Иртибототи самаранок. Дастурамали амалӣ барои ҳомиёни ҳуқуқи ТҶ
IWPR дар Осиёи Марказӣ болои он кор мекунад, ки талошҳои ҳомиёни ҳуқуқ ва рӯзноманигоронро барои ҳалли муштарак ва пурсамари мушкилии марбут ба ҳуқуқи инсон муттаҳид гардонад. «Иртибототи самаранок. Дастурамали амалӣ барои ҳомиёни ҳуқуқи Ташкилотҳои ҷамъиятӣ (ТҶ)» — ин манбаи беназире аст барои ҳомиёни ҳуқуқи Осиёи Марказӣ. Мутахассисони барҷастаи ОМ ба ҳомиёни ҳуқуқ машварат медиҳанд, ки барои самараи беҳтар ба даст овардан, бо ҷомеа чи гуна бояд муносибат ба роҳ монд. Дар замимаҳои ин китоб намунаҳои мушаххаси стратегӣ бо расонаҳо шомил шудааст, ки онҳоро мешавад дар таҷриба истифода кард. Ин мавод дар доираи тарҳи «Ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таҳсилоти ҳимоят аз ҳуқуқ тавассути расонаҳо дар Осиёи Марказӣ» таҳия шудааст. Тарҳи мазкурро IWPR амалӣ мекунад ва аз сӯи Комисияи Аврупо сармоягузорӣ мешавад. Маводи мазкурро бо забонҳои мухталиф аз ин пайвандҳо мешавад, пайдо кард: