Гузоришҳо ба умеди тағйирот: Дастурамал барои рӯзноманигорони маҳаллии минтақаҳои буҳронӣ
Ин дастурамали таҷрибӣ ё амалиест барои рӯзноманигороне, ки дар минтақаҳои буҳронӣ фаъолият мекунанд. Дастурамал ба таҷрибаи ғании IWPR дар самти омӯзиш ва кор бо рӯзноманигорони Аврупо, Осиё, Шарқи Наздик ва Африқо асос ёфтааст. «Дастурамал» бо шарҳи тамоми зинаҳои кори рӯзноманигорӣ стандартҳои ҷаҳонии таҳияи мавод: шуруъ аз интихоби мавзуъ то таҳрири ниҳоиро меомӯзонад. Дастурамал аз он ҷиҳат беназир аст, ки намунаҳое аз мисолҳо ва мақолаҳои IWPR-ро фаро гирифтааст.
Пештар аз ин дастурамал бо забонҳои русиву англисӣ нашр шуда, баъдтар бо ҳадафи дар бар гирифтани сокинони бештари Осиёи Марказӣ бо забонҳои қазоқӣ, қирғизӣ ва тоҷикӣ низ чоп шуд. «Гузоришҳо ба умеди тағйирот» бо забонҳои маҳаллии ОМ миёни рӯзноманигорон, сохторҳои расонаӣ ва созмонҳои шарик дар минтақа, инчунин дар факултаҳои рӯзноманигории донишгоҳҳои ОМ тақсим шуд. Дастурамалро бо забонҳои гуногун мешавад, аз ин пайвандҳо дастрас кард: