Дар роҳ ба сӯи рӯзноманигории озод

Дар бораи курси «Дар роҳ ба сӯи рӯзноманигории озод»

Курси навбатии мо ба таҳияи қиссаҳо аз сифр: чӣ гуна пайдо кардани идея барои қисса, питчинг, мусоҳиба, сохторбандӣ ва навиштани матлаб – то нашри қисса барои платформаҳои байналмилалӣ бахшида шудааст. Инчунин дар курс модули ҷустуҷӯи расонаи мувофиқ барои нашри қиссаҳо, пайдо кардани имкониятҳо барои журналистон ва паҳлӯи тиҷоратии журналистика ҳам илова гардидааст.
Ҳадафи аслии ин курси омӯзишӣ ба журналистони навқалам ва ботаҷрибаи Осиёи Марказӣ пешниҳод кардани тарзи дурусти навиштани қиссаҳои босифат ва шеваҳои расидан ба рӯзноманигории мустақили сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Шакл ё қолаби курси омӯзишӣ:

Ин курс 5 модули асосиро фаро мегирад:

  • Модули 1 - Муқаддима, ҷустуҷӯи идея ва расона
  • Модули 2 – Чӣ тавр бояд қиссаи худро муаррифӣ кард
  • Модули 3 – Имкониятҳои журналистӣ, тиҷорат ва молия
  • Модули 4 - Мусоҳиба: омодагӣ, анҷом додани он ва мавзӯъҳои нозук
  • Модули 5 – Сохтори қисса ва хулоса.

Ҳар модул аз бахшҳои зер иборат аст:

  • Суханрониҳои видеоӣ;
  • Маълумоти матнӣ;
  • Вазифаҳои тестӣ барои санҷиши азхудкунии матолиби назариявӣ (7-10 савол барои ҳар бахши омӯзиш). Ҳар иштирокдори курси омӯзишӣ бояд тестҳои ҳар модулро дар ҳадди то 80 дарсад бигзарад, танҳо дар ин сурат метавонад ба омӯзиши модули баъдӣ шурӯъ кунад. Барои гузаштани ҳар тест то 10 маротиба имкон дода мешавад. Дар сурати нагузаштани тест пас аз 10 маротиба анҷом додани он, система блок мешавад ва иштирокчиро лозим аст худро аз нав ба давраи омӯзишӣ сабти ном кунад. Дар ин бастагӣ, агар талошҳои аввали гузаштани тест номуваффақ бошад, беҳтар аст наворҳои омӯзишӣ, вазифаҳои назариявӣ ва амалиро аз нав бубинед;
  • Санҷишномаи ниҳойии назоратӣ ҳам пешбинӣ шудааст, ки мазмуни тамоми давраи омӯзиширо дар бар мегирад. Дар сурати ба 80 дарсад гузаштани он сертификати электронӣ ё чопӣ пешниҳод мешавад.

Талабот

Давраи омӯзишӣ барои рӯзноманигорони навқалами Осиёи Марказӣ, инчунин журналистоне, ки ба рӯзноманигории мустақил таваҷҷуҳ доранд, пешбинӣ шудааст.

Барои маълумот:

Лоиҳаи IWPR CA "Рушди расонаҳои нав ва рӯзноманигории рақамӣ дар Осиёи Марказӣ" барои таҳкими тавонмандии воситаҳои ахбори омма, омӯзгорон, донишҷӯёни факултаҳои журналистика ва рӯзноманигорони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ҷиҳати таҳияи матолиби босифати рақамӣ, муоссир, беғараз ва бетараф равона шудааст. Дар доираи ин лоиҳа IWPR сомонаи Мактаби таҳлилии CABAR.asia ва давраи омӯзишии онлайнии “Дар роҳ ба сӯи рӯзноманигории озод”-ро роҳандозӣ кард. Маводи курси омӯзишӣ танҳо дар платформаи мактаби расонаӣ нашр шуда, танҳо барои иштирокдороне, ки дар давраи омӯзишӣ сабти ном шудаанд, дастрас хоҳанд буд. Тамоми курсҳое, ки дар доираи лоиҳа таҳия шудаанд, моликияти IWPR СA буда, метавонанд барои тарҳҳои дигари он истифода шаванд.

  (1)
Барои оғози омӯзиш сабти ном кунед
Аллакай ҳисоби?
Пурсишномаро гузаред

Барнома

  • Муқаддима

    Дар модули аввал муаллиф перомуни идроки гуфтор суҳбат мекунад: қиссаи рӯзноманигорӣ чӣ аст? Мавзӯъ аз қисса чӣ тафовут дорад? Чӣ тавр ва аз куҷо метавонем идея пайдо кунем? Чӣ гуна мухотабон ва платформаро барои қиссаҳо метавон муайян кард?

    Муаллиф: Дидам Толеҳ, рӯзноманигори мустақил. Барои New York Times, National Geographic, The Guardian, BBC, CNN, MPR NEWS, Financial Times, The Economist ва расонаҳои дигари маъруф матлаб навиштааст. Дар ҳоли ҳозир муҳаррири Contently мебошад ва ба рӯзноманигории чандрасонаӣ ва таҳияи филмҳои мустанад машғул аст.

  • Чӣ тавр бояд қиссаи худро муаррифӣ кард

    Дар модулҳои қаблӣ шумо фаҳмидед, ки қиссаи хуби рӯзноманигорӣ чӣ аст ва кӣ метавонад чунин қиссаро нашр кунад. Марҳилаи баъдӣ муаррифии идея ё навиштани питч ва умедвор шудан аст, ки он ба ҷаҳони бузург роҳ меёбад. Чӣ гуна бояд муҳаррирро муътақид сохт, то маҳз идеяи шуморо, ки тавассути почтаи электронӣ ирсол шудааст, интихоб кунад? Чӣ бояд кард, то субҳи барвақт ҳангоми нушидани қаҳва ё мутолиаи номаҳои электронӣ муҳаррир маҳз ба питчи шумо таваҷҷуҳ намояд?

    Муаллиф: Дидам Толеҳ, рӯзноманигори мустақил. Барои New York Times, National Geographic, The Guardian, BBC, CNN, MPR NEWS, Financial Times, The Economist ва расонаҳои дигари маъруф матлаб навиштааст. Дар ҳоли ҳозир муҳаррири Contently мебошад ва ба рӯзноманигории чандрасонаӣ ва таҳияи филмҳои мустанад машғул аст.

  • Имкониятҳои рӯзноманигорӣ, тиҷорат ва молия

    Аз модулҳои қаблӣ шумо аллакай ҷанбаъҳои асосии таҳияи қиссаро медонед. Тасаввур мекунем, ки шумо аллакай чанд идея доред, рӯйхати иртибототи муҳарриронро таҳия кардаед ва медонед, ки чӣ гуна бояд питчи хуб нависед, эҳтимол ҳатто чанд қиссаеро ҳам нашр кардаед. Саволи навбатӣ, ки муаллиф дар ин модул пешниҳод мекунад – чӣ тавр бояд карераи журналистии худро ба сатҳи дигар расонд? Яке аз роҳҳо дархост барои дарёфти грантҳои байналмилалӣ мебошад. Дидам Толеҳ платформаҳоеро пешниҳод мекунад, ки шумо метавонед тавассути онҳо чунин имкониятҳоро пайдо намоед. Инчунин, тавсияҳо дар мавриди тарзи омода кардани дархост барои барномаҳо ва ин ки комиссияи грантӣ ба чӣ таваҷҷуҳ мекунад, пешниҳод мешаванд. Ва дар қисмати дуввуми модул муаллиф дар бораи тиҷорати журналистӣ ва таъминоти молӣ суҳбат мекунад. Журналистика – ин тиҷорати хурд аст, ки дар он шумо ҳамзамон муҳосиб ва менеҷер ҳастед.

    Муаллиф: Дидам Толеҳ, рӯзноманигори мустақил. Барои New York Times, National Geographic, The Guardian, BBC, CNN, MPR NEWS, Financial Times, The Economist ва расонаҳои дигари маъруф матлаб навиштааст. Дар ҳоли ҳозир муҳаррири Contently мебошад ва ба рӯзноманигории чандрасонаӣ ва таҳияи филмҳои мустанад машғул аст.

  • Мусоҳиба

    Мусоҳиба яке аз ҷанбаъҳои муҳими қиссаи рӯзноманигории шумо мебошад. Дар ин бора дар модули мазкур таъкид мешавад. Чӣ гуна бояд одамонеро барои мусоҳиба пайдо кард, ки қиссаи шуморо пурарзиш мекунанд ва чӣ гуна бояд бо онҳо суҳбат кард? Муаллиф инчунин ба ду навъи мусоҳиба таъкид мекунад: мусоҳиба бо коршинос ва мусоҳиба бо қаҳрамони қисса. Миёни ин ду навъи мусоҳиба чӣ тафовут ҳаст? Чӣ имкониятҳое барои анҷом додани мусоҳиба вуҷуд дорад? Чӣ гуна барои мавзӯъҳои нозук бояд мусоҳиб пайдо кард? Барои анҷом додани ин кор ошноҳо, гуруҳҳои фейсбукӣ ва ё ташкилотҳои ҷамъиятӣ чӣ гуна кумак расонида метавонанд? Инчунин, Дидам Толеҳ дар мавриди муҳим будани дарки пешниҳоди саволҳои дуруст, дар мавриди усули «комаи барфӣ» ва одоби мусоҳиба нақл мекунад.

    Муаллиф: Дидам Толеҳ, рӯзноманигори мустақил. Барои New York Times, National Geographic, The Guardian, BBC, CNN, MPR NEWS, Financial Times, The Economist ва расонаҳои дигари маъруф матлаб навиштааст. Дар ҳоли ҳозир муҳаррири Contently мебошад ва ба рӯзноманигории чандрасонаӣ ва таҳияи филмҳои мустанад машғул аст.

  • Хулоса

    Чӣ гуна қиссаро бояд сохторбандӣ кард? Мусоҳибаи муҳимро чӣ гуна бояд навишт? Чӣ гуна бояд пажуҳиши босифатро анҷом дод? Чӣ гуна бояд тамоми иттилоотеро, ки дастраси шумо ҳастанд, истифода бурд? Дар ин модул муаллиф аз шеваҳое мегӯяд, ки чӣ гуна ҳатто қиссаи хабарӣ ва ё матлаб дар мавриди тиҷорат, иқтисод ва ё технологияро, ки барои бештари одамон ҷолиб нестанд, хонданбоб таҳия кард. Чӣ имкониятҳое барои анҷом додани ин кор ҳастанд? Ба гуфтаи Дидам Толеҳ, новобаста аз мавзӯъ қисса бояд таваҷҷуҳи одамонро ба худ ҷалб кунад. Ин як раванди душвор аст, аммо қоидаҳои умумие вуҷуд доранд, ки равандро имконпазир мегардонанд. Дар бораи ин қоидаҳо дар дарси аввали ин модул муфассалтар нақл мешавад.
    Дар охир Дидам Толеҳ дар бораи душвориҳо дар роҳ ба сӯи рӯзноманигории мустақил ва ин ки чӣ гуна ин роҳ нигоҳи ӯро ба зиндагӣ тағйир дод, нақл мекунад.

    Муаллиф: Дидам Толеҳ, рӯзноманигори мустақил. Барои New York Times, National Geographic, The Guardian, BBC, CNN, MPR NEWS, Financial Times, The Economist ва расонаҳои дигари маъруф матлаб навиштааст. Дар ҳоли ҳозир муҳаррири Contently мебошад ва ба рӯзноманигории чандрасонаӣ ва таҳияи филмҳои мустанад машғул аст.

Instructors

Feedback on “Дар роҳ ба сӯи рӯзноманигории озод”

Idibek 23.05.2023
 
Курс бисёр ҷолиб ва омӯзанда буд. Сипос ба Дидем Толеҳ барои қисмат кардани донишу таҷриба ва малакаҳои худ.

Саволҳои зиёд такрормешуда