Зеркаш кардан
Чоп кардан

13 қоидаи бехатарӣ барои рӯзноманигорони тадқиқотгар

Тадқиқот имрӯз яке аз аз жанрҳои серталаби журналистӣ ба ҳисоб меравад. Он усули аз ҳама муассир ва ҳамзамон нисбатан хавфноки пешниҳоди иттилоъ аз нуқтаи назари амнияти шахсии журналист мебошад. 

CABAR.asia ҳамроҳ бо сардабири Factchek.kg  Болот Темиров қоидаҳоеро тартиб доданд, ки ба рӯзноманигорони тадқиқгар имкон медиҳанд, худу наздикон ва ҳангоми таҳияи матолиб маълумоташонро ҳифз кунанд. 

Маълумотро ҳифз мекунем

1

Муҳимтарин параметри амниятӣ ҳангоми таҳия кардани тадқиқот – ҳифз кардани маълумот ё иттилоъ мебошад. Бинобар ин дар тамоми абзорҳои худ – телефон, компютер, планшет – тамоми дастгоҳҳое, ки дар раванди кор истифода мешаванд, гузарвожаҳои мураккаб мегузорем. 

Гузарвожаи мураккаб яъне чӣ? Гузарвожае ки дар он ҳуруфҳои хурду калон, рақам ва аломатҳои гуногун истифода мешаванд. 

Ҳеч гоҳ ба сифати гузарвожа таркибе аз рақамҳо, ҳарфҳо ва ё ину онро дар якҷоягӣ, ки шахсан ба шумо рабте доранд, истифода накунед. Санаи таваллуд бадтарин шеваи ҳифзи маълумотҳоятон ба ҳисоб меравад. 

2

Дастрасӣ ба маълумотҳое, ки дар Google-диск ва ё кадом як сервер маҳфуз аст, бояд танҳо тавассути гузарвожа ва ҳифзи дукарата имконпазир бошад.  

Ҳифзи дукарата — усули шиносоии корбарон дар кадом як сервер бо ёрии дархости маълумоти идентификатсионии дунавъа мебошад, ки аккаунтро аз вуруди бегона бештар ҳифз мекунад. Дар таҷриба маъмулан чунин аст: марзи аввал ин логин ва гузарвожа мебошад, марзи дуввум — рамзи махсус, ки тавассути SMS ва ё почтаи электронӣ мерасад. 

Аммо ҳамзамон рамзи SMS роҳи беҳтари ҳифзи аккаунти шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва почта нест, аз ин рӯ тавсия дода мешавад, ки ҳифзи дукарата ба Google Authenticator пайванд шавад.

3

Гузарвожаҳои ҳатто аз ҳама мураккабро ҳам беҳтар аст, ки дар хотираатон ҳифз кунед. Аммо ин метавонад душвор бошад. Роҳи ҳал мавҷуд аст: мешавад ки гузарвожаҳои худро ба яке аз серверҳо, монанди LastPass ва ё 1Password бовар кунед ва танҳо як гузарвожаи калидиро дар хотир бигиред.

4

Абзорҳои худро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бидуни гузарвожа беназорат нагузоред. 

Агар дар ҷойи серодаме гузарвожаро дар телефон ворид карданӣ шавед, ин коро тавре анҷом диҳед, то одамоне, ки шуморо назорат мекунанд (тавассути дурбин ва монанди ин) онро мушоҳида ва баъдан такрор карда натавонанд. 

5

Барои муошират беҳтар аст, аз серверҳои почтавие истифода кунед, ки ба домени сайти шумо пайванд шудаанд. Агар набошад, истифодаи Gmail ва ё Protonmail тавсия дода мешавад. 

Ва ин ҷо ҳам қоидаи гузарвожаҳои мураккаб ва ҳифзи дукарата амал мекунад.

6

Барои муошират бо сарчашмаҳои иттилоот ва ё аъзои гуруҳи тадқиқотӣ беҳтар аст аз паёмрасонҳое истифода намоед, ки ҳангоми таҳвил маълумотҳоро рамзгузорӣ мекунанд. Дар ин робита ба Signal бартарӣ дода мешавад. Барои интиқоли паёмҳои садоӣ мешавад, ки ҳамчунин аз Telegram ва ё WhatsApp истифода бурд. Бо дилхоҳ аз ин паёмрасонҳо занг ҳам задан мумкин аст. 

Худамонро ҳифз мекунем

1

Дар саҳфаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паёмҳо бо ишораи макон, ки дар куҷо будани шуморо дар ҳамон лаҳза нишон медиҳанд, нашр накунед. Аз нашри аксҳое, ки ба дигарон барои пайдо кардани мавқеи шумо кумак мекунад, худдорӣ кунед. 

2
Ҳар қадар одамони камтаре хатсайрҳои доимии шуморо бидонад, ҳамон андоза беҳтар аст. Тағйир додани хатсайр муфид мебошад: пеши худатон вазифа гузоред, ки аққалан ду маротиба дар як ҳафта роҳи нави ба кор рафтанро интихоб мекунед.
3

Беҳтар аст, суроғаи дафтари корӣ ва ё идораеро, ки бо он ҳамкорӣ мекунед, ба ҳама нагӯед. 

4

Дуруст аст, ки намешавад, аз ҳама пинҳон кард, аммо агар шумо тадқиқотгар ҳастед, пас кушиш кунед то ҳадди имкон маълумотро дар мавриди коратон пешниҳод накунед. 

5

Ҳамеша бояд эҳтиёткор буд. Аз ҷойҳои серодам худдорӣ кунед, инчунин аз маконҳои аз ҳад холиву пушида, мисли ҳавлиҳои баста канорагирӣ кунед. 

6
Маълумот дар бораи наздиконатонро ошкор накунед – имрӯзҳо ин ягона роҳи ҳифз кардани аъзои хонавода ба шумор меравад.
7

Давраи аз ҳама хавфнок – аз оғози тадқиқот то замони нашри он. 

Дар сурати ифшои иттилоот хатар ба ҷони журналист зиёд мешавад, чунки ба обекти тадқиқот маълум мешавад, ки матлаб омода шудан дорад. Бо ҳамин далел хатар бештар мешавад, вақте тадқиқгар ба ҷониби дигар барои гирифтани шарҳу назар муроҷиат мекунад. 

Пас аз нашри тадқиқот мизони хатар коҳиш меёбад. 

Агар шумо хатои имлоӣ пайдо карда бошед, лутфан бо интихоби матн ва пахшкунии Ctrl + Enter ба мо хабар диҳед.

Зеркаш кардан
Чоп кардан