Тавсифи курс
Дар ҷараёни курси мазкур бо асосҳои адвокатсия (ваколат/ҳимоягарӣ)-и ҳуқуқи инсон дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ бо вижагиҳои ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ шинос хоҳед шуд. Шеваҳои барномарезии маъракаи ҳимоягарии марбут ба ҳуқуқи инсон -- меъмории тасмимгириҳои сатҳи давлатӣ ва маҳаллӣ, пайгирии пешниҳодоти ҳимоягарӣ, тағйирот дар ҷараёни маъракаи ҳимоягариро меомӯзед. Шумо наҳваи эҷод ва ҳифзи иртибототи беҳтар бо тасмимгирандаҳо ва дастгирии иттилоотӣ барои маъракаи ҳимоягариро ёд мегиред.
Мақсади курс
«Вижагиҳои адвокатсияи ҳуқуқи инсон: сатҳи пешрафта» ба донишомӯзон дарки амиқтаре аз адвокатсия ва тамринҳои бештар барои омӯзиши абзорҳо, усулҳо ва равишҳои гузаронидани маъракаи ҳимоягарии ҳуқуқи инсонро пешниҳод мекунад.
Мухотабони курс
Курс барои ҳомиёни ҳуқуқи инсон, ки таҷриба ё дониши асосҳои адвокатсияро доранд, пешбинӣ шудааст. Барои онҳое ки таҷрибаи адвокатсионӣ надоранд, тавсия медиҳем ки нахуст курси «Асосҳои адвокатсия»-ро омӯзанд.
Ҳамчунин курси мазкур метавонад барои рӯзноманигорон, ҳуқуқшиносоне, ки бо созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ кор мекунанд, кормандони созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, кормандони мақомоти давлатӣ, бахусус онҳое ки бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ё механизмҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи башар кор мекунанд, муфид бошад.
Натиҷаи курс
Баъди анҷоми курс, шумо дар бораи ҳадафҳо, мундариҷа ва эҷоди маъракаи ҳимоягарӣ дар самти ҳуқуқи инсон маълумоти бештаре ба даст меоваред, бо намунаҳои муваффақи маъракаҳои ҳимоягарӣ шинос шуда, шеваҳои дурусти муошират бо шахсони тасмимгиранда ва муайян кардани таъсири маъракаи ҳимоягарии худро меомӯзед, дар бораи ҷанбаҳое, ки барои бехатар гузаронидани маъракаи ҳимоятгарӣ лозиманд, маълумот мегиред.
Формати курс
Курс аз 5 модул иборат буда, барои 2-3 ҳафтаи омӯзиш пешбинӣ шудааст. Сарбории ҳафтаина вобаста ба мураккаб будани бахш ва ҳаҷми корҳои мустақилона аз 2 то 3 соат мебошад. Модулҳо аз лексияҳои видеои то 13 дақиқаӣ, лексияҳои матнӣ, кори мустақилона ва санҷишномаи ниҳойӣ иборатанд. Курс роҳҳалҳои омодаеро барои тамоми масоил ва мушкилоти марбут ба ҳимоягарии ҳуқуқи инсон пешниҳод намекунад. Мазмуни он ба таҷрибаи амалии муаллиф асос ёфтааст.
Курс роҳҳалҳои омодаеро барои тамоми масоил ва мушкилоти марбут ба ҳимоягарии ҳуқуқи инсон пешниҳод намекунад. Мазмуни он ба таҷрибаи амалии муаллиф асос ёфтааст.
Курс дар доираи лоиҳаи «Ҷомеаи шаҳрвандӣ барои Қазоқистон (CS4K) таҳия шудааст, ки аз ҷониби Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар якҷоягӣ бо Бунёди ҷамъиятии «Институти ташаббусҳои тавсеаи миллӣ ва байналмилалӣ» ва дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо амалӣ мешавад. Ҳадафи лоиҳа мусоидат ба озодиҳо ва ҳуқуқҳои бунёдӣ дар Қазоқистон тавассути талошҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Яке аз ҷузъҳои муҳими лоиҳа баланд бардоштани иқтидор ва омӯзиши созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аст.
Ин матлаб аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад. Ба мазмун ва муҳтавои он танҳо IWPR ҷавобгӯ буда, метавонад баёнгари дидгоҳи Иттиҳоди Аврупоро набошад.