Чӣ тавр оид ба ҳуқуқҳои кӯдакон маводи журналистӣ навишт?

Шарҳи курс: Инъикоси масоили марбут ба кӯдакон ва кӯдакӣ  дар расонаҳои хабарӣ , ва махсусан дар шабакаҳои рақамӣ  метавонад дар баланд бардоштани огоҳӣ  дар бораи аҳамияти ҳуқуқи кӯдакон ва мусоидат дар фароҳам овардани муҳити амн барои кӯдакон тариқи ҳам онлайн ва ҳам офлайн нақши муҳим бозад.

Дар хотир бояд дошт, ки рӯзноманигорон ва фаъолияти рӯноманигорие, ки ба ҳаёт ва некуаҳволии кӯдакон таъсир мерасонанд, бояд ҳамеша осебпазирии вазъи кӯдаконро ба назар гиранд.  Журналистикаи муосирро зарур аст, то дигаргунӣ  созад, махсусан, дар ҳоле, ки низоъ, камбизоатӣ  ва муҳољират дар якљоягӣ  бо таъсири COVID-19 монеи асосӣ  дар роҳи татбиқи  ҳуқуқҳои кӯдакон боқӣ  мемонад. 

Курси мазкур ба қоидаҳо ва мушаххасоти инъикоси мавзуъҳои марбут ба кӯдакон ва кӯдакӣ  дар ВАО бахшида шудааст. Дар ин курс шумо асосҳои ҳуқуқии кӯдакро барои рӯзноманигорон меомӯзед, дар бораи љанбаҳои ахлоқӣ  ва қоидаҳои истифодаи забони ҳассос ҳангоми навиштани қиссаҳо дар бораи кӯдакон ва кӯдакӣ  суҳбат хоҳем кард.

Ҳадафи курс: баланд бардоштани иқтидори рӯзноманигорон, блогерҳо ва таъсиргузорон дар соҳаи инъикоси масоили марбут ба кӯдакон ва кӯдакӣ.

Ин курс кўмак хоҳад кард…

  • Омӯзиши Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак;
  • Медонед, ки рӯзноманигор барои дастгирии  ҳуқуқи кӯдакон чӣ  кор карда метавонад;
  • Мефаҳмед, ки чӣ  гуна рӯзноманигор метавонад ба кӯдакон тавассути кор бо ҳикояҳо дар бораи кӯдакон ва наврасон  тавоноӣ  диҳад;
  • Ҷанбаҳои ахлоқии гузориш оид ба масъалаҳои марбут ба кӯдаконро баррасӣ  мекунад;
  • Ҳангоми навиштан дар бораи кӯдакон ва кӯдакӣ  аз истифодаи забони нофаҳмо худдорӣ  кунед.

Формати курс

Курс аз 3 модул иборат буда, барои 1 ҳафтаи омӯзиш бо 3-4 соати умумӣ  вобаста ба мураккабии бахш пешбинӣ  шудааст.

Ҳар як модул то 15 дақиқа лексияи видеоӣ  дар формати матни аудиоӣ  ва тестҳои санљишӣ  барои ҳар як модул барои санљиши азхудкунии маводи назариявӣ  иборат аст (то 10 савол барои ҳар як фасли курс). 

Барои гузаштан ба модули навбатӣ , шумо бояд аз тести санљишии ҳар як модул на камтар аз 80% гузаред. Шумо 10 кӯшиш доред, ки аз санљиш гузаред. Дар сурати тамом шудани маҳдудияти кӯшишҳо, система баста мешавад ва шумо бояд дубора ба курс сабти ном кунед. Мо ба шумо маслиҳат медиҳем, ки маводи курси пешниҳодшударо дар сурати кӯшиши аввалини супоридани супоришҳои тестӣ , дубора хонед.

Агар шумо хоҳед метавонед курсро 4 маротиба такрор кунед.

Аудитория

Курс барои шунавандагони васеъ, ки ба таблиғи муҳтавои ҳуқуқи кӯдакон дар ВАО таваҷҷуҳ доранд, пешбинӣ  шудааст. Барои рӯзноманигорону блогнависони таҷрибаомӯз ва навкор, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултетҳои журналистикаи донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ  тавсия дода мешавад.

Талабот 

Дониши ҳадди ақали технологияҳои компютерии иттилоотӣ  (дар сатҳи корбарии компютер ва шабакаҳои иҷтимоӣ.


Маълумоти истинод 

Курси мазкур дар доираи лоиҳаи IWPR дар Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани иқтидори рӯзноманигорон ва таҳиякунандагони мундариҷа барои эҷоди маводи марбут ба кӯдакон  ва кӯдакӣ , инчунин баланд бардоштани сатҳи огоҳии истеъмолкунандагони ВАО дар бораи ҳуқуқи кӯдакон таҳия шудааст.  Лоиҳа бо кӯмаки молии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон амалӣ  мешавад.

  (1)
1 Ҳафта
Барои оғози омӯзиш сабти ном кунед
Аллакай ҳисоби?
Пурсишномаро гузаред

Шумо чиро меомӯзед?

Асосҳои Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак барои рӯзноманигорон.
Рӯзноманигор чӣ гуна метавонад ҳуқуқи кӯдаконро муҳофизат ва хубтар созад?
Нақши рӯзноманигорон ва журналистика дар дастгирии амалия ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон.
Хусусиятҳои хабарҳои журналистӣ дар бораи кӯдакон ва наврасон.
Ҷанбаҳои ахлоқии гузориш оид ба ҳуқуқи кӯдакон.
Хусусиятҳои забони ҳассос ҳангоми инъикоси мавзӯи кӯдакон ва кӯдакӣ

Барнома

  • Модули 1. Асосҳои ҳуқуқи кӯдакон барои рӯзноманигорон

    Дар модули аввал мо муҳтавои Конвенсияи Созмони миллали муттаҳид дар бораи ҳуқуқи кӯдакро дида мебароем ва баъзе чизҳоеро, ки рӯзноманигорон ва мутахассисони ВАО аз Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак омӯхта метавонанд, қайд мекунем. Мо дар бораи он, ки Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак чӣ мегӯяд, суҳбат хоҳем кард, он ба мо чӣ дахл дорад ва мо барои дастгирии ҳуқуқи кӯдакон чӣ кор карда метавонем? Муаллиф: Майк Ҷемпсон, директори фахрии TheMediaWiseTrust, рӯзноманигор, мушовири расонаӣ, муррабӣ.

  • Модули 2. Ҷанбаҳои ахлоқии инъикоси ҳуқуқи кӯдакон

    Дар модули дуюм мо дар бораи чӣ гуна навиштани маводи журналистӣ аз нуқтаи назари одоб суҳбат хоҳем кард. Ҳангоми инъикоси ҳуқуқи кӯдакон кадом қоидаву меъёрҳоро риоя кардан лозим. Мо инчунин дар бораи он хоҳем гуфт, ки чӣ тавр мо метавонем ҳуқуқи кӯдаконро ҳангоми кор бо ҳикояҳо дар бораи кӯдакон ва наврасон таҳким бахшем. Муаллиф: Майк Ҷемпсон, директории фахрии TheMediaWiseTrust, рӯзноманигор, мушовири расонаӣ, муррабӣ.

  • Модули 3. Чӣ тавр забони ҳассосро ҳангоми инъикоси мавзуъҳои кӯдакон ва кӯдакӣ истифода кард?

    Дар модули сеюм мо махсусиятҳои калимаҳо ва забонро, ки мо ҳангоми навиштани мавод дар бораи кӯдакон ва кӯдакӣ истифода мебарем, дида мебароем. Дар бораи ҳассосияти забон ва бархӯрди ҳуқуқи башар дар таҳияи маводи журналистӣ суҳбат хоҳем кард. Муаллиф: Елена Воронина, муррабии расонаӣ , омӯзгори соҳаи алоқа.

Instructors

Feedback on “Чӣ тавр оид ба ҳуқуқҳои кӯдакон маводи журналистӣ навишт?”

Idibek 24.05.2023
 
Курс журналистонро бо меъёрҳое шинос мекунад, ки ҳангоми таҳия мавод дар бораи наврасон лозим аст. Сипос.

Саволҳои зиёд такрормешуда