Асосҳои адвокатсия

Тавсифи курс:

Курси «Асосҳои адвокатсия (ваколат/ҳимоягарӣ)» барои таҳлилгарони ҷавон, намояндагони ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ омода шудааст. Дар ин курс дар бобати чигунагии имконияти таъсир расондани шаҳрвандон ба сиёсат, аз ҷумла ба равандҳои қабули қарорҳо дар сатҳи маҳаллӣ ва миллӣ сухан меравад. Шумо бо асосҳои адвокатсия ва марҳилаҳои маъракаи адвокатсия шинос шуда, мефаҳмед, ки чӣ гуна мушкилотро таҳлил кардан лозим аст ва барои кор бо “стейкҳолдерҳо” (тарафҳои манфиатдор) кадом усулҳоро истифода бурдан мумкин аст. Инчунин, шумо дар бораи усулҳои адвокатсия ва дуруст истифода бурдани онҳо барои пешбурди маъракаи ҳимоягарӣ маълумот хоҳед гирифт.

Мақсади курс: васеъ намудани дониши таҳлилгарон, намояндагони ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи адвокатура

Формати курс: Ин курс 5 модулро дар бар мегирад, ки аз лексияҳои видеоӣ, викторинаҳо ва адабиёт барои омӯзиши минбаъда иборат аст. Барои гузаштан ба модули оянда шумо бояд ҳадди аққал 80% - и санҷишҳоро супоред. Вобаста ба шумораи пурсишҳо 3-4 маротиба фурсат барои гузаштан аз санҷиш дода мешавад. Агар шумо ба ҳадди фурсатҳо расидед, дастрасии шумо ба система баста шуда, ба шумо лозим меояд то маводи курсро дубора омӯзед, ки барои он аз нав сабти ном кардан тақозо мешавад..

Агар хоҳед, шумо метавонед курсро чор маротиба ба такрор бигзаред. Пас аз хатми тамоми курс, додани шаҳодатномаи электронӣ ба назар гирифта шудааст.

Курс барои 2 ҳафтаи омӯзиш пешбинӣ гардидааст. Сарбории ҳафтаина аз 2 то 3 соат мебошад.

 
2 ҳафта
Барои оғози омӯзиш сабти ном кунед
Аллакай ҳисоби?
Пурсишномаро гузаред

Шумо чиро меомӯзед?

Адвокатсия чист?
Муносибатҳои адвокатсия ва давраи маъракаи ҳимоягарӣ
Таҳлил ва тадқиқот дар адвокатсия
«Тарафҳои манфиатдор» кистанд ва онҳо дар ваколат/ҳимоягарӣ чӣ нақш мебозанд?
Барои бомуваффақият гузаронидани маъракаи адвокатсия чиро донистан лозим аст?
Чӣ гуна бояд бо ҷонибҳои манфиатдор ҳамкорӣ, бо ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ кор кард?

Барнома

Instructors

Саволҳои зиёд такрормешуда