Маҷмуаи дарсҳо оид ба расонаҳои нав. Дастури методӣ барои омӯзгорони факултетҳои рӯзноманигорӣ.
Маҷмуаи дарсҳо оид ба расонаҳои нав. Дастури методӣ барои омӯзгорони факултетҳои рӯзноманигорӣ.
Ин маҷмӯа ҳамчун дастури методии барномаи “Рӯзноманигории расонаҳои нав” барои омӯзгорони факултетҳои рӯзноманигорӣ ва тренерони расонаӣ нигаронида шудааст.
Маҷмӯа аз ҳафт курс иборат аст, ки ба махсусиятҳои кори ВАО-и нав, шароит ва омилҳои таҳияи матолиби муваффақи иттилоотӣ дар Интернет, усул ва принсипи кори рӯзноманигорони интернетӣ бахшида шудаанд.
Ҳар курс ба дарсҳо тақсим шудааст, ки аз маводи назариявӣ барои омӯзгорон ва наворҳои омӯзишии мавзуӣ иборатанд. Барои таҳкими маводи омӯхташуда дар ҳамаи машғулиятҳо супоришу вазифаҳо пешбинӣ шудаанд. Ин маҷмуа бо иҷозатномаи AttributionNonCommercial-ShareAlike 4.0 International (CC BY-NCSA 4.0) дар дастрасии озод мавҷуд аст. Истифода ва коркард бо ҳадафҳои ғайритиҷоратӣ бо зикри муаллифи аслӣ ва иҷозатномаи СС иҷозат дода мешавад (https://creativecommons.org/ licenses/by-nc-sa/4.0/deed.en) .
Масъулияти фикру мулоҳизаҳо ва дидгоҳҳои дар ин маҷмуа иброзшуда бар дӯши муаллифон аст. Нуқтаи назари онҳо метавонад бо мавқеи расмии IWPR мувофиқат накунад ва ташкилотро ба чизе уҳдадор намекунад.
Ин маҷмуа бо кумаки Ҳукумати Бритониёи Кабир таҳия шудааст. Муҳтавои дарҷшуда баёнгари дидгоҳи хоси Ҳукумати Бритониё нест.
[su_document url="https://school.cabar.asia/wp-content/uploads/2021/10/sbornik_tadzhikistan-tj-web-1.pdf" width="460" height="480"]