Чӣ хел иқтисод креативӣ шуд?

Дар бораи давраи омӯзишӣ

Чаро иқтисод бояд креативӣ (халлоқ) бошад? Кадом вақт тиҷорат ба эҷодкорӣ табдил мешавад? Чаро бояд дунболи мушкилот рафт, на роҳҳал? Моликияти зеҳнӣ ба занҷираи арзиши иловашуда чӣ пайвандӣ дорад? Ба ин ва саволҳои дигари худ баъди хатми давраи омӯзишии “Чӣ хел иқтисод креативӣ шуд?” ҷавоб пайдо хоҳед кард.

Ин курс барои донишҷӯён, намояндагони ҳирфаҳои эҷодӣ (созандагони муҳтавои рақамӣ, тарроҳон, мусиқадонҳо, ҳунармандони театр, синамогарон, косибон, бозорёбон) ва ихтисосҳои ба ҳам наздик (продюсерҳо, мудирони ҳунарӣ, ноширон, рӯзноманигорон, ҳуқуқшиносон)-и кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷолиб хоҳад буд.

Ҳадафи давраи омӯзишӣ

Мақсади аслии давраи омӯзишии мазкур пешниҳоди роҳнамо дар ҷаҳони босуръатрушдёбандаи иқтисоди креативӣ мебошад. Аз ҷумла:

-муаррифии мафҳум, мушаххасот ва зарфияти санъатҳои креативӣ дар мисоли таҷрибаи ҷаҳонӣ ва намунаҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ;

-пешниҳоди маълумоти муфид дар мавриди соҳибкории креативӣ ҳамчун муҳаррики калидии иқтисоди креативӣ; 

-худро ҳамчун ҷузъе аз ин ҳаракати ҷаҳонӣ эҳсос кардан ва шинохти имкониятҳо барои рушди иқдомҳои шахсӣ, ки бар малака, ғоя ва донишҳои шумо асос ёфтаанд;

-кумак расонидан барои пайдо кардани ҷомеаи креативӣ дар минтақа.    

Натиҷаи давраи омӯзишӣ: пас аз хатми ин курс дар мавриди чӣ будани иқтисоди креативӣ маълумоти мушаххас пайдо намуда, аллакай медонед, ки дар Осиёи Марказӣ кадом соҳаҳои креативӣ дар ҳоли тавсеа ҳастанд, барои иштирокчиёни иқтисоди креативӣ кадом имконият ва мушкилот вуҷуд дорад ва барои ташаккули тафаккури соҳибкорӣ ва роҳандозии стратегияи рушди тиҷорат дар соҳаҳои креативӣ чӣ гуна мешавад донишҳои нав касб кард.

Қолаби давраи омӯзишӣ

Ин курс аз 3 модул иборат буда, барои 2 ҳафтаи омӯзиш нигаронида шудааст. Донишомӯзони курс ҳафтае 3-4 соат омӯзиш хоҳанд гирифт (вобаста ба мураккабии бахш ва ҳаҷми корҳои мустақилона). Модулҳо аз лексияҳои видеоӣ, ки то 13 дақиқа идома мекунанд, ёддоштҳои матнии лексияҳо, пайвандҳои муфид, тестҳои санҷишӣ барои ҳар модул ва супоришҳо барои кори мустақилона иборатанд. 


Ин давраи омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи Go Viral таҳия шудааст. Ин лоиҳа аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА сарпарастӣ ва аз сӯйи намояндагиҳои дипломатии ИМА дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пуштибонӣ мешавад. Онро Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Осиёи Марказӣ амалӣ мекунад. Go Viral ба одамон фурсати ихтироъ, таҳия ва пешниҳоди муҳтаворо фароҳам меоварад. Имкон медиҳад, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои нав бо истифода аз фанновариҳои ҷадид бо мухотабонашон дар ҳар гӯшаи ҷаҳон муошират намоянд.

 
2 ҳафта
Барои оғози омӯзиш сабти ном кунед
Аллакай ҳисоби?
Пурсишномаро гузаред

Шумо чиро меомӯзед?

Иқтисоди креативӣ чист?
Иқтисоди креативӣ дар мисоли таҷрибаи ҷаҳонӣ чӣ гуна кор мекунад?
Соҳибкории креативӣ чист?
Барои ташаккули тафаккури соҳибкорӣ чӣ гуна малакаҳои нав пайдо кардан мумкин аст?
Мисоли кишвар: Қирғизистони креативӣ
Барои ширкаткунандагони иқтисодиёти креативӣ кадом имкониятҳо ва мушкилот вуҷуд доранд?

Барнома

Instructors

Саволҳои зиёд такрормешуда