Зеркаш кардан
Чоп кардан

Чорчӯбаҳои ҳуқуқӣ барои рӯзноманигорон дар Осиёи Марказӣ чӣ гунаанд?

Ҳуқуқшиносони ВАО ба CABAR.asia гуфтанд, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ кадом қонунҳо фаъолияти журналистонро ба низом медароранд. Инчунин онҳо мушкилоти аслии заминаҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки фаъолияти ВАО дар минтақаро ба танзим медароранд, номбар карданд.

Узбекистон: қоидаи куҳнашудаи аккредитатсия ҳанӯз побарҷост

Дар Узбекистон фаъолияти ВАО ва рӯзноманигорон аз рӯи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии зер ба танзим дароварда мешавад:

  • қонун “Дар бораи васоити ахбори омма”,
  • қонун “Дар бораи ҳифзи фаъолияти касбии журналист”,
  • қонун “Дар бораи принсип ва кафолатҳои озодии иттилоот”,
  • қонун “Дар бораи иттилоотонӣ”,
  • қонун “Дар бораи ошкоро будани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ”,
  • қарори девони вазирон “Дар бораи тасдиқи қоидаҳои асосии танзимкунандаи фаъолияти касбии хабарнигорони васоити ахбори оммаи давлатҳои хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Узбекистон”,
  • низомномаи маъмурӣ дар бораи расонидани хизматрасониҳои давлатӣ оид ба бақайдгирии давлатии ВАО.

Илхом Хамидов

Ҳуқуқшиноси ширкати машваратии “Perspective Consulting” Илҳом Ҳамидов мегӯяд, имрӯзҳо дар муҳити қонунгузории Узбекистон аз нуқтаи назари тавсеаи озодии сухан тағйиротҳое ба амал омадааст, ки ба рушди ВАО мусоидат мекунад.

“Дар охирин рӯзҳои соли 2020 ба Кодекси ҷиноии Узбекистон тағйиротҳое ворид гардид, ки бекор кардани муҷозоти маҳрум сохтан аз озодиро барои туҳмату таҳқир пешбинӣ мекунад. Ҳамзамон моддаи нави 244 оид ба “Паҳн кардани иттилооти бардуруғ” ворид карда шуд. Ҳоло дақиқан маълум нест, ки тафовути байни иттилооти бардуруғ ва туҳмат чӣ гуна маълум карда мешавад, чунки ин мафҳумҳо бо ҳам шабоҳат доранд. Аммо ин иқдом тамоюли мусбат дар самти сабук кардани ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳои зикршуда ва шояд дар оянда пурра аз байн бардоштани он мебошад. Ҳарчанд то ҳанӯз баёнияҳои сиёсие, ки ин тахминро тасдиқ намоянд, садо надодаанд”,-меафзояд Ҳамидов.

Ба гуфтаи ӯ, тобистони соли сипаришуда Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсияи оммавии назди маъмурияти президент тарҳи нави қонун “Дар бораи васоити ахбори омма”-ро таҳия кард, ки аз ҷумла барои оғози фаъолияти ВАО ба ҷойи бақайдгирии давлатӣ ҷорӣ кардани тартиби огоҳсозиро пешбинӣ мекунад. Аммо маълум нест, ки ин лоиҳа дар кадом марҳилаи баррасӣ қарор дорад.

“Инчунин оҷонсии мазкур аввалҳои моҳи январи соли 2020 тарҳи қонун “Дар бораи дастрасии озод ба иттилоот, инчунин ошкоро будани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар”-ро таҳия кард, ки ба муттаҳид кардани се қонун (“Дар бораи кафолатҳо ва дастрасии озод ба иттилоот”, “Дар бораи принсип ва кафолатҳои озодии иттилоот, “Дар бораи ошкоро будани фаъолияти мақомоти давлатӣ”) дар самти таъмини дастрасии озод ба иттилоот дар як қонун даъват мекунад. Фикр мекунам, ки ин иқдоми хеле хуб аст ва қаблан дар мақолаи худ дар ин бора навишта будам. Аммо ҳамчунин маълум нест, ки ин лоиҳа низ дар кадом марҳилаи баррасӣ қарор дорад”,- таъкид мекунад Илҳом Ҳамидов.

Ба андешаи коршинос, ба камбуди қонунгузории амалкунандаи Узбекистон дар бахши расонаҳо метавон қоидаи куҳнашудаи аккредитатсияи журналистонро шомил кард.

“Имрӯз, вақте ҳаҷми иттилоот ва суръати мубодилаи он ҳамарӯза афзоиш меёбад, талаби ҳуҷҷатҳои қоғазӣ, муқаррар кардани муҳлати дурударози баррасӣ (30 рӯз аз лаҳзаи пешниҳоди ариза барои аккредитатсия) барои аккредитатсияи журналистон барои рӯзноманигорон ва ВАО нороҳатӣ эҷод мекукунад”,-изҳор дошт Ҳамидов.

Вай инчунин зикр кард, ки фаъолияти рӯзноманигоронро дар Узбекистон кори на ҳамеша дурусти мақомоти давлатӣ бо дархостҳо барои дарёфти иттилоот, алалхусус аз ҷониби ВАО ва журналистон мураккаб мегардонад.

“Бино ба муроҷиати рӯзноманигорон ба дармонгоҳи ҳуқуқӣ барои рӯзноманигорон, ки дар назди ташкилоти ҷамъиятии “Маркази рушди журналистикаи муосир” амал мекунад, журналистон аксар вақт ба чунин ҳолат дучор меоянд, ки дархости онҳоро барои дарёфти маълумот бо муроҷиати шаҳрвандон омехта мекунанд. Тартиби баррасии шикоятҳоро қонуни алоҳида муайян мекунад ва бо дархост барои дарёфти иттилоъ ҳеч иртибот надорад”,- мегӯяд ҳуқуқшиноси расонаӣ.

Бори аввал истилоҳи “дархост барои дарёфти иттилоот” дар Узбекистон дар қонун “Дар бораи кафолатҳо ва дастрасии озод ба иттилоот” аз 24 апрели соли 1997 истифода шуд. Ин санад ҳуқуқи ҳар нафарро барои муроҷиати мустақим ё тавассути намояндагони қонунии худ бо дархост барои дарёфти маълумот пешбинӣ кардааст. Инчунин, қонуни мазкур бори аввал шакли дархост ва муҳлати баррасии онро муайян кард. Дар тағйироти соли 1997 дар қонун ду шакли дархост пешбинӣ шуд: хаттӣ ва шифоҳӣ, муҳлати баррасии дархости хаттӣ аз лаҳзаи гирифтани дархост на зиёда аз 30 рӯзро ташкил медиҳад.

Баъдтар, дар робита ба қабули қонун “Дар бораи ошкоро будани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ” дар соли 2014, ба қонун “Дар бораи кафолатҳо ва дастрасии озод ба иттилоот” тағйирот ворид карда шуд – шакли дархости электронӣ илова гардид (ки ба дархости хаттӣ баробар аст), инчунин муҳлати баррасии дархости хаттӣ аз рӯзи қабул то 15 рӯз коҳиш дода шуд.

Қирғизистон: худсензура рушдро маҳдуд менамояд

Дар Қирғизистон санади асосии танзимкунандаи фаъолияти ВАО ва рӯзноманигорон қонун “Дар бораи ВАО” ба ҳисоб меравад, ки 7 июли соли 1992 қабул шуда, бо қарори Шӯрои Олӣ мавриди амал қарор гирифтааст.

Бар илова, дар ин кишвар қонунҳо “Дар бораи ҳифзи фаъолияти касбии журналист” ва «Дар бораи кафолатҳо ва озодии дастрасӣ ба иттилоот» амал мекунанд. Инчунин, фаъолияти воситаҳои ахбори омма бо қонун “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ”, ки соли 2008 қабул шудааст ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Қирғизистон “Дар бораи интихоботи президент ва вакилони Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон” аз 2 июли соли 2011 танзим мешавад.

Ба гуфтаи коршиносони Пажӯҳишгоҳи сиёсати расонаҳо, дар марҳилаи ташаккули қонунгузории миллӣ қонун “Дар бораи ВАО” дар рушди матбуот, телевизион ва радио нақши бориз дошт. Муддатҳои тӯлонӣ ин ҳуҷҷат барои тамоми иштирокчиёни “бозор” қулай буд, аммо имрӯз бисёре аз меъёрҳои он тағйироти куллиро талаб мекунанд, чун носаҳеҳӣ, камбудиҳо ва зиддиятҳо ба чашм мехӯранд.

Ҳуқуқшиносони бахши расонаӣ сензураро яке аз мушкилоти ҷиддие медонанд, ки ба рушди фазои иттилоотӣ дар кишвар халал мерасонад.

“Тибқи қонун, ҳеч кас ҳақ надорад аз рӯзноманигор мувофиқа кардани хабар ва матолибро талаб кунад, инчунин талаб кунад, ки матн иваз карда шавад ё матлаб ё маълумот аз матбуот (эфир) пурра бардошта шавад. Аммо, дар амал худсензура яке аз абзорҳои пурзӯри маҳдудкунандаи фаъолияти журналистӣ боқӣ мондааст”,- таъкид мекунад ҳуқуқшиноси Пажӯҳишгоҳи сиёсати ВАО Акмат Алагушев.

Акмат Алагушев

Ба гуфтаи ӯ, сабаб дар он аст, ки аз нигоҳи қонун зери мафҳуми сензура танҳо фишори мустақим барои пешгирии паҳн кардани иттилоот фаҳмида мешавад.

“Таъсири ғайримустақим ба ВАО бо ҳадафи таҳрири моҳияти кори онҳо низ бояд сензура эътироф карда шавад. Он шаклҳои мухталиф дорад, аз ҷумла милликунонии ғайриқонунӣ ё шеваҳои дигари интиқоли дороиҳои ВАО, ситонидани ҷуброни бузурги беасос дар ҳолатҳои марбут ба ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ, инчунин ҳабси молу мулк. Ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо дар бозорҳоеро, ки дар он ВАО фаъолият мекунад, монеъ шудан ба паҳн кардани маълумоте, ки аллакай дар муомилоти шаҳрвандӣ ворид шудааст, таҳдид ва истифодаи зӯр алайҳи рӯзноманигорон, мусодираи рейдерии ВАО-ро ҳам бояд ба сензура шомил кард”,- мегӯяд ҳуқуқшиноси ВАО.

Ба гуфтаи вай, дар қонуни амалкунанда бахше дар бораи мафҳуми сензура вуҷуд надорад, ки онҷо тамоми усулҳои эҳтимолии фишор ба ВАО муфассал навишта шуда бошад.

Бар илова, коршинос ба комил набудани заминаи қонунгузории марбут ба дастрасии ВАО ба иттилоот таъкид мекунад.

“Қонун “Дар бораи ВАО” барои посухи мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ба дархости рӯзноманигорон дар шакли муҳлатҳои мушаххас тағйиру илова талаб мекунад. Ҷавоб бояд на дертар аз панҷ рӯз дода шавад ва агар дархост ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, вазъи муҳити зист, садамаҳо, офатҳои табиӣ, падидаҳои хатарноки табиӣ ё дигар ҳолатҳои фавқулодда, ки рух додааст ё рух дода метавонад ва ба амнияти шаҳрвандон ва давлат таҳдид мекунад, дахл дошта бошад, пас муҳлати омода кардани посух бояд то 2 рӯз муқаррар карда шавад”,-андеша дорад Акмат Алагушев.

Ғайр аз ин, тағйиротҳое лозиманд, ки дастрасӣ ба иттилоотро, ки дар ташкилотҳои хусусӣ ҳастанд, возеҳ пешбинӣ намояд.

“Бояд дар як банди алоҳида пешбинӣ карда шавад, ки корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд, ба васоити ахбори омма имкони шиносоӣ бо маълумоти дорои манфиати ҷамъиятиро, ки ба ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дахл доранд, фароҳам оранд. Барои ин категорияи соҳибони иттилоот, новобаста аз шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродӣ ё ҷамъиятҳои саҳҳомии дорои шакли омехтаи моликият, 10 рӯз муҳлат муқаррар шавад”, -мегӯяд ҳуқуқшиноси Пажӯҳишгоҳи сиёсати ВАО.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи Алагушев, бояд кафолати ҳимояи журналистонро дар кори ҳаррӯзаи онҳо тавсеа бахшид.

“Қонун ҳолатҳоеро муайян мекунад, ки мақомоти ВАО барои паҳн кардани иттилооте, ки ба воқеият мувофиқат намекунад, масъулият надоранд. Ин модда “Мавридҳои озодкунӣ аз ҷавобгарӣ барои паҳн кардани маълумоте, ки ба воқеият мувофиқат намекунад” ном дорад. Он чор мавқеъро муайян мекунад, ки журналистони ВАО-ро дар кори ҳаррӯзаи худ ҳимоя мекунанд. Ин меъёрро бо ҳолатҳои иловагӣ васеъ кардан лозим аст. Яке аз чунин ҳолатҳо, ҳадди ақал, бояд меъёри қонун “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” бошад, ки мувофиқи он “ширкати телевизион ва радио  ва кормандони он барои паҳн кардани иттилооте, ки ба воқеият мувофиқат намекунад, масъулият надоранд, агар: он нусхабардории аслии мавод бошад, ки онро дигар васоити ахбори омма ё оҷонсии иттилоотӣ паҳн карда бошанд ва ба он истинод шуда бошад”,- қайд мекунад ҳуқуқшинос.

Ғайр аз ин, ба ақидаи ӯ, редаксия, сармуҳаррир ва журналист бояд аз масъулият барои паҳн кардани маълумоти маҳдудкунандаи дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон (масалан, ҳуқуқи ҳимояи шахсӣ ва оилавӣ) ё ба саломатӣ ва рушди кӯдакон зарардошта ва дар ниҳоят, барои сӯиистифода аз озодии ВАО ва/ё ҳуқуқҳои журналист озод карда шаванд, агар онҳо низ маҳсули бознашр ё нусхабардорӣ аз дигар воситаҳои ахбори омма бошанд.

Тоҷикистон: дар фазои бархӯрдҳо

Дар Тоҷикистон фаъолияти ташкилотҳои расонаӣ ва журналистонро санадҳои зер танзим мекунанд:

  • моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
  • қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма”,
  • қонун “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ”,
  • қонун “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”.

Нуриддин Каршибоев

Дар маҷмӯъ, дар кишвар беш аз 10 қонун озодии сухан ва озодии иттилоотро кафолат медиҳанд.

Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев ба ин назар аст, ки қонунҳои мавҷуда усулан ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқат мекунанд.

“Бо вуҷуди ин, байни санадҳои қонунгузорӣ баъзе ихтилофот ё чораҳои маҳдудкунанда мушоҳида мешавад, ки ба назари ман, сабаби иддаоҳои аъзои Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ мешаванд. Ин камбудиҳо бояд дар ҷараёни ҳамоҳангсозии қонунгузории кишвар то гузориши навбатии давраӣ бартараф карда шаванд”,- мегӯяд коршинос.

Ба гуфтаи вай, мушкили асосӣ дар амалияи татбиқи қонун мебошад.

“Волоияти қонун дар Тоҷикистон ҳанӯз шиори декларативӣ боқӣ мемонад. Принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ риоя карда намешавад, адами низоми мустақили додгоҳӣ бошад, боиси татбиқи интихобии меъёрҳои қонун мегардад. Камбудиҳои дар боло зикршуда дар якҷоягӣ бо дигар омилҳои объективӣ ва субъективӣ, ки бо шароити вазнини фаъолияти ВАО дар кишвар алоқаманданд, ба журналистон имкон намедиҳанд рисолати худро озодона иҷро кунанд”,- хулоса мекунад Нуриддин Қаршибоев.

Қазоқистон: талабот танҳо вазнинтар мешавад

Асоси ҳуқуқии фаъолияти ташкилотҳои расонаӣ дар Қазоқистон инҳоянд:

  • Конститутсия,
  • қонун “дар бораи ВАО”,
  • қонун “Дар бораи телевизион”,
  • қонун “Дар бораи иттилоотонӣ”,
  • қонун “Дар бораи алоқа”,
  • қонун “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот”,
  • меъёрҳо дар бораи бадномкунӣ – Кодекси шаҳрвандӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ,
  • меъёрҳои Кодекси ҷиноӣ ва кодекси шаҳрвандӣ дар бораи махфият ва дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ ва дар бораи ғайриқобили қабул будани барангехтани кинаву адовати миллӣ, динӣ, иҷтимоӣ ва дигар зуҳуроти экстремизм,
  • қонун “Дар бораи реклама”,
  • қонунгузорӣ дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он.

Гульмира Биржанова

Ба гуфтаи ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии “Маркази ҳуқуқии ВАО” Гулмира Биржанова, сарфи назар аз он ки Конститутсияи Ҷумҳурии Қазоқистон ба ҳама озодии сухан, эҷодкорӣ ва озодии иттилоотро кафолат додааст, дар маҷмӯъ, ин кафолатҳо аз сатҳи пешбинишудаи ҳуқуқи байналмилалӣ поинтаранд.

“Қонунгузорӣ дар бораи ВАО дар кишвар саросар аз меъёрҳои маҳдуд ва манъкунанда иборат аст ва дар аксар маврид ба стандартҳои байналмилалии марбут ба озодии сухан мувофиқат намекунад. Ва тамоюлҳои охирин чунинанд, ки давлат қонунгузориро дар ин соҳа торафт шадидтар мекунад”,-мегӯяд Биржанова.

Коршинос бар ин аст, ки имрӯз яке аз қадамҳо ба самти беҳтар шудани қонунгузории ВАО ин аст, ки президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев қонун “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба такмил додани ҷараёни иҷро ва қонунгузории ҷиноятӣ”-ро имзо кард, ки дорои муқаррароти ғайриҷиноятӣ кардани моддаи марбут ба туҳмат мебошад.

“Акнун моддаи 130-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Қазоқистон “Туҳмат” аз Кодекси ҷиноӣ ба Кодекси маъмурӣ гузаронида шудааст. Ғайр аз ин, ба ҳуқуқ барои тасвири худ тағйирот ворид карда шудааст. Акнун барои ВАО ҳангоми таҳия, нашр, пахш ва паҳн кардани маводи васоити ахбори омма на ҳамеша розигии шахси тасвиршуда зарур аст”,-қайд мекунад Биржанова.

Ба таъкиди вай, ин қоида ба ҳолатҳои зер дахл дорад:

  1. агар шахси тасвирёфта дар чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ, дорои аҳамияти ҷамъиятии бахши фарҳанг, чорабиниҳои оммавии варзишӣ, маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, роҳпаймоиҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ҳузур ё иштирок дошта бошад;
  2. агар иттилооти паҳншуда тасвир ё маълумоти марбут ба фаъолияти расмӣ ё ҷамъиятии ин шахсро дар бар гирад, инчунин аз ҷониби худи шахс, намояндаи расмӣ ё шахси ваколатдор дар манобеъе нашр шуда бошад, ки дастрасӣ ба он маҳдуд нест;
  3. агар истифодаи шахси тасвиршуда бо мақсади ҳифзи сохти конститутсионӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, саломатӣ ва ахлоқи аҳолӣ сурат гирифта бошад.

Ҳамзамон, ба гуфтаи ҳуқуқшиноси ВАО, дар қонунгузории Қазоқистон меъёрҳои зиёде ҳастанд, ки монеи рушди озодии сухан мешаванд ва кори журналистонро мушкил мекунанд. Аз ҷумла, як қатор моддаҳое ҳастанд, ки барои паҳн кардани матнҳои хаттӣ ва шифоҳӣ, инчунин тавассути суханрониҳои оммавӣ ҷавобгариҳои ҷиноятиро пешбинӣ мекунанд.

Ба онҳо моддаҳои зерини Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Қазоқистон шомил мешаванд:

  • “Таблиғот ва ё даъватҳои оммавӣ барои анҷоми ҷанги агресиввӣ”,
  • “Барангехтани кинаву адовати иҷтимоӣ, миллӣ, қабилавӣ, нажодӣ, синфӣ ва ё динӣ,
  • “Дидаву дониста паҳн кардани маълумоти бардуруғ, ки хавфи вайрон кардани  тартиботи ҷамъиятиро ба вуҷуд меорад ва ё расонидани зарари назаррас ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ё созмонҳо ё манфиатҳои ҷамъият ё давлат, ки бо қонун ҳифз мешаванд”,
  • “Таблиғ ё даъвати оммавӣ барои забт ё нигоҳ доштани ҳокимият ё худи забт ё нигоҳ доштани ҳокимият ва ё тағйироти иҷбории сохти конститутсионии Ҷумҳурии Қазоқистон”,
  • “Таблиғи терроризм ва ё даъватҳои оммавӣ барои содир намудани амали террористӣ” ва ғ.

Дар Қазоқистон моддаи 174-и Кодекси ҷиноятӣ “Барангехтани кинаву адовати иҷтимоӣ, миллӣ, қабилавӣ, нажодӣ, синфӣ ё динӣ” яке аз “пешқадамтаринҳо” аст. Тамоми мурофиаҳои додгоҳии пурсарусадои ахир, ки ба нашри матолиб дар интернет вобастаанд, ба ин модда алоқаманд ҳастанд.

“Ин модда ҷавобгариро барои амалҳои барқасдона, ки ба барангехтани кинаву адовати иҷтимоӣ, миллӣ, қабилавӣ, нажодӣ, синфӣ ва динӣ, таҳқири шаъну эътибори миллӣ ё ҳиссиёти динии шаҳрвандон, инчунин бартарӣ ё ҳақирии шаҳрвандон аз рӯи муносибати онҳо ба дин, синф, миллат, қабила ё нажод, агар ин амалҳо оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаҳои телекоммуникатсионӣ содир шуда бошанд, инчунин тавассути истеҳсол ё паҳн кардани адабиёт ё дигар васоити интиқоли маълумот, ки адовати иҷтимоӣ, миллӣ, қабилавӣ, нажодӣ, синфӣ ва диниро таблиғ мекунанд, ҷазо дар намуди маҳдуд ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то ҳафт солро пешбинӣ мекунад”,- шарҳ медиҳад Гулмира Биржанова.

Аммо, вай мегӯяд, ба наздикӣ дар моддаи 174-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Қазоқистон баъзе тағйиротҳо ба амал омаданд. Дар сарлавҳаи модда мафҳуми “ташвиқот” ба “барангехтан” иваз карда шуд, инчунин илова бар ҳабс ва маҳдуд кардан аз озодӣ, таҳримҳои иловагӣ ҷорӣ карда шуданд – ҷарима аз ду ҳазор то ҳафт ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

Ба андешаи Гулмира Биржанова, мақомоти Қазоқистон бояд қонунгузории иттилоотиро ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ кунад.

“Зарур аст, ки қонуни нави демократӣ дар бораи ВАО қабул карда шавад, дар амалияи иҷрои қонун бошад, ба принсип ва стандартҳои байналмилалӣ муроҷиат кардан лозим аст. Бар илова, ғайриҷиноятӣ кардани амалҳое лозим ҳастанд, ки ба амалӣ кардани ҳуқуқи озодии баён алоқаманд мебошанд, монанди таҳқир, қасдан паҳн кардани иттилооти бардуруғ, барангехтани кинаву адоват”,- мегӯяд вай.

Агар шумо хатои имлоӣ пайдо карда бошед, лутфан бо интихоби матн ва пахшкунии Ctrl + Enter ба мо хабар диҳед.

Зеркаш кардан
Чоп кардан