Зеркаш кардан
Чоп кардан

Тимур Токтоналиев: рӯзноманигор дар анҷом додани мусоҳиба чи гуна метавонад, муваффақ шавад?

Дар нигоҳи аввал чунин менамояд, ки мусоҳиба оростан – кори осоне аст. Аммо, агар шумо мехоҳед, ки аз мусоҳиби худ иттилои муҳим ба даст оред, барои ин бояд талоши изофӣ ба харҷ дод. Махсус вақте ки мусоҳиби шумо ҳавасманди посух гуфтан ба суолҳо нест.

Дар ибтидо бояд шарҳ диҳем, ки зери номи мусоҳиба мо ду мафҳумро дар назар дорем: вақте шумо барои маводи рӯзноманигориатон ба шарҳ ниёз доред ва вақте ки барои шумо мусоҳибаи комил бо як шасх зарур аст.

Кор болои мусоҳиба аз се марҳила иборат аст: нахуст – омодагӣ ба суҳбат, дувум – сабти мусоҳиба ва севум – омода кардани мусоҳиба барои нашр. Ҳар кадом аз ин компонентҳо ҷузъиёти муҳими худро доранд.

Мусоҳибаро вақте бояд доир кард, ки дар ҷомеа атрофи мавзуи дорои аҳмаияти иҷтимоие суолҳои бепосух ҷамъ шудаанд ва бояд шахси босалоҳиятеро пайдо кард, ки метавонад, ба суолҳои ҷамъшуда посухи саҳеҳ диҳад. Дар бархе ҳолат суолҳо атрофи шахсе ҷамъ мешаванд, ки барои аудитория ҷолиб аст. Ин гуна шахс метавонад сиёсатмадор, мансабдор ва ё фаъоли ҷамъиятӣ бошад.

Марҳилаи №1. Омодагӣ

Омодагиро бояд аз омӯзиши мавзуи мусоҳибаи дар пешистода шуруъ кард – дар бораи ин мавзуъ дар интернет чи навишта шудааст, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бора чи навиштаанд. Пажуҳиши хурде ба шумо кӯмак мерасонад, ки мушаххас намоед, кадоме аз ҷиҳатҳои мавзуи мазкур то кунун дастнахӯрда боқӣ мондааст, чи чизе наверо шумо метавонед тавассути мусоҳибаатон ба аудитория расонед.

Шумо бояд беҳтар аз мусоҳиби худ аз мавзуи мавриди мусоҳиба огоҳ бошед, то ин ки натавонанд шуморо “фиреб” диҳанд.

Дар ин марҳила бояд суолҳо дар саҳифаи ворд ҷамъ оварда шаванд ва иттилои шарҳдиҳандаи суолҳо ҳамроҳ бо пайванд ба мақолаҳои дар бораи суолҳои мавриди назари шумо ҷо дода шавад. 

Аз манфиат холӣ нахоҳад буд, агар аз ҳамкорон, наздикон ва пайвандони худ бипурсед, ки ба чи суоле посух гирифтан мехоҳанд. Дар бархе ҳолат инҳо метавонанд, суолҳои ҷолибе дошта бошанд. 

Рӯйхати суолҳо бояд мантиқӣ ва ба ҳамдигар рабт дошта бошанд. Рӯйхатро ба муҳаррир нишон диҳед, то ин ки вай тавонад, рӯйхати суолҳоро такмил гардонад. Аммо муҳимтар аз ҳама, суолҳо бояд дар зеҳни шумо маҳфуз бошанд. Яъне, шумо бояд дарк кунед, ки дар чи бора бо мусоҳиби худ суҳбат хоҳед кард. 

Ҳамзамон бояд хосияти равонии мусоҳиби худро омӯхт. Пурҳарф аст ё камҳарф, пурэҳсос аст ё сард, дидгоҳҳои сиёсӣ ва ё ҳаётиаш чи гунаанд, ба кадом навъи расонаҳо мусоҳиба доданро меписандад ва кадом расонаҳоро қабул надорад – ҳамаи ин ҷузъиёт кӯмак мерасонанд, ки шумо барои мусоҳибаи олие нақша тартиб диҳед. Маълумоти муфассалро дар бораи мусоҳиби худ аз суҳбатҳои вай бо хабарнигорони дигар метавон ба даст овард.

Аз ҷиҳати техникӣ ҳам бояд ҳамаи дастгоҳҳо санҷида шаванд: дастгоҳҳои корӣ, батарейҳо ва флешкаҳои холӣ. Дар сурате, ки агар ин афзорҳо дар ҳолати зарурӣ аз кор монанд, телефони ҳамроҳ бояд омода бошад.

Марҳилаи №2. Баргузории мусоҳиба

Ҳамаи интизориҳои шумо мумкин аст, аз рӯи нақша пеш нараванд. Барои мисол, дар ивази 1 соати ваъдашуда, мусоҳиб 10 дақиқа вақт ҷудо мекунад. Дар чунин ҳолат бидуни “оташин” шудан бояд суолҳои асосиро пурсид.

Агар эҳтимоли барпо кардани мусоҳиба дар оянда мавҷуд набошад, пас суолҳои дар фурсати бадастомада бояд дод. Дар чунин ҳолат мумкин аст, мусоҳибаи муфассале ба даст наояд, вале дар асоси суолҳои посухгирифта метавон, маводи ҷолибе таҳия кард. 

Агар вақти зиёд дар ихтиёр доред, пас ба посухҳои мусоҳиб бо диққат гӯш диҳед. Аз посухҳои вай ҳатман суолҳои иловагӣ пайдо мешаванд ва ҳатман суолҳои пайдошударо бояд пурсид ва посухи саҳеҳ ба даст овард.

Таваҷҷуҳ кунед

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзноманигорро ҳам дар баъзе ҳолатҳо барои муҳтавои мусоҳиба ҷавобгар мекунанд. Агар чунин ҳолат дар пахши мустақим сурат гирад, ки шумо имкони пешгирӣ аз даъватҳои ғайриқонунӣ, айбдорсозиҳо ва таҳқири гуруҳҳои қавмиву динии мусоҳибатонро надошта бошед – пас тавассути ислоҳҳо ва суолҳои иловагӣ аз поймолшавии меъёрҳои қонун мусоҳиби худро огоҳ созед. Рафтори хомӯшонаи рӯзноманигор метавонад, аз сӯи аудитория ва додгоҳ ҳамчун пуштибонӣ аз рафторҳои ғайриқонунии мусоҳиб баҳо дода шавад.

Мутамарказ ва ҳушёр будан хеле муҳим аст, то ин ки ҷузъиёт ва лаҳзаҳои муҳимро аз даст надод. Баъзан садо додани ҷузъиёти хурдтарин раванди мусоҳибаро тағйир медиҳад.

Агар мусоҳиби шумо чизеро тасдиқ мекунад – бояд далел талаб кард; касеро айбдор месозад – санад талаб кард; даъватҳои ғайриқонунӣ мекунад – аз помолшавии қонун ёдрас шуд.

Ҳамин ки посухи кофӣ ва саҳеҳ дарёфт кардед, боназокатона ҳарфи мусоҳиби худро қатъ кунед ва ба суоли навбатӣ гузаред.

Дар жанри “мусоҳиба” вазифаи рӯзноманигор он аст, ки боназокатона, вале пофишорона ба суолҳои худ посухи саҳеҳу дақиқ дарёфт кунад, на ин ки хомӯшона сар биҷунбонад. Агар мусоҳиб аз посух додан ба суол фирор мекунад, пас суолро ба шакли дигар ва бо мафҳумҳои дигар пурсед. Агар дубора ҳам сарпечӣ кард, дар ин ҳолат бояд мустақиман пурсид: “чаро шумо намехоҳед, ба ин суол посух диҳед?”

Аммо дар ин сурат ҳам рӯзноманигор набояд хунсардиро аз даст диҳад: гуфтори бетарафона – на монанд ба додситон ва ё мухолиф, вале боҷуръатона. Фосилаи равониро нигаҳ доштан ва ба шахсият нарасидан низ муҳим аст. Агар ин хатро убур кунед, мусоҳиби шумо мумкин аст, асабонӣ шавад ва ё баракс, ба бетаоруфӣ гузарад – ҳар ду ҳолат ҳам барои дарёфти мусоҳибаи босамар кӯмак намерасонад.

Ба ҷуз аз суҳбат ҳамчунин мушоҳида кардани рафтор, ҳаракати ҷисмонии ҳамсуҳбат, фазои корӣ ё муҳити зисти ӯ муҳим аст. Мушоҳидаҳои ҷолиб метавонанд, маводи шуморо пурмуҳтавотар созанд.

Ҳар аз чанд гоҳе ба дастгоҳи сабт нигоҳ кунед – ҳангоме ки шумо машғули дарёфти посух ба суолҳои муҳим ҳастед, мумкин аст, неруи диктафон ё дастгоҳи наворбардорӣ тамом шавад, дастгоҳ ба таври худкор аз кор монад ва ё монеаи дигаре эҷод гардад.

Вале ҳатто агар сабт ба дурустӣ пеш меравад, набояд танҳо ба сабт такя кард. Посухҳоро ҳамзамон бояд дар дафтар навишт, махсусан рақамҳо, истилоҳҳо ва лаҳзаҳои калидиро. Агар шумо мафҳуми чизеро дарк накардед, бидуни шарм бояд, шарҳи онро аз мусоҳиб пурсид. Шумо вазифадор нестед, ки ҳама чизро донед, ба ҳамин хотир мусоҳиба мекунад.

Баъд аз хомӯш кардани диктафон ё наворбардор агар мусоҳиби шумо ҳарфи муҳиме гуфт, аз вай хоҳиш кунед, ки онро дубора барои сабт такрор кунад. 

Тарзи дурусти ном ва мансаби мусоҳибро бояд сабт кард. Агар дар дурустии ному насаби мусоҳиб шубҳа доред, пас аз вай хоҳиш кунед, ки бо дасти худ нависад. Ҳатман рақами телефони мобил, нишонии почтаи электрониашро дастрас кунед ва ҳамзамон пурсед, ки ба кадом паёмрасон зудтар ҷавоб медиҳад. Мумкин аст, баъдтар суолҳои иловагӣ пайдо шаванд ва ба ҳамин хотир, доштани робита бо мусоҳиби худ муҳим аст.

Пеш аз худоҳофизӣ ба мусоҳиби худ барои ҷудо кардани вақт ва ҳамсуҳбат шудан бо шумо ташаккур баён кунед. Изҳори меҳрубонӣ ва муаддабӣ – вижагиҳои рӯзноманигори касбӣ ҳастанд. 

Марҳилаи №3. Омодагӣ ба нашр ва ё пахши мусоҳиба

Ҳатман сабтро, яклухт, ҳамроҳ бо посухҳо ва маводи ёрирасон дар файли алоҳидае ҳифз кунед. Агар бо садо ва ё навор кор мекунед, аз навор ё садо нусха бардоред ва нусхаро таҳрир кунеду маводи аслро маҳфуз доред. Ин файл бояд барои доим маҳфуз монад, зеро мумкин аст, баҳсе бархезад ва шумо тавонед, ки ба бойгонии худ такя кунед. 

На ҳамаи он чизе, ки мусоҳиби шумо мегӯяд, барои аудитория ҷолиб аст. Аз ҳамин хотир, дар марҳилаи таҳрир танҳо чизеро боқӣ монед, ки боарзиштар ва барои аудитория ҷолибтар аст. Аммо ҳамзамон фаромӯш накунед, ки таҳрир набояд фикри мусоҳибро таҳриф кунад. Дар дилеммаи байни кутоҳсозии матн ва ҳифзи фикри мусоҳиб беҳтар аст, ҳифзи фикрро интихоб кунед.

Ҳамин ки розӣ шудаанд, бо шумо суҳбат кунанд, маънои онро дорад, ки мусоҳиб хостааст, тавассути расонаи шумо барои аудитория масъалаеро шарҳ диҳад. Вазифаи рӯзноманигор расонидани ин иттилоъ ба хонанда, бинанда ё шунавандаи худ бидуни таҳриф аст. 

Ҳангоми кор болои матн дар зеҳни рӯзноманигор суолҳои иловагӣ пайдо мешаванд. Ин таҷрибаи қобили қабул аст. Бояд занг зад ё навишту шарҳу посух дархост кард.

Дар ёд дошта бошед
Одатан пеш аз нашр ё пахши мусоҳиба ҳамсуҳбати шумо талаб мекунад, ки мусоҳиба мувофиқа карда шавад. Шумо вазифадор нестед, ки ин дархостро қонеъ кунед – ҳамсуҳбати шумо медонист, ки суҳбаташ сабт ва пахш мешавад, аз ҳамин хотир эҳтиёҷе барои мувофиқа нест. Ирсоли қисматҳое аз суҳбати вай барои ворид кардани тағйирот қобили қабул аст, аммо ин ба он маъно нест, ки вай ҳаққи ворид кардани тағйирот ба тамоми мусоҳибаро дошта бошад ва маънои мусоҳибаро комилан тағйир диҳад.

Агар дар рафти мусоҳиба ҳамсуҳбати шумо ҳарфҳои баҳснок ва ё иттилои нодурусте баён кард – шумо ҳамчун муаллиф ҳангоми таҳрир вазифадоред, ки иттилоъро тасҳеҳ кунед ё нуқтаи назари мутақобилро оред. Жанри “Мусоҳиба” ба мусоҳиби шумо ҳақ намедиҳад, ки аудиторияро ба сардаргумӣ кашонад.

Агар мусоҳиба мустақиман пахш намешавад, дар ин сурат масъули муҳтавои мусоҳиба дар навбати аввал бар дӯши рӯзноманигор ва идораи ВАО аст. Ин талабот дар қонунгузорӣ ва таҷрибаи додгоҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ дарҷ шудааст.

Аз ҳамин хотир мусоҳиба набояд дарбаргирандаи айбдорсозиҳои беасос нисбати афрод ва ё муассисаҳое бошад. Ҳамзамон набояд дар рафти мусоҳиба ба таҳқиру туҳмати гуруҳҳои қавмие, диние ва ё гуруҳҳои дигаре дар кишвари худ роҳ дод. Шумо набояд роҳбалади айбдорсозиҳои беасос, изҳори назарҳои таҳқиромез ва даъватҳои ғайриқонунӣ бошед. 

Баъди нашру пахши мусоҳиба онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам бознашр кунед ва тавассути почтаи электронӣ ба гуруҳи одамони хос ирсол намоед. Агар хонанда ё бинандаи шумо суоле доред, пас ҳамчун муаллиф бояд ба суоли аудитория посух диҳед.  

Адабиёти иловагӣ:

Репортажҳо бо ҳадафи тағйирот: Дастурамали IWPR барои рӯзноманигорони маҳаллӣ, ки дар минтақаҳои буҳронӣ фаъолият мекунанд (бо забони русӣ)

 

Агар шумо хатои имлоӣ пайдо карда бошед, лутфан бо интихоби матн ва пахшкунии Ctrl + Enter ба мо хабар диҳед.

Зеркаш кардан
Чоп кардан