Зеркаш кардан
Чоп кардан

Ҳақиқат | СҶТ ва ЮНИСЕФ пӯшидани ниқобҳои муҳофизатиро барои кӯдакон аз 12-солагӣ тавсия доданд

Чӣ санҷида шуд?

25-уми август ОИ «SugdNews» зери сарлавҳаи «СҶТ ва ЮНИСЕФ пӯшидани ниқобҳои муҳофизатиро барои кӯдакон аз 12-солагӣ тавсия доданд»  хабареро нашр намуд (бойгонӣ). Дар маводи мазкур омадааст, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва ЮНИСЕФ тавсия додаанд, ки кӯдакони 12-сола ва аз он калонтар дар ҳамбастагӣ бо пандемияи COVID-19 ниқоб пӯшанд.

Иқтибос:

«Тибқи маслиҳатҳои СҶТ ва ЮНИСЕФ, кӯдакони 12-сола ва калонтар бояд ниқобро дар ҳамон шароите, ки калонсолон доранд, бипӯшанд, алахусус агар онҳо дар масофаи на камтар аз як метр аз дигарон қарор дошта бошанд ва имкони паҳншавӣ дар ин минтақа вуҷуд дошта бошад»,- хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба СҶТ.

Барои кӯдакони 6-11-сола, аз ҳолати ҷойдошта вобастагӣ дорад…».

Ҳукмнома: Ҳақиқат

Далелсанҷӣ маълум кард, ки СҶТ дар саҳифаи расмиаш хабари мазкурро нашр намудааст (бойгонӣ). Дар он воқеан ҳам гуфта мешавад, ки пӯшидани ниқобҳои муҳофизатиро барои кӯдакони 12-сола ва калонтар тавсия медиҳанд (бойгонӣ).

Чӣ гуна санҷида шуд?

Ҳангоми ҷустуҷӯ тавассути Google муайян шуд, ки ин хабарро расонаҳои гуногуни ҷаҳон нашр намудааст. Аз ҷумла, сомонаи расмии BBC хабари мазкурро нашр намуда (бойгонӣ), аз сомонаи СҶТ истинод оварда (бойгонӣ), се маслиҳати синнусоли гурӯҳиро нашр кардааст, ки чунинанд:

– Кӯдакони 12-сола ва калонтар бояд ниқобро дар ҳамон шароите, ки калонсолон доранд, бипӯшанд, алахусус агар онҳо дар масофаи на камтар аз як метр аз дигарон қарор дошта бошанд ва имкони паҳншавӣ дар ин минтақа вуҷуд дошта бошад;

– Барои кӯдакони аз 6 то 11-сола, СҶТ тавсия медиҳад, ки то кадом андоза паҳншавии вирус имконият дорад ва кӯдак бо гурӯҳи одамони хавфашон баланд, монанди пиронсолон иртибот дорад. Дар он ҳамзамон зарурати назорати калонсолон таъкид карда мешавад, то кӯдакон тавонанд ниқобро бехатар пӯшанд ва гиранд;

– Кӯдакони то 5-сола ва аз он хурд набояд дар ҳолати муқаррарӣ ниқоб пӯшанд.

Хулоса

Далелсанҷии мо исбот намуд, ки хабари ОИ «SugdNews» зери сарлавҳаи «СҶТ ва ЮНИСЕФ пӯшидани ниқобҳои муҳофизатиро барои кӯдакон аз 12-солагӣ тавсия доданд» ба «Ҳақиқат» рост мегирад.

Factcheck.tj, Farzonai Umarali

Ин матлаб дар доираи лоиҳаи “Рушди ВАО-и нав ва журналистикаи рақамӣ” бо дастгирии техникии Намояндагии IWPR дар Осиёи Марказӣ таҳия шудааст. Мӯҳтавои мавод, дидгоҳҳо, ақидаҳо, ки дар видео баён шудаанд, ба муаллиф (ҳо) тааллуқ доранд ва мавқеи расмии IWPR ва донорро инъикос намекунанд

Агар шумо хатои имлоӣ пайдо карда бошед, лутфан бо интихоби матн ва пахшкунии Ctrl + Enter ба мо хабар диҳед.

Зеркаш кардан
Чоп кардан