Шеваҳои омӯзиши таъомулӣ (дусӯя)

Ин роҳнамо аз сӯи Намояндагии Муассисаи Гузоришгарии Ҷангу Сулҳ дар Осиёи Миёна бар асоси муҷаввизи Creative Commons BY-NC-SA аз забони англисӣ ба русӣ тарҷума шудааст (истифодаи комил ё қисматҳое аз он бо аҳдофи ғайритиҷорӣ ва бо зикри номи муаллиф ва муҷаввизи мушобеҳи СС ҷоиз аст).

Мактаби расонаии CABAR.asia ин роҳнаморо барои устодони риштаҳои рӯзноманигории донишгоҳҳо ва мураббиёни давраҳои омӯзишии расонаӣ тавсия мекунад. Ин роҳнамо ҳамчунин барои доираи васеъи хонандагон метавонад муфид бошад.

Ин шеваҳо барои берун овардани донишҷӯён аз ҳолати шунавандагии ғайрифаъол ва ҳавасманд кардани онҳо ба иштироки фаъолона ва муштоқона дар дарсҳо равона шудаанд ва заминасози аслии омӯзиши муассир маҳсуб мешаванд. Ин шеваҳо агарчи бештар “саргармкунанда” ба назар меоянд, вале барои омӯзишибеҳтари донишҷӯён нисбат ба суханрониҳо (лексия)-и устодон муфидтаранд.  Албатта ҳамаи шеваҳои зикршуда дар инҷо барои ҳамагон созгор нест. Омилҳои бисёре, монанди сабку шеваи тадрис ва вижагиҳои шахсии шумо, кумак мекунад, ки шеваи омӯзишии муносибу мувофиқ барои шумо интихоб шавад.

Нусхаи аслии ин роҳнамо ба қалами Кевид Йӣ (Kevin Yee) таъаллуқ дорад ва бахшҳое аз он аз осори чанд муаллифи дигар иқтибос шудааст:

  • Angelo, Thomas/K. Patricia Cross, Classroom Assessment Techniques. 2nd Edition. Jossey-Bass: San Francisco, 1993.
  • Morrison-Shetlar, Alison/Mary Marwitz, Teaching Creatively: Ideas in Action. Outernet: Eden Prairie, 2001.
  • McGlynn, Angela, Successful Beginnings for College Teaching. Atwood: Madison, 2001.
  • Silberman, Mel. Active Learning: 101 Strategies to Teach Any Subject. Allyn and Bacon: Boston, 1996.
  • VanGundy, Arthur. 101 Activities for Teaching Creativity and Problem Solving. Pfeiffer: San Francisco, 2005.
  • Watkins, Ryan. 75 e-Learning Activities: Making Online Learning Interactive. San Francisco: Pfeiffer, 2005.

_______________________________________________________________________

Ин роҳнамои омӯзишӣ махсусан барои Мактаби расонаии CABAR.asia дар чаҳорчӯби тарҳи “Тавсеъаи расонаҳои нав ва рӯзноманигории диҷитол дар Осиёи Миёна” ба забони русӣ тарҷума ва роҳандозӣ шудааст.

[su_document url="https://school.cabar.asia/wp-content/uploads/2020/10/interactive-learning_12-10.pdf" width="460" height="480"]