Сафарбаркунии ҷомеаҳо: Чӣ тавр шаҳрвандонро ба раванди қабули қарорҳо ҷалб кардан мумкин аст?

Курси “Сафарбаркунии ҷомеаҳо: Чӣ тавр шаҳрвандонро ба раванди қабули қарорҳо ҷалб кардан мумкин аст?” барои фаъолони маданӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳо нигаронида шудааст.

Курс ба баррасии яке аз самараноктарин василаҳои тағйир додани муҳити иҷтимоӣ бахшида шудааст, ки барои ҳалли мушкилоти ҷамъиятӣ ҳам дар сатҳи маҳаллӣ ва ҳам миллӣ мусоидат мекунад. Сафарбаркунии ҷомеаҳо василаест барои баланд бардоштани иштироки шаҳрвандон дар раванди қабули қарорҳо дар сатҳи маҳаллӣ ва миллӣ, яъне дар асл ҳамчун абзори рушди худидоракунии маҳаллӣ хидмат мекунад.

Ҳадафи курси Сафарбаркунии ҷомеаҳо: Чӣ тавр шаҳрвандонро ба раванди қабули қарорҳо ҷалб кардан мумкин аст? интиқоли дониш ва малакаҳо дар мавриди сафарбаркунии ҷомеаҳо мебошад, аз ҷумла:

✔ Мафҳуми “сафарбаркунии ҷомеаҳо” (СҶ)

✔ Руйкардҳои мавҷуд дар СҶ

✔ Арзишҳо ва принсипҳои СҶ

✔ Давраҳо ва марҳилаҳои СҶ

✔ Усулҳои кор дар раванди СҶ

✔ Дониш ва малакаҳои зарурӣ барои СҶ

Натиҷаи курс: Пас аз хатми курс донишомӯзон мефаҳманд, ки сафарбаркунӣ ва ҷалби ҷомеа чист, кай, чӣ гуна ва бо кадом мақсад онро бояд истифода кард? Онҳо ҳамчунин бо абзорҳои сафарбаркунӣ ва ҷалби ҷомеа (минбаъд СҶ) шинос мешаванд. Донишомӯзон малакаҳое пайдо мекунанд, ки ба онҳо имкон медиҳанд таваҷҷуҳи ҷомеаро ба мушкилоти муайян ҷалб намуда, барои ҳалли онҳо сафарбар шаванд.

Формати курс

Курс аз 5 модул иборат буда, барои 2 ҳафтаи омӯзиш пешбинӣ шудааст. Сарбории якҳафтаинаи донишандӯзон вобаста ба мураккабии бахш ва ҳаҷми корҳои мустақилона 2-3 соатро ташкил медиҳад.Модулҳо аз видеодарсҳо бо давомнокии то 13 дақиқа, конспекти матнии дарсҳо, супоришҳои амалӣ (хонагӣ) ва тести ниҳоӣ иборат мебошанд.
Супоришҳои амалӣ дар ин модул ихтиёрӣ мебошанд, вале ниҳоят арзишманданд. Онҳо ба шумо кумак мекунанд, то малакаҳои худро дар самти сафарбарсозии ҷомеаҳо таҳким бахшед, шаҳрвандонро беҳтар ба раванди қабули қарорҳо ҷалб намоед ва дониши бадастомадаро бо итминон дар амал татбиқ кунед. Дар аввали курс ва пас аз анҷоми он гузаронидани пре-тест ва пост-тест пешбинӣ шудааст, то сатҳи фаҳмиши шумо дар бораи раванди МС (мобилизатсияи ҷомеаҳо) то ва баъди курс чен карда шавад.


Курс дар доираи лоиҳаи «Ҷомеаи шаҳрвандӣ барои Қазоқистон (CS4K) таҳия шудааст, ки онро Институти Гузоришҳои Ҷанг ва Сулҳ (IWPR) дар ҳамкорӣ бо Бунёди «Институти Иқдомҳои Миллӣ ва Байналмилалии Рушд (ИНМИР) бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо амалӣ менамояд.
Ҳадафи лоиҳа пешбурди озодиҳои асосӣ ва ҳуқуқҳои инсон дар Қазоқистон тавассути талошҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Яке аз ҷузъҳои муҳими лоиҳа — ин таҳкими иқтидор ва баланд бардоштани савияи донишу малакаи ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аст.

Ин нашрия бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо омода шудааст. Мазмуни он пурра зери масъулияти IWPR мебошад ва на ҳамеша нуқтаи назари Иттиҳоди Аврупо-ро инъикос мекунад.

 
2 недели
Барои оғози омӯзиш сабти ном кунед
Аллакай ҳисоби?

Шумо чиро меомӯзед?

Мафҳуми “сафарбаркунии ҷомеаҳо” (СҶ)
Руйкардҳои мавҷуд дар СҶ
Арзишҳо ва принсипҳои СҶ
Давраҳо ва марҳилаҳои СҶ
Усулҳои кор дар раванди СҶ
Дониш ва малакаҳои зарурӣ барои СҶ

Барнома

Instructors

Саволҳои зиёд такрормешуда