Асосҳои продюдерӣ дар синамо

Ҳадафи давраи омӯзишии «Асосҳои продюсерӣ дар синамо» шуморо бо ҷанбаҳои бунёдии филмбардорӣ аз нуқтаи назари продюсерӣ шинос кардан аст. Аз ҷумла:

  • фаҳмиши дуруст дар мавриди мафҳуми продюсерии филм;
  • кумак барои фаҳмидани малака ва вазифаҳои продюсер, шиносоӣ бо иерархияи продюсерҳо дар филмофарӣ;
  • баёни чӣ гуна ба сатҳи истеҳсолӣ расондани идея ва шиносоӣ бо имконоти муосири маблағгузорӣ, аз ҷумла бастаи сармоягузории филм;
  • шинос кардан бо марҳила ва ҷузъҳои истеҳсолот, ки бевосита ба кори продюсер алоқаманданд;
  • суҳбат дар бораи баъзе нозукиҳо ва стандартҳои байналмилалие, ки дар шароити муосир дар назар гирифтанашон ҳангоми истеҳсоли филм муҳим аст.

Натиҷаи давраи омӯзишӣ

Дар охири курс шумо дар бораи вазифаҳо, функсияҳо ва малакаҳои продюсер дар филмофарии муосир фаҳмиши дақиқ хоҳед дошт. Дар ҷараёни омӯзиш, инчунин метавонед муайян кунед, ки оё нақши продюсер барои шумо мувофиқ аст ё на, агар ҳа, пас роҳи худро аз куҷо оғоз кардан беҳтар аст? Бар иловаи маслиҳату машваратҳои амалӣ барои продюсерони оянда, ин курс барои коргардонҳое ки мехоҳанд фаҳмиши худро дар бораи вазифаҳои продюсер комил намоянд, маълумоти муфид пешниҳод мекунад. Ин барои барқарор кардани муносибатҳои касбии дуруст бо продюсерони эҳтимолии лоиҳаҳо имкон фароҳам меоварад.

Қолаби курс

Ин курс аз 3 модул иборат буда, барои 2 ҳафтаи омӯзиш пешбинӣ шудааст. Донишомӯзони курс вобаста ба мураккабии бахш ва супоришҳои амалӣ ҳафтае 2-3 соат омӯзиш хоҳанд гирифт. Модулҳо аз лексияҳои видеоӣ, ки то 13 дақиқа идома мекунанд, ёддоштҳои матнии лексияҳо, супоришҳо барои иҷрои мустақилона ва санҷиши ниҳоӣ иборатанд.


Курси мазкур дар доираи яке аз барномаҳои озмуни 48 соатаи лоиҳаи Go Viral таҳия шудааст.

Ин лоиҳа аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА сарпарастӣ ва аз сӯйи намояндагиҳои дипломатии ИМА дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пуштибонӣ мешавад. Онро Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Осиёи Марказӣ амалӣ мекунад. Go Viral ба одамон фурсати ихтироъ, таҳия ва пешниҳоди муҳтаворо фароҳам меоварад. Имкон медиҳад, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои нав бо истифода аз фанновариҳои ҷадид бо мухотабонашон дар ҳар гӯшаи ҷаҳон муошират намоянд.

 
5 ҳафта
Барои оғози омӯзиш сабти ном кунед
Аллакай ҳисоби?
Пурсишномаро гузаред

Шумо чиро меомӯзед?

Тавлиди филм чист?
Дар иерархияи истеҳсоли филмҳо кадом намуди тавлидкунанадагон мавҷуданд?
Вазифаҳо, нақшҳо ва маҳоратҳои як таҳиякунанда дар филмсозии муосир чист?
Меъёрҳои муосир дар соҳаи синамо
Дар таҳияи филм аз чӣ бояд канорагирӣ кард?
Маҷмӯи сармоягузорӣ ва буҷети филм

Барнома

Instructors

Саволҳои зиёд такрормешуда