Пропаганда чист ва чӣ тавр онро бояд шинохт?

Тавсифи давраи омӯзишӣ

Ин давраи омӯзишӣ  мавзӯи пропагандаро дар бар мегирад. Мақсади асосии он омӯзонидани усулҳои ошкор намудани ривоятҳои пропаганда ва роҳҳои мубориза бо онҳо мебошад. Курс масъалаҳои муайян кардани пропаганда, ҳадаф ва навъҳои пропаганда дар ҷаҳони муосирро баррасӣ  намуда, тафаккури интиқодиро инкишоф медиҳад. Шунавандагони ин давраи омӯзишӣ  бар иловаи шинос шудан бо мафҳуми пропаганда, шеваҳои шиносоӣ  кардани ривоятҳои гуногунро, ки дар матолиби пропагандӣ мавҷуданд, аз худ мекунанд. Пропаганда ҳам дар қаринаи расонаҳои анъанавӣ, аз ҷумла телевизиону матбуот ва ҳам дар қаринаи абзорҳои рақамӣ, аз қабили гуруҳҳо ва саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ мешавад. Давраи омӯзишии мазкур инчунин роҳҳои мубориза бо пропагандаро дар сатҳҳои гуногун ба баҳс мекашад. 

Ин давраи омӯзишӣ  ба шумо имкон медиҳад: 

  • Чӣ будани пропаганда, ҳадаф ва навъҳои онро ёд бигиред
  • Бо равиш ва нишонаҳои асосии пропаганда, ки дар шиносоӣ кардани он ёрӣ мерасонанд, шинос шавед
  • Ошкор намудани ривоятҳоро ба унвони абзори пропаганда ёд бигиред   
  • Дарк намоед, ки пропаганда дар расонаҳои анъанавӣ ва платформаҳои рақамӣ чӣ гуна зоҳир мешавад
  • Дар бораи вижагиҳои пропаганда дар замони ҷанг ва ривоятҳои асосии он маълумоти кофӣ ба даст биёред
  • Дар сатҳи шахсӣ, кори рӯзноманигорӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ бо шеваҳои муқобила бо пропаганда шинос шавед

Мухотабони давраи омӯзишӣ 

Курси мазкур барои рӯзноманигорону таҳлилгарони ҷавон ва мутахассисони расонаии кишварҳои Осиёи Марказӣ пешбинӣ шудааст.   

Қолаби давраи омӯзишӣ

Давраи омӯзишӣ  аз панҷ модул иборат буда, барои 5 ҳафтаи омӯзиш пешбинӣ шудааст. Донишомӯзони курс ҳафтае 2-3 соат омӯзиш хоҳанд гирифт (вобаста ба мураккабии бахш ва супоришҳои амалӣ). Он аз лексияҳои кӯтоҳи видеоӣ бо зернависҳо, матн, маводи тақсимотӣ  ва супоришҳо барои кори мустақилона иборат аст. Дар доираи давраи омӯзишӣ  ба шумо мисолҳо аз корзорҳои таблиғотӣ ва унсурҳои онҳо пешниҳод карда мешаванд. Курс дорои тест ё санҷиши ниҳойӣ мебошад, ки натиҷаи мусбати он барои донишомӯзон бояд дар ҳадди 80% ва бештар аз ин бошад. Барои гузаштан аз ин санҷиш ба шумо танҳо 10 маротиба имконият дода мешавад. Дар сурати баъди ин 10 талош ба даст наовардани имтиёзи зарурӣ  система баста мешавад ва шуморо зарур меояд, ки худро барои гузаштани курс аз нав сабти ном кунед. Дар робита ба ин, тавсияи мо ин аст, ки дар сурати аввалин талоши номуваффақ  барои супурдани супоришҳои тестӣ, маводи пешниҳодшудаи курсро дубора мутолиа кунед. Барои як нафар танҳо чор маротиба аз нав гузаштани давраи омӯзишӣ  иҷозат дода мешавад. 

 
5 ҳафта
Барои оғози омӯзиш сабти ном кунед
Аллакай ҳисоби?
Пурсишномаро гузаред

Шумо чиро меомӯзед?

Пропаганда чӣ аст ва чӣ аҳдофу навъҳо дорад?
Усулҳои асосии пропаганда
Ривоятҳои пропаганда ва принсипҳои паҳн кардани онҳо
Вижагиҳои пропагандаи замони ҷанг
Дар сатҳи шахсӣ ва ҷамъиятӣ чӣ гуна бо пропаганда муқовимат бояд кард?
10 маслиҳат барои қурбони пропаганда нашудани рӯзноманигорону таҳлилгарон

Барнома

Instructors

Саволҳои зиёд такрормешуда