-
Санҷиши пешакӣ
-
Модули 1
Ин модул фаҳмиши аҳамияти адвокатсияи байналмилалиро барои расидан ба ҳадафҳои ҳимоягарӣ ба вуҷуд меоварад. Дар ин модул перомуни имкониятҳои мавҷудаи байналмиллалӣ барои ҳимоягарии марбут ба ҳуқуқи инсон дар минтақаи Осиёи Марказӣ маълумот хоҳед гирифт (дар бораи муассисаҳои СММ, Иттиҳоди Аврупо, САҲА).
-
Модули 2
Дар модули дуюм тарзи интихоби ҳадафҳои заруриро ҳангоми таҳияи стратегияи ҳимоягарӣ дар сатҳи миллӣ меомӯзед; мефаҳмед ки зерсохтҳои қабули қарор ё тасмимгирӣ дар кишвари шумо чӣ гуна кор мекунад.
-
Модули 3
Дар ин модул меомӯзед, ки чӣ гуна муваффақияти маъракаи ҳимоягарии худро дар раванди роҳандозӣ ва анҷоми он арзёбӣ кунед.
-
Модули 4
Дар ин модул дар бораи малакаҳои мутақоидсозӣ ва истидлол дар маъракаҳои ҳимоягарӣ суҳбат хоҳем кард. Мефаҳмем ки кадом истидлол ё далелҳои ҳимоягарии ҳуқуқи инсон тасмимгирандаҳоро мутақоид месозанд ва кадоме не. Ёд мегиред ки чӣ гуна сухан ё паёми худро ба шахсони тасмимгиранда беҳтар бирасонед ва инчунин кадом имкониятҳои ҳимоягарӣ дар кишварҳои шумо вуҷуд доранд (масалан, иштирок дар гуруҳҳои корӣ, суханронӣ дар конфронсҳо).
-
Модули 5
Дар ин модул шумо мефаҳмед, ки дастгирии иттилоотӣ барои маъракаи ҳимоягарии марбут ба ҳуқуқи инсон чӣ гуна метавонад бошад, чаро он зарур аст ва чӣ гуна онро барномарезӣ кардан мумкин аст.
-
Санҷишномаи ниҳоӣ
Ҷавоб диҳед
You must be logged in to post a comment.