуморо мекунанд ва маърӯзаи шуморо бештар меомӯзанд. Ҳангоми маърӯза муҳим ин аст, ки як ё ду фикри асосиро ҷудо ва талош кард, ки онро ба аудитория расонд. Фикрҳои асосӣ кадомҳо хоҳанд буд – интихоб аз шумост. Дар слайдҳо аз андоза бештар матн нанависед – матнро бе ин ҳам дар маърӯзаи худ мехонед. Матнро худ изҳор доред – графикаро ба слайдҳо вогузор кунед. Ба ин тартиб, дар бархе ҳолатҳо визуалӣ сохтани як калима муассиртар аз маърӯзаи тӯлонӣ хоҳад буд.  

Бо оҳанг низ маърӯза кардан қобили қабул аст, ман одатан ин корро мекунам. Аммо ҷо кардани оҳанг дар чаҳорчӯбаи далел ё аргументи мушаххасе машварат дода мешавад, яъне бо оҳанг муаррифӣ кардани тамоми маърӯза – тасмими дурусте нест. Омода кардани суханронӣ, таъсиси сохтор, омода кардани далелҳо, интихоби визуалӣ, ки маърӯзаи шуморо ҷило мебахшад, муҳим аст. Ман шахсан пеш аз суханронӣ дар ҳолатҳои нодир дар рӯ ба рӯи оина машқ мекунам, аммо вақте чорабинии сатҳи баланд ва хеле муҳим дар назар аст, ман машқ мекунам. Аз ҳамин хотир, машқ дар рӯ ба рӯи оина ҳаргиз аз манфиат холӣ нахоҳад буд. 

Машваратҳои асосӣ:

  • Ба суханронӣ ҷиддан омода шуд
  • Машқ кард
  • Муаррифиномаро бо тезисҳо омода кард
  • Робитаи мусбат бо аудитория ба роҳ монд
  • Аз рӯи коғаз нахондан, балки нақл кардан, шарҳ додан ва ба иштирок гузоштан
  • Аз иштибоҳҳо ҳарос надоштан ва бо оҳанг иҷро кардан

Ҳазлу мутоиба – мавзуи алоҳида аст. Маърӯзачиёне ҳастанд, ки муаррифии мавзуро бо ҳазл ва ҳадафрас анҷом медиҳанд. Онҳо расмҳои хандадори зиёд нишон медиҳанд, хушгӯӣ мекунанд, аммо дар ин баробар иттилои муҳимро низ интиқол медиҳанд. Барои шунаванда ин навъи маърӯза ҷолиб ва мақбул аст. Ҳунари мазкурро бо меҳнати пайваста метавон сайқал дод. Агар шумо низ аз уҳдаи чунин навъи баргузории маърӯза мебарояд – пас, хуш ба ҳолатон, ин гуна маърӯзачиёнро меписанданд. Агар не – пас, беҳтар аст, ки дар муаррифинома ҳазли зиёд ҷо надиҳед. 

Ин нукта ҳам машҳур аст, ки одамон он чизеро беҳтар дар хотир мегиранд, ки дар охир гуфта шавад. Дар поёни суханронӣ хулоса ё муҳтавои маърӯзаро такрор кунед, тезисҳои асосиро бори дигар ёдовар шавед.  

Агар шунавандаҳо баъди анҷоми чорабинӣ атрофи иттилои интиқолдодаи шумо баҳсу баррасӣ ороянд, ҳисоб кунед, ки шумо вазифаатонро ба таври аъло иҷро кардаед.

 

Агар шумо хатои имлоӣ пайдо карда бошед, лутфан бо интихоби матн ва пахшкунии Ctrl + Enter ба мо хабар диҳед.

Зеркаш кардан
Чоп кардан