Зеркаш кардан
Чоп кардан

Масоили диниро чӣ тавр бояд дуруст инъикос кард?

Кадом хабарҳоро динӣ ҳисобидан мумкин аст?

Ҳама гуна хабарҳоро. Ба тамоми хабарҳо, чӣ байналмилалӣ бошад ва чӣ маҳаллӣ, бо шумули ахбори сиёсӣ, варзишӣ, тиҷорат, маориф, ҷиноят, санъату саргармӣ, илм, тандурустӣ, мӯд ва саёҳат рӯзноманигор метавонад аз нуқтаи назари дин нигоҳ кунад.

Гузоришҳои тадқиқотӣ ва қиссаҳоеро, ки қаҳрамононашон намояндагони адён ва ё чеҳраҳои маъруф ва одамони оддӣ бо тамаркуз ба вижагиҳои диниашон мебошанд, инчунин маводи таҳлилиеро, ки дар он ба масоили динӣ ишора меравад, метавон ба маводи динӣ марбут сохт.

Таҳлилеро ҳам ки онҷо саволҳо дар бораи эътиқод ҳаст, метавон ба ин гуруҳ шомил кард.

Оё дар матолиб танҳо ба руҳониён ва маъхазҳое, ки андешаҳоро фақат дар асоси донишҳои динӣ ташаккул медиҳанд, истинод кардан дуруст аст?

Ба чунин манобеъ эътимод кардан ва танҳо чунин андешаҳоро паҳн кардан барои ВАО-и дунявӣ хатарнок аст. Беҳтар аст, бидуни зарурат ва шарҳу тавзеҳи дақиқ мафҳумҳову   иқтибосҳои илоҳиёт аз манобеи динӣ истифода нашаванд. Навиштаҳои динӣ метавонанд ба тарзи гуногун шарҳу тафсир шаванд.

Ҳангоми таҳияи матолиб дар мавзӯи динӣ, монанди омодагӣ ба навиштани мавзӯоти гуногун, риоя кардани тавозуни ақидаҳо хеле муҳим аст. Сарчашмаҳои гуногунро ҷустуҷӯ кунед, аз ҷумла онҳоеро, ки ба мушкилот муносибати муоссир доранд ва бо усулҳои куҳна ҳал кардани онро пешниҳод намекунанд.

Рӯзноманигор ҳангоми инъикоси масоили динӣ чиро бояд дар хотир дошта бошад?

Дар навбати аввал бояд фаромӯш накунад, ки ҳангоми таҳияи матолиби марбут ба дин риояи меъёрҳои байналмилалии журналистӣ зарур аст: ҳақиқатнигорӣ, воқеиятнигорӣ, адолат, ростқавлӣ ва принсипи ҳифзи манбаъ.

Бар илова бояд дар хотир дошт, ки:

  • ба нақши эътиқод ба зиндагии одамон бояд эҳтиром гузошт;
  • барои омӯхтани мавзӯи динӣ бояд омода буд;
  • дар ҳар матлаби динӣ метавонад беш аз ду ҷониб мавҷуд бошад;
  • набояд кадом як нуқтаи назари диниро таблиғ кард;
  • барои гузаронидани вақт бо қаҳрамонҳои худ новобаста аз он ки дар куҷо ва чӣ гуна зиндагӣ мекунанд, ҷамъ меоянд ва ибодат мекунанд, бояд омода буд;
  • барои дақиқ ва холисона тасвир кардани ҷузъиёти эътиқодоти гуногуни динӣ, ҳатто агар худи шумо бо он розӣ ҳам набошед, омода буд;
  • аксари масоили динӣ бо китобҳои муқаддас иртибот доранд;
  • барои тавсифи маросимҳои гуногун ва махсусиятҳои онҳо ба мухотабон бояд тавассути фарҳанг кор кард ва малакаҳои қавии навиштро доро буд.
Дар бораи ақаллиятҳои динӣ чӣ тавр бояд навишт?

Пеш аз оғози таҳияи мақола дар бораи ақаллиятҳои динӣ кӯшиш кунед, ки дар бораи ин гуруҳ ҳарчӣ бештар маълумот пайдо намоед ва ҳадди ақал як рӯзатонро бо намояндагони ин ҷамъият гузаронда, таҷрибаи онҳоро биомӯзед, мушоҳида кунед, ки онҳо чӣ тавр бо одамон дар иртибот ҳастанд. Риояи эътиқоди онҳо шарт нест, аммо ин таҷриба барои амиқтар фаҳмидани ин одамон кумак мерасонад.

Талош кунед, бифаҳмед, ки стереотипҳо дар бораи ҷамъияти мазкур аз куҷо ва барои чӣ пайдо шудаанд? Чӣ тавр омилҳои беруна дар кишвари шумо (қонунгузорӣ, озодии баён ва эътиқод, сатҳи тафаккури интиқодӣ миёни мухотабон) ба дарки ин ақаллияти динӣ таъсиргузор аст? Дар ин бора аз коршиносон ва донишмандон суол кунед.

Ақаллиятҳои диниро ба ҷомеа муқобил нагузоред: миёни одамони ин ҷамъият албатта онҳое ҳастанд, ки мутахассиси касби худ мебошанд ва барои рушди кишвар саҳм мегузоранд.

Ба ҳаводиси фаврӣ ё низоъ ва оқибатҳои он, ки бо иштироки ақаллияти динӣ рух додааст, тамаркуз накунед. Решаҳои мушкилро биҷӯед, ки аксаран ба мансубияти динии онҳо ҳеч рабте надорад.

Далелҳои худро дар қарина гузоред, дар матолиби таҳлилӣ ва тадқиқотҳои журналистӣ (агар лозим бошад) тавассути мусоҳиба бо коршиносон ҳалли имконпазири мушкилро нависед. Аммо то замоне ки мухотабони шумо омодаи дарки тамоми гуногунии динӣ нестанд, мунозираро дар ин бора роҳандозӣ накунед.

Феҳристи ташкилотҳои қонунӣ ва мамнӯъи диниро дар куҷо мешавад санҷид?

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тартиби қонунии сабти номи ташкилотҳои динӣ вуҷуд дорад. Маълумот дар бораи ҷамъият ва мақоми онро мешавад дар ин манобеъ дарёфт кард:

Тоҷикистон

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қирғизистон

Комиссияи давлатии дини Ҷумҳурии Қирғизистон

Узбекистон

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Узбекистон

Кумитаи дини Ҷумҳурии Узбекистон

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон

Қазоқистон

Кумитаи дини Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон

Кумитаи омори ҳуқуқӣ ва ҳисоботи махсуси Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қазоқистон

Дар матлаб зикри мақоми ҳуқуқии ташкилоти диние, ки дар борааш менависед, ҳатмӣ аст.

Оё рӯзноманигоре, ки масоили диниро инъикос мекунад, метавонад ба ягон дин ё мазҳаб мансуб бошад?

Бале. Конститутсияҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба тамоми шаҳрвандон ҳаққи озодонаи пайравӣ аз динро додааст. Дар ин замина, рӯзноманигор метавонад бидуни нақзи меъёрҳои ахлоқӣ аз дини худ пайравӣ кунад. Ва эҳтимолан донишҳои динии ӯ гузоришҳояшро беҳтар мекунанд.

Дар ин сурат чӣ бояд кард, то ҳангоми иҷрои вазифа меъёрҳои ахлоқӣ нақз нашаванд?

Барои ин ба рӯзноманигор зарур аст, чанд қоидаи одиро риоя намояд:

  • бевосита аз он масҷид, маъбад, ибодатгоҳ ё маконе, ки маъмулан ташриф меоред, хабар ва гузориш таҳия накунед;
  • эътиқод ва урфу одатҳои динии худро бештар аз динҳои дигаре, ки дар бораашон менависед, таблиғ накунед;
  • ҳамеша пайвандҳо ба аҳли ҷамъияти диниеро, ки шумо онҷо меравед, истифода накунед;
  • аз мушкилоти ҷамъияти динии худ хабар надиҳед ва дар хабарҳо онро таблиғ накунед;
  • дар бораи мушкилоти дунявие, ки ба эътиқоди динии шумо мухолифат дорад, нанависед.

Инчунин бояд аз ҳар гуна мавқеи роҳбарикунанда дар ҷамъияти диниатон даст кашед, чунки ин метавонад қобилияти рӯзноманигориро ҷиҳати инъикоси бетарафона ва холисонаи анъанаҳои динӣ зери хатар гузорад.

Чӣ гуна ба монанд кардани дин ва ифротгароӣ хотима диҳем?
  1. Дар редаксияи худ тасмим бигиред, одамонеро, ки даст ба чунин ҷиноятҳо задаанд, чӣ гуна ном бубаред. Тибқи меъёрҳои байналмилалии рӯзноманигорӣ мо то эълон шудани ҳукми додгоҳ, ки собит кунад, онҳо террор анҷом додаанд, наметавонем иштирокдорони ин ҷиноятҳоро “террорист” ном барем. Бо ҳамин сабаб рӯзноманигори ҳирфаӣ наметавонад дар матлаби худ онҳоро “ифротгароҳои мусалмон” ном барад. Зеро аслан чунин мафҳуме вуҷуд надорад. Ва ба ин шакл журналист динро бо ҷиноят омехта мекунад.
  2. Феҳристи истилоҳотеро тартиб бидиҳед, ки ҳангоми таҳияи матолиб дар мавзӯи дин истифода мешаванд.
  3. Агар ин нафарон бо ҳукми додгоҳ террорист эътироф шуда бошанд, дар матлаб бо овардани порае аз ҳукми додгоҳ бояд инро зикр кард.
  4. Ҳамеша ангезаи ғайридинии рӯйдодро фош кунед, аммо бетараф бошед. Журналист бояд ҳамеша далелҳои тасдиқшударо бидуни арзёбии онҳо пешниҳод кунад.
  5. Мифҳои гуруҳҳои мамнӯъро бо қарина ва тадқиқот рад кунед, масалан бо ишора ба он ки ба истилоҳ “бомбҳои ифлос” ё дастрасии террористон ба силоҳи ҳастаӣ бофтаи хаёлоти онҳо аст. Мисли “ҷиҳод”-е ки аз номи дин содир мекунанд. Ё миф дар бораи он ки гуруҳҳои тундгарои ифротӣ барои ҷиҳод дар Осиёи Марказӣ тамаркуз мекунанд. Тадқиқоти журналистӣ анҷом бидиҳед, мифҳоро рад кунед, ғалатҳои воқеиро нишон бидиҳед, таваҷҷуҳи мухотабонро ба ҷанбаҳои воқеии дин равона кунед.
Чӣ тавр бояд паҳнкунандаи забони хусумат нашавем?

Забони хусумат ва бадбинӣ мушкили бузурги расонаҳои муосир мебошад. ВАО-ро зиёд ба низоъҳои гуногун, ҷангҳои иттилоотӣ ҷалб мекунанд, ки баъзан журналистонро ба нақзи меъёрҳои ахлоқ таҳрик медиҳад. Дар натиҷа матолибе пайдо мешаванд, ки дар онҳо ба ҷойи таҳаммулпазирӣ ва қабул кардани гуногунӣ ихтилофот ва моҷаро миёни ҷамъиятҳои мухталиф нақши асосӣ дорад.

Ҳангоми таҳияи матолиб дар мавзӯи динӣ бояд аз истифодаи истилоҳоти нозарур худдорӣ кард.

Бонус: калимаҳое ки ҳангоми таҳияи матолиб дар мавзӯоти динӣ набояд истифода шаванд

Арабишавии кишвар, ҷиҳод, исломиҳо, давлати исломӣ, маргталабон, шаҳидон, бехудоён, мутаасиб – журналистон набояд аз ин таърифҳо истифода кунанд. Маънои аслии ин калимаҳо таҳриф шудаанд ва ҳоло тасаввуроти манфиро дар бораи дини Ислом ташаккул медиҳанд.

Феҳристи истилоҳоти тавсияшаванда, инчунин дастурамали мукаммал оид ба инъикоси масоили диниро инҷо пайдо мекунед.

Агар шумо хатои имлоӣ пайдо карда бошед, лутфан бо интихоби матн ва пахшкунии Ctrl + Enter ба мо хабар диҳед.

Зеркаш кардан
Чоп кардан