Зеркаш кардан
Чоп кардан

IWPR Tajikistan рӯзноманигоронро ба тренинги меъёрҳои байналмилалӣ даъват мекунад

Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон рӯзноманигорони ботаҷриба ва навкорро барои ширкат дар тренинги дурӯзаи “Стандартҳои муосири журналистика: Барои расонаҳои байналмилалӣ чӣ гуна бояд кор кард?” даъват мекунад.


Агар шумо рӯзноманигори навкор ё ботаҷриба ҳастед ва мехоҳед, ки малакаҳои худро такмил дода, бо расонаҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ кунед, пас шуморо ба давраи дурӯзаи омӯзишӣ оид ба стандартҳои байналмилалии журналистика даъват мекунем.

Тренинг барои онҳое, ки мехоҳанд дар риштаи рӯзноманигорӣ рушд кунанд ва на танҳо бо расонаҳои маҳаллӣ, балки бо ВАО-и хориҷӣ ҳамкорӣ кунанд, муфид хоҳад буд.

Дар ҷараёни тренинг бо беҳтарин таҷрибаҳои журналистикаи муосир, кор бо манобеъи гуногуни иттилоот, коршиносон ва ҳомиёни ҳуқуқ шинос мешавед. Воқеънигорӣ ва инъикоси беғаразонаву муассири рӯйдодҳоро меомӯзед.

Инчунин бо назардошти тавсияҳои расонаҳои ҷаҳонӣ тарзи кор бо манбаъҳо ва шеваҳои таҳияи матолиби босифатро, ки ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқанд, аз худ мекунед.

Илова бар ин, санъати таҳия ва пешниҳод кардани саволҳо, инчунин чӣ гуна истифода бурдани принсипҳои мусоҳибаи муваффақ дар ҳолатҳои гуногунро ёд мегиред. Ҳамчунин жанрҳои гуногуни журналистикаро, ки дар платформаҳои CABAR.asia, IWPR.net истифода мешаванд баррасӣ хоҳем кард. Вижагиҳои жанрҳои чандрасонаӣ ҳам мавзӯи омӯзиш хоҳанд буд.

Ин як имконияти хубе барои такмил додани маҳорати рӯзноманигорӣ, саҳм гузоштан дар фазои расонаӣ ва қадами навбатӣ дар худсозии шумо хоҳад буд.

Тренинг ва 4 марти соли 2023 дар дафтари IWPR Tajikistan дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Харҷи роҳ ва ҷойи зисти иштирокчиён аз минтақаҳо пардохт карда мешавад.

Барои иштирок дар давраи омӯзишӣ ин дархостро пур кунед

Дархостҳо то рӯзи 27 феврали соли 2023 қабул карда мешаванд. Шумораи ҷойҳо маҳдуд аст, ба иштирокчиёне ки пазируфта мешаванд, тавассути почтаи электронӣ хабарнома мефиристем.

Барои маълумоти бештар ба почтаи электронии  iwpr.tajikistan@iwpr.net ва ё бо шумораи +992 93 7356565 муроҷиат кунед

Агар шумо хатои имлоӣ пайдо карда бошед, лутфан бо интихоби матн ва пахшкунии Ctrl + Enter ба мо хабар диҳед.

Зеркаш кардан
Чоп кардан