Гулафшон Сокиева: таҳқиқоти журналистӣ чист ва онро чӣ гуна анҷом бояд дод

Таҳқиқоти журналистӣ ин маводест, ки дар он мушкилоти ҷамъиятӣ, ришварихӯрӣ, поймол кардани қонун ва сӯистифода аз мансаб ё иттилоотро, ки қаблан бо кадом сабабе аз мардум пинҳон нигоҳ дошта мешуд, ошкор мегардад.

Журналист замоне таҳқиқоти журналистии муваффақро анҷом медиҳад, ки аз руйи нақшаи муайян амал мекунад. Яъне пеш аз он ки мо  ба анҷом додани таҳқиқоти журналистӣ шурӯъ мекунем, бояд нақшаи дақиқи таҳқиқоти журналистиро дошта бошем.

Барои анҷом додани таҳқиқоти журналистӣ, интихоби мавзӯъ қадами бисёр муҳим аст. Журналист бояд хуб донад, ки дар куҷо қонун нақз шудааст ва дар куҷо суистифода аз мансаб шудааст?

Фаромӯш накунем, ки  мавзуи мавриди таҳқиқгирифтаи мо бояд аҳамияти ҷамъиятӣ дошта бошад. Агар шумо мехоҳед, мавзуъеро пайгирӣ намоед ва он хонанда надошта бошад, пас барои чунин мавзӯъ вақти худро беҳуда сарф накунед. Беҳтараш аз чунин мавзуъҳо даст кашед.

Журналист метавонад дар дилхоҳ соҳа таҳқиқоти журналистӣ анҷом диҳад, аммо бояд дар хотир дошта бошад, ки мавзӯи мавриди таҳқиқ қарор додаи ӯ бояд  ҷиноят, ришвахӯрӣ, нақзи қонунро ошкор кунад. Барои мисол: журналист метавонад дар  ин самтҳо таҳқиқоти журналистӣ анҷом диҳад:

  • Сиёсат
  • Ҷиноят
  • Молиёт
  • Мушкилоти ҷамъиятӣ

Агар журналист мехоҳад дар соҳаи сиёсат таҳқиқоти журналистӣ гузаронад, пас ӯ метавонад вобаста ба маъракаи интихоботӣ,  фаъолияти ҳизбҳо, таъин намудани хизматчиёни давлатӣ, қонунгузорӣ, декларатсияи даромади сиёсатмадорон таҳқиқоти худро анҷом диҳад.

Агар журналист хоҳад  таҳқиқотеро анҷом диҳад, ки дар он ҷиноятеро ошкор кунад, пас мавзӯи нақзи ҳуқуқи инсон, адолати судӣ, қоҷоқ ва ё хариду фурӯши одамон метавонад, мавзӯи таҳқиқоти журналистии ӯ бошад.

Ошкор кардани ҳолатҳои коррупсионӣ, яке аз мавзӯъҳои дӯстдоштаи журналистони таҳқиқотгар аст. Барои дар ин самт кор кардан журналистҳо ин бахшҳоро метавонанд мавриди таҳқиқ қарор диҳанд: Қисмати аввал ин молиёти ҷамъиятӣ аст: Барои мисол:

  1. имтиёзҳои ҷамъиятӣ
  2. буҷҷаи давлатӣ
  3. имтиёзҳои андозӣ
  4. харидоти давлатӣ

Қисмати дуввум бошад, ин молиёти кушодаи шахсӣ аст: бонкҳо, кредитҳо, суғуртаи молии идораҳо,  иштирокчиёни бозори сармоягузорӣ ҳам метавонанд мавзӯи хубе барои анҷом додани таҳқиқоти журналистӣ бошанд.

Муаллифи расм: Олег Хоменок

Барои нафароне, ки нав ба гузарондани таҳқиқоти журналистӣ машғул мешаванд, бештар тавсия дода мешавад, ки аз бахши мушкилоти ҷамъиятӣ корро шурӯъ намоянд. Беҳтараш дар соҳаи маориф,  тандурустӣ, хизматрасонии коммуналӣ, имтиёз ба камбизоатон, барномаҳои ҷамъиятии давлатӣ ва ғайраҳо таҳқиқоти журналистӣ анҷом диҳанд.

Яке аз талаботҳои дигари таҳқиқоти журналистӣ ин доштани фарзия ва исбот кардани он аст. Фарзия – ин тахмин, тафсир, тасдиқе, ки журналист дар равиши таҳқиқоти худ онро исбот ё рад мекунад. Фарзия субъект ва моли таҳқиқотро аниқ мекунад. Фарзия бояд ба чунин саволҳо ҷавоб диҳад: кӣ, чӣ, чӣ тавр, дар натиҷаи чӣ, барои чӣ қонун вайрон мешавад ва ин чӣ натиҷа медиҳад?

Барои кушодани мавзуъ бисер муҳим аст, ки бояд саволҳои асосиро тартиб диҳем. Ҷавоб ба саволҳо ба мо кӯмак мекунад, ки фарзияи худро исбот ё рад намоем. Саволҳои иттилоотӣ метавонанд барои ҷамъоварии далел кӯмак намоянд. Баъдан мо бояд саволҳои баҳодиҳандаро тартиб диҳем, ки  барои ҷамъоварии фикру шарҳи мавзӯъ ба мо лозим мешаванд.

Қисмати навбатии таҳқиқоти журналистӣ ин сарчашмаҳои иттилоот мебошад. Онҳое, ки барои посух ба саволҳо кӯмак мекунанд, онҳо киянд ва дар куҷо ҳастанд?

Ғайр аз одамоне, ки иттилооти муҳимро дар даст доранд, инчунин ҳуҷҷатҳо, ташкилотҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, бойгонӣ, базаи иттилотӣ, воситаҳои ахбори омма метавонанд барои мо ҳамчун сарчашмаи иттилоот кӯмак кунанд.

Усули ҷамъоварии мавод ҳам аз қисматҳои муҳими таҳқиқоти журналистӣ мебошад, ки чунин бахшҳоро дар худ дорад:

–  Мушоҳидаи шахсӣ

– Дастрасӣ ба ҳуҷҷатҳо

– Мусоҳиба бо одамон

– Таҳқиқ, таҳлил ва ташхисҳо. 

Мо ба мусоҳибаи асосӣ он вақт меравем, ки ҳама чизро медонем. Мақсад аз рафтан ба мусоҳибаи асосӣ ин ба даст овардани шарҳ ва тафсири қаҳрамони асосӣ мебошад.

Вақте ки ҳамаи маълумотӣ заруриро пайдо кардем ва мусоҳибаи асосиро анҷом додем, мегузарем ба таҳияи матн, ороиш ва таҳрири он.

Пас аз он ки таҳқиқоти журналистӣ мо комил шуд, пеш аз нашр кардани он бояд ҳатман аз ташхиси ҳуқуқӣ гузарад. Ташхиси ҳуқуқӣ ин ҳам кафолати бехатарии худи журналист ва ҳам идораи ВАО аст, ки журналист дар онҷо кор мекунад, ё таҳқиқоти худро нашр мекунад.

Яке аз тавсияҳои асосӣ ҳангоми гузарондани таҳқиқоти журналистӣ ин нигоҳ доштани бойгонӣ аст. Маводҳои ҷамъовардашуда дар оянда барои зуд ба мавзуъ баргаштан кӯмак мерасонанд. Илова бар ин ҳангоми ба додгоҳ муроҷиат намудани тарафи даъвогар маводҳо ҳамчун далел хизмат мерасонанд.

Имкон дорад, ки журналисти таҳқиқотгар дар рафти анҷом додани таҳқиқоти журналистӣ ба чунин мушкилот дучор шавад. Яъне пеш аз ҳама хавфи ҳуқуқӣ аст, ки имкон дорад нисбати журналист парвандаи ҷиноятӣ ё маъмурӣ боз шавад.

Хавфи дигар ин таҳдиди аз даст додани обрӯй, ҷойи кор ва зарар расондан ба саломатӣ, ё ба ҳаёти шахсии худи журналист мебошад. Барои кам кардани хавфҳои эҳтимолӣ барои ҳар як журналисти таҳқиқотгар зарур аст, ки  қисматҳои дар боло зикр шударо ҳангоми гузаронидани таҳқиқоти журналистӣ сарфи назар накунад.

Адабиёти иловагӣ:  Дастурҳои таълимӣ оид ба гузаронидани таҳқиқоти журналистӣ (Муаллиф Марк Ли Хантер, бознашри IWPR дар соли 2015)