Cabar School Мақолаҳо Тест: Дар бораи вижагиҳои сонсури интернет дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ медонед? 19.02.2021 Садо Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастем Instagram Facebook Telegram Барои навигариҳо ОБУНА шавед Media School Cabar.asia Зеркаш карданЧоп кардан Тест: Дар бораи вижагиҳои сонсури интернет дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ медонед? Тест: Дар бораи вижагиҳои сонсури интернет дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ медонед? Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбат ба корбарони интернет, ки дар барангехтани адовати иҷтимоӣ, миллӣ, қавмӣ, нажодӣ ё динӣ, таблиғи ҷанг, ифротгароӣ ё даъватҳо барои забти ҳокимият муттаҳам мешаванд, муҷозоти шадид пешбинӣ шудааст. Аммо ҳатто фаъолиятҳои нисбатан безарар ҳам метавонад сабаби таваҷҷуҳи мақомот ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ шавад. Ин тестро бигзаред ва муайян кунед, ки дар мавриди “дом”-ҳои ҳуқуқӣ барои корбарони интернетӣ то чӣ андоза маълумот доред. Чунин як ҳолатро тасаввур кунед: се минтақаи кишвари шумо дар пайи обхезӣ хисорот дидааст. Ҳазорҳо манзил хароб ва одамони зиёде бехонумон шудаанд. Президент ваъда дод, ки давлат ба одамони зарардида ҷубронпулӣ пардохт карда, инчунин хонаҳои нав месозад. Аммо бо гузашти ним сол ин ваъдаҳо иҷро нашуданд. Гузашта аз ин, онҳое ки мехоҳанд, аз ин ҳолат дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят кунанд, аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир ва чанд рӯз дар боздоштгоҳ нигоҳ дошта мешаванд. Акнун савол: шумо дар кадом кишвари Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекунед? Дар Қазоқистон як моддаи Кодекси ҷиноятӣ пурра ба ҳимояи шаъну шарафи президенти нахустин аз тааруз дар интернет бахшида шудааст. Ба фикри шумо корбаре, ки дар интернет унвонии Нурсултон Назарбоев паёмҳои таҳқиромез навиштааст, метавонад барои ин кор зиндонӣ шавад? Оё кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон метавонанд блогерро барои шарҳҳои дигарон зери навиштаҳои ӯ ба ҷавобгарӣ бикашанд? Дуруст аст, ки дар Узбекистон барои даъват ба гирдиҳамоӣ метавонанд одамро пушти панҷара бикашанд? Соли 2020 дар Қирғизистон табибоне, ки дар “минтақаи сурх” кор мекарданд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр карданд, ки дар он гуфта мешуд, маҷбур шуданд, бидуни василаҳои босифати муҳофизатӣ кор кунанд, онҳо инчунин аз шароити кор шикоят карданд. КДАМ ин табибонро пайдо карда, маҷбур сохт, ки дар назди дурбин ҳарфҳои худро инкор ва “барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ” узрхоҳӣ кунанд. Ба фикри шумо оё амалкарди кормандони амният қонунӣ буд? Узбекистон барои филтр кардани трафики интернет аз ширкати амрикоии Sandvine таҷҳизот харидорӣ кард. Ин таҷҳизот метавонад барои блок кардани сомона, паёмрасонҳо ва сонсур дар интернет истифода шавад. Оё ин дуруст аст ё на? Оё дуруст аст, ки дар Тоҷикистон шабакаҳои иҷтимоии “Одноклассники”, “ВКонтакте”, Facebook, Instagram, YouTube дар гузашта борҳо баста шуда, инчунин дастрасӣ ба ҷӯстори Google маҳдуд гардида буд? Дар Қазоқистон корбари интернет барои “лайк” муҷозот мешавад? Натиҷаи хуб аст…аммо барои ҷаҳони дигаре, ки озодии сухан дар интернет ибораи хушку холӣ нест. Бад нест, аммо агар шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол ҳастед, ин метавонад кофӣ набошад. Олист! Шумо хеле хуб медонед, ки кадом амалҳо дар Интернет метавонанд боиси таъқиб аз ҷониби мақомот шаванд. Агар шумо хатои имлоӣ пайдо карда бошед, лутфан бо интихоби матн ва пахшкунии Ctrl + Enter ба мо хабар диҳед. Садо Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастем Instagram Facebook Telegram Барои навигариҳо ОБУНА шавед Media School Cabar.asia Зеркаш карданЧоп кардан