Download
Print

Диана Дутсик: рӯзноманигории таҳлилӣ чист ва чи гуна метавон, рӯзноманигори таҳлилгар шуд?

Шохаи таҳлилӣ дар рӯзноманигорӣ – ин маҷмуаи комилест, ки жанрҳое амсоли мақолаи таҳлилӣ, гузориши таҳлилӣ ва ҳатто мусоҳибаи дорои элементҳои таҳлилиро дар бар мегирад. Мо дар бораи бархурди маҷмуӣ ва печидаи кор бо иттилоъ суҳбат мекунем. Бояд ҳаҷми зиёди иттилоъро коркарду таҳлил кард ва онро ба хонандаву бинанда дар шакли содаву қобили дарк расонид.  

Вазифаҳои маводи таҳлилӣ

Се вазифаи калидӣ мавҷуд аст: нахуст – шарҳу баёни муҳтавои рӯйдоде, ҳодисае, масъалае, падидае. Дувум – таҳлили тамоюлҳо ва баҳогузории аҳамияти онҳо. Севум – танқиди роҳҳои номуассири рушд: кишвар, ширкатҳо. Рӯзноманигор масъалаеро таҳлил мекунад ва нишон медиҳад, ки кадоме аз равандҳо ҳаракати нодуруст доранд. Аз сӯи дигар маводи таҳлилӣ бояд ҳамеша роҳҳои ҳал, хулоса ва ҳатто машваратҳое барои ҳалли масъала ва ё ояндабиние пешниҳод кунад. Ин натиҷаи фаъолияти таҳлилии рӯзноманигор аст.   

Рӯзноманигории таҳлилӣ бо такя ба далелҳо ва назарҳои босалоҳияту огоҳона масоили муҳими иҷтимоиро ба баррасӣ мегирад. Тавассути пешниҳоди коршиносон ва мутахассисон рӯзноманигории таҳлилӣ роҳҳои ҳалро низ ироа мекунад.  

Ин нукта ҳам муҳим аст, ки дар оғоз ба худ бояд суол дод: мавзуи мавриди баррасӣ чи гуна ба ҷомеа таъсир мерасонад, оё ин барои ҷомеа аҳамият дорад? Суоли дувум – мавзуе, ки рӯзноманигор интихоб кардааст, то чи аҳамият дорад? Оё мавзуъ тамоюлҳои умумиро муайян мекунад? Ҳамзамон оё мавзуи интихобшуда таваҷҷуҳи ҷомеаро ба бор меорад? Оё ин мавзуъ ба ҳаёти рӯзмарраи кишвар, шаҳр таъсир мерасонад? Ин ҳама аз он вобаста аст, ки рӯзноманигор дар бораи чӣ менависад. 

Агар мо аз печидагӣ ё мураккабии маҷмуии мавзуъ суҳбат мекунем, пас сарчашмаҳо бояд ҳамеша фаровон бошанд. На яку ду ва ё се сарчашма. Ин дар навбати аввал. Дар навбати дувум – таҳлил ва коркарди иттилоъ аст. Иттилои нолозим бояд полоиш ва иттилои зарурӣ тақсимбандӣ шавад. 

Чунин қоидае мавҷуд аст:

Мо ҳамаи иттилои ҷамъовардаамонро дар мавод истифода намекунем. Аммо ҷамъ овардани иттилои зиёд барои он зарур аст, ки рӯзноманигор падида ё мавзуи мавриди баррасиро амиқтар омӯзад. Ҳаҷми зиёди иттилоъ имкон медиҳад, ки хулоса ва оянданигариҳои дуруст пешниҳод шавад.

Ҳамчунин посух додан ба ин суол ҳам муҳим аст: оянда чи мешавад? Ин ва ё он масъаларо чи гуна бояд ҳал кард, ки маводи мо бо хулосаҳои манфӣ ба поён нарасад? Танқид мекунӣ – пешниҳод ҳам бикун! 

Қоидаҳои таҳлили хуб

  • Интихоби мавзуи доғ
  • Огоҳии комил пайдо кардан аз мавзуъ
  • Парҳез кардан аз эҳсосот
  • Ҷамъоварии миқдори зиёди сарчашма ва назарҳо
  • Иттилоъ ва назарҳои нолозимро канор гузоштан
  • Пешбинӣ кардан
  • Пешниҳоди роҳҳои ҳалли мушкилӣ

Кадом сифатҳо барои рӯзноманигори таҳлилгар муҳим ҳастанд?

Чунин рӯзноманигор бояд дониши хуб дошта бошад. Вай бояд маълумоти асосиро дар бораи сиёсат, иқтисод, соҳаи иҷтимоӣ ва ғайра доро бошад. Зеро инсоне, ки намедонад сохтори давлат аз чӣ иборат аст, ниҳодҳои давлатӣ чи гуна фаъолият мекунанд – таҳлил ҳам карда наметавонад, ки сарнавишти буҷаи давлат чи мешавад, буҷа чи гуна тақсим мешавад ва оё дуруст тақсим мешавад ё на. Аз ҳамин хотир, дар маҷмуъ, касе ки мехоҳад, ба таҳлил машғул шавад, бояд ба талаботи зиёде посухгӯ бошад. Яъне, бояд аз ҳар ҷиҳат рушд кард ва аз тамоюлҳои асосии ҷомеа огоҳӣ дошт. 

Вақте рӯзноманигор ба инъикоси як мавзуъ ба таври пайваста машғул аст, сарчашмаҳои зиёде пайдо мекунад. Ин барои ҷамъоварии минбаъдаи иттилоъ хеле муҳим аст. Ҳамзамон, рӯзноманигоре, ки пайваста як соҳаи мушаххасро пайгирӣ мекунад, аз тамоюлҳо огоҳ мешавад. Вай метавонад, муқоиса кунад, ки соли пеш вазъ чи гуна буд, ду соли пеш чӣ. Барои вай ҳеч зарурате боқӣ намемонад, ки ҳаҷми зиёди иттилоъро тагу рӯ кунад. Чунин рӯзноманигор ҳамаи онро дар ёд дорад, зеро вай шахсан солҳои тӯлонӣ шоҳиди равандҳои соҳаи баррасишаванда буд. Дар самти таҳлилӣ рӯзноманигори соҳавӣ будан хеле муҳим аст. Фикр мекунам, тамаркуз кардан болои соҳаи махсусе барои ҳамаи рӯзноманигорон муҳим аст. 

Чи гуна бояд бетараф боқӣ монд? 

Бетараф боқӣ мондан душвор аст. Зеро рӯзноманигор ҳам дар ҷомеа зиндагӣ мекунад, шоҳиди ноадолатӣ мешавад ва ба ҳамин хотир барояш мушкил аст, ки бетараф боқӣ монад. Аммо набояд аз хотир баровард: барои ҳалли масъалаву мушкилӣ бояд фикри рушан ва тарзи тафаккури мантиқӣ дошт. Ин нукта ҳамеша муассир аст, зеро рақибон, барои мисол, намояндагони мақомот ё ширкатҳое, ки қонуншиканӣ мекунанд – бо эҳсос сару кор надоранд, аз шумо далелу арқом талаб мекунанд. Танҳо замоне ки шумо бетараф ҳастед, метавонед, далелу бурҳон пешниҳод кунед. Рӯзноманигори таҳлилгар набояд ба эҳсос ва баҳогузории шахсӣ, балки ба далелу арқом такя кунад.

Агар мо хоҳони прогресс, рушду пешрафт ҳастем – дар ин сурат касе бояд пайдо шавад, ки ҳақиқатро баён кунад. Агар на мо, пас кӣ метавонад, ин корро анҷом диҳад? Барои тағйир ёфтани ҷомеа ба самти мусбат бисёр муҳим аст, ки касе бояд воқеиятро баён кунад. Ин вазифаи рӯзноманигорон аст. Ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилот ва масоили ҷиддии рӯзмарра ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли онҳо – қарзи рӯзноманигор аст.

Вақте инсонҳо ба иттилоъ дастрасӣ надоранд, наметавонанд, тасмимгириҳои муҳиму дурусте анҷом диҳанд. Агар онҳо огоҳӣ надоранд, ки дар кишвар кадом равандаҳои муҳими давлатӣ сурат мегиранд, барои мисол, аз шуруъи маъракаи интихоботӣ ғофил ҳастанд, дар ин сурат чи гуна метавонанд, раъй диҳанд? Оё ин муҳим нест? Бале, муҳим аст! 

Мо бояд ҳамзамон дар бораи он фикр кунем, ки метавонем, аудиторияи худро шакл диҳем. Мо аудиторияро бо муҳтаво ё контенти худ шакл медиҳем. Рӯзноманигорон набояд дунболи ҷомеа раванд, балки як қадам дар пеш бошанд ва ба ин тартиб, раванди рушдро таъмин кунанд. Намояндагони расонаҳо бояд ба мушкилоти ҷиддӣ ва густардаи ҷомеа таваҷҷуҳ кунанд. 

Чи гуна маҳорати таҳлил карданро ёд гирифт?

  • Пайваста дониши худро афзоиш диҳед
  • Пойгоҳи сарчашмаҳо ва коршиносонро ташкил кунед
  • Тақдири минбаъдаи мавзуҳои худро пайгирӣ кунед
  • Ба эҳсосот дода нашавед
  • Танҳо бо далелҳо кор кунед
  • Пойгоҳи далелҳо – беҳтарин истидлол аст
  • Хабарсоз бошед
  • Аудиторияро ба фикр кардан водор намоед

Рӯзноманигории таҳлилӣ – сабки олии рӯзноманигорӣ аст. Меъёрҳои он дар саросари дунё якранг ҳастанд. Аввалан, ин сифати хиради рӯзноманигорӣ аст, тавоноии пайванд додани рӯйдодҳо бо мушкилоти мавҷуда, бо таърих аст. Дар навбати дувум, маҳорати суханварӣ аст. Афкору ақидаи мураккаб бояд ба таври сода баён шавад. Рӯзноманигор барои коршиносон наменависад. Чорчубаҳои аудиторияи вай маҳдуд нестанд ва ҳар касе, ки саводи хонданро дорад, бояд навиштаи рӯзноманигорро дарк карда тавонад. Дар навбати севум, шуҷоати шахсии рӯзноманигор муҳим аст, вай набояд аз хилофи дидгоҳи роҳбараш амал кардан тарс дошта бошад, набояд сиёҳро сафед ва баръакс сафедро сиёҳ ба қалам диҳад. Вай ҳаққи дурӯғ гуфтанро надорад. Дар навбати чаҳорум, мавҷудияти фазои солим ҳам муҳим аст, ки рӯзноманигор ба иттилоъ дастрасии озод дошта бошад.  

Падидаҳои рӯзмарраи ҷомеа, рӯйдодҳо, равандҳо, ҳаводис, масъалаҳои назарии марбут ба онҳо ва масъалаҳои таҷрибии ҷомеа метавонанд, мавзуи таҳлили рӯзноманигорӣ бошанд. Барои дарки мавзуъ рӯзноманигор бояд сабабҳо ва шароити густариши ҳаводисро омӯзад, ангезаҳо ва ҳадафҳои пӯшидаи ин ва ё он вазъиятро ошкор кунад, роҳҳои густариши минбаъдаи вазъро баҳогузорӣ намояд, назарҳо ва идеяҳоро асоснок намояд. Ногуфта пайдост, ки чунин мавод ҳаҷми калон хоҳад дошт: имкон надорад, ки дар ду сархат моҳияти мавзуъро баён кард. Зеро, агар дар рӯзноманигории иттилоотӣ далелу рақам муҳим бошад, пас дар рӯзноманигории таҳлилӣ – назарҳо ва фикрҳои дар пайи далелҳо ба миён омада ва эҳсосоти муаллиф, ки дар натиҷаи фикрҳои баёншуда сар задааст, муҳим ҳастанд.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Download
Print