Дастурамал оид ба инъикоси масоили мазҳабӣ барои рӯзноманигорон

Дастурамали мазкур бо ҳадафи беҳтар кардани сифати матолиби рӯзноманигорӣ ҳангоми инъикоси масоили динӣ, дарки бештари усулҳои ҳуқуқи инсон, танзими ҳуқуқӣ ва муайян кардани марзи миёни озодии баён ва забони хусумат таҳия шудааст.

Дастурамал аз бобҳои зерин иборат аст:

  1. Ҳуқуқ ба озодии динӣ (муаллиф – Дмитрий Кабак). Боби аввал дар мавриди дарки амиқи ҳуқуқи ҳар шахс ба эътиқод суҳбат мекунад.
  2. Танзими ҳуқуқии масоили динӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон/Ҷумҳурии Қазоқистон/Ҷумҳурии Тоҷикистон (муаллифон – Олтиной Исоева, Гулмира Биржонова ва Шоира Давлатова). Ин боб барои дарки дин дар сатҳ ва ҳамкорӣ бо давлат ба дастурамал ворид гардидааст.
  3. Тавсияҳои амалӣ барои рӯзноманигорон (муаллиф – Инга Сикорская. Боби сеюм нақши муҳим дорад, зеро рӯзноманигорон манбаи мустақими паҳн кардани иттилоот ҳастанд.
  4. Тафсири мафҳумҳое, ки ҳангоми инъикоси мавзӯъҳои динӣ истифода мешаванд.

Дастурамал бо чор забон дастрас мебошад: русӣ, тоҷикӣ, қирғизӣ ва қазоқӣ.