Зеркаш кардан
Чоп кардан

IWPR барои барномаи дастгирии ментории ВАО, расонаҳои хусусӣ ва блогерони Осиёи Марказӣ озмун эълон мекунад


Ҳадафи аслии он омӯзиши усулҳои нав барои ҷалби муассири мухотабон, таъсиси муҳтавои кросс-платформаӣ, трендҳои ахири ВАО, бо шумули 360, VR/AR ва кроссплатформаи таҳияи контент мебошад. Инчунин омӯзонда мешавад, ки чӣ гуна таваҷҷуҳи мухотабонро бояд ҷалб сохт, то хонанда ва корбарон дигарбора ба сӯи шумо биёянд.

 Пешниҳоди мо чист?

Ҳадаф – омӯзиши усулҳои нав барои ҷалби муассири мухотабон, таъсиси муҳтавои кросс-платформаӣ, трендҳои ахири ВАО, бо шумули 360, VR/AR ва кроссплатформаи таҳияи контент мебошад. Инчунин омӯзонда мешавад, ки чӣ гуна таваҷҷуҳи мухотабонро бояд ҷалб сохт, то хонанда ва корбарон дигарбора ба сӯи шумо биёянд.

Бо таваҷҷуҳ ба ҳаводиси марбут ба COVID-19, тренинг масоили инъикоси хабарҳо ҳангоми вазъиятҳои буҳронӣ ва ҳамагири ҷаҳонӣ (пандемия)-ро ҳам фаро мегирад.

Гап дар бораи чӣ меравад?

  • Ояндаи журналистика бо рушди воқеияти тақвиятшуда (AR) ва маҷозӣ (VR)
  • Равишҳои нав дар реклама. Таблиғоти табиӣ чӣ аст ва чӣ гуна бо ёрии он мешавад даромад гирифт?
  • Ҳамкорӣ бо мухотабон дар шабакаҳои иҷтимоӣ – таъсиси шӯъбаи нав аз сифр
  • Журналистикаи додаҳо барои нашрия ва блогерҳо
  • Таҳияи подкаст. Чӣ гуна онро мешавад олӣ сохт?
  • Explaining ва рӯзноманигории иҷтимоӣ. Ин чист ва чаро ин самт ояндадор аст?
  • Инъикоси масоили гендерӣ ва ҳассос дар хабарҳо
  • Буҳрони маҳаллӣ ва ҷаҳониро чӣ тавр бояд инъикос кард?
  • Ахбори минтақаӣ. Чӣ тавр бояд мавҷудияти онро ҳифз кард?

Дархости кадом нашрияҳоро интизорем? 

  • Нашрияҳои на он қадар бузург бо таҷрибаи кори дусола ва бештар аз он.
  • “Расонаҳои хусусӣ” (соҳибони блогҳо дар YouTube, телеграмм-каналҳо, саҳфаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ҳаводис, раванд ва ҷанбаъҳои ҷолибро инъикос мекунанд)

Дархости нашрияҳо ё блогероне афзалият дода мешавад, ки бо забонҳои маҳаллӣ (қазоқӣ, қирғизӣ, тоҷикӣ, туркманӣ ва узбекӣ) матлаб нашр мекунанд.

Нашрияҳо бояд ба дарёфти донишҳои дар боло зикршуда ва дар амал татбиқ кардани онҳо омода бошанд.

ВАО бояд дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ё Узбекистон сабти ном шуда бошад.

Шуморо чӣ интизор аст?

Дастгирии менторӣ бо омӯзишҳои онлайнии серӯза дар мавзӯъҳои зикршуда бо ҳузури тренерон аз хориҷ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ шурӯъ мешавад.

Бар илова, моҳи август омӯзиши серӯзаи дигар дар Қирғизистон дар назар аст (дар сурати набудани монеаҳои марбут ба COVID-19). Харҷҳои асосӣ барои иштирок аз ҳисоби созмондиҳандаҳо пӯшонда мешавад.

Баъд чӣ?

Баъди онлайн-семинари аввал, мутахассисони даъватшуда ва муҳаррирони платформаи таҳлилии CABAR.asia ба нашрияи шумо давоми 3 моҳ кумаки менторӣ, техникӣ ва муҳтавоӣ мерасонанд. Дастгирии менторӣ давоми сол идома меёбад.

Дар натиҷа шумо чӣ мегиред?

  • Дастгирии машваратӣ
  • Беҳтар кардани сомона
  • Кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ
  • Кор барои таҳияи матолиби ҷадид
  • Хоҳишҳои дигари нашрия дар доираи имкониятҳои барнома

Ин чӣ маънӣ дорад?     

Ин ба он маънӣ аст, ки мутахассисон ва муҳаррирон кумак мекунанд, то равандҳо дар нашрия рӯ ба роҳ шаванд, муштарак кор карда, матолиби навро дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойгир кунанд. Ин ба муҳтавои муоссир ва босифат дар нашрияи шумо кумак мерасонад. Давоми се моҳ, ки дастгирии менторӣ идома мекунад, нашрияҳои интихобгардида бояд дар қолаби расонаҳои нав (матлаби чандрасонаӣ, гузориши аксӣ, гузориши видеоӣ, подкаст, матлабҳои дигар) дасти кам 8 матлаб нашр кунанд. Барои ин матлабҳо дар доираи лоиҳа ҳаққи қалам дар назар гирифта шудааст.

Чӣ гуна мешавад иштирок кард?

Барои ирсоли дархост, зарур аст пурсишномаи зерро пур кунед.

Дархостҳо то соати 23:59 (GMT +6)27 апрели соли 2020 қабул карда мешаванд.

Агар саволе доред, лутфан бо ин нишонӣ тамос бигиред: + 996 (559) 655777 (WhatsApp/Telegram) ва ё тавассути почтаи электронӣ: begaiym@iwpr.net.

Агар шумо хатои имлоӣ пайдо карда бошед, лутфан бо интихоби матн ва пахшкунии Ctrl + Enter ба мо хабар диҳед.

Зеркаш кардан
Чоп кардан