Курси “Шеваҳои инъикоси хушунат дар ВАО”

Муаллиф: Елизавета Кузменко, журналист, тренери расонаӣ дар  масоили адами табъиз ва баробарии гендерӣ, узви Комиссияи ахлоқи  рӯзноманигории Украина, сарвари ташкилоти ғайритиҷоратии “Анҷумани “Занҳо дар расонаҳо”.
Муҳтавои курс:  

Модули 1. Портрети занҳо дар расонаҳо. Нақши рӯзноманигор ва  расонаҳо дар инъикоси мавзӯоти хушунат дар ВАО.

Вазифаи хонагӣ 

Кори амалии 1  

Модули 2. Хушунат чист. Чаро журналистон бояд навъҳои хушунатро  фарқ карда тавонанд? Заминаи қонунгузорӣ.

Кори амалии 2  

Кори амалии 3  

Модули 3. Истилоҳоти дуруст. Чаро “Қурбонӣ” ва “ҳаюло” калимаҳои  хубе барои матлаби шумо нестанд. Дар бораи одамоне, ки дучори  хушунат гардидаанд, чӣ тавр бояд дуруст навишт?

Кори амалии 4  

Модули 4. Усул (принсип)-ҳое, ки ҳангоми инъикоси мавзӯи хушунат  бояд дар хотир дошт.

Кори амалии 5  

Модули 5. Бо одамоне, ки дучори хушунат гардидаанд, чӣ тавр бояд суҳбат кард: усулҳои мусоҳиба ва одоби муошират.

Кори амалии 6  

Тест 

Шарҳи мухтасари модул: Модул барои рӯзноманигорон ва блогерон  дар мавриди инъикоси хушунат дар ВАО ва блогҳо донишҳои бунёдӣ  медиҳад. Аз дарки навъҳои хушунат то забони инъикоси он:  истилоҳот ва калимаҳое, ки ҳангоми инъикоси ҳолатҳои хушунати  гендерӣ бояд навишта шаванд ва ё бояд аз навишташон парҳез кард.  Як қисмати муҳими ин курс модул дар бораи чӣ тавр ҳамсуҳбат шудан бо одамоне мебошад, ки гирифтори хушунат гардидаанд: чӣ тавр бояд мусоҳиба гирифт ва одоби муошират кадом аст?
Малакае ки пас аз анҷоми модул ба даст меояд: Фарқ кардани  навъҳои хушунат ва ба хонандаҳо фаҳмонида тавонистани ин ки дар

бораи кадом навъи хушунат менависанд, инчунин донистан, ки  ҳангоми инъикоси мавзӯоти хушунати гендерӣ кадом забон бояд  истифода шавад ва кадоме не.

 
Register to start training
Аллакай ҳисоби?

Program

Frequently asked questions