Зеркаш кардан
Чоп кардан

10 хатои роиҷ дар навиштани мақолаи таҳлилӣ

Рамзкушоии матн/Spoiler (Тукмачаро пахш кунед/click to read)

Аз таҷрибаи кориям ҳамчун сардабир медонам, ки пазируфта нашудани мақолаҳои таҳлилӣ дар маҷаллоти муътабари илмӣ на ба иллати костагиҳои илмӣ, балки бештар ба далоили забонӣ/сабкшинохтӣ сурат мегирад. Ин албатта каме номунсифона аст, зеро муҳаққиқ ё таҳлилгар вақту нерӯи зиёдеро сарфи анҷоми пажӯҳиши худ сарф мекунад.

Бо ин вуҷуд, дар дунёи коршиносон, табъу нашри як матлаби таҳлилӣ ва натоиҷи он ба ҳамон андозаи таҳқиқи воқеӣ муҳим аст. Як пажӯҳиши кӯтоҳ ва хуб анҷомшуда ва як мақолаи ниҳоӣ, ки бахубӣ навишта шуда бошад, эҳтимоли пазириши навиштаи шумо аз сӯи як нашрияи муътабарро афзоиш медиҳад.

Ин улгуи омӯзишӣ бар рӯи 10 иштибоҳи роиҷ мутамаркиз аст, ки бисёре аз нависандагон ҳангоми навиштани мақолоти таҳлилӣ анҷом медиҳанд. Агар шумо тоза ба ёд гирифтани мақоланависӣ шурӯъ кардаед, пас фурсати бисёр муҳимме барои сабақ гирифтан аз иштибоҳоти дигарон дар ихтиёр доред.

  • Қолаби ғалат ё номуносиб

Қабл аз оғози навиштан, қоидаҳо ва меъёрҳои пазируфташуда дар нашрия ё манбаъи хоссеро, ки мехоҳед мақолаи худро ба он фиристед, бо диққат мутолеъа кунед. Пеш аз ирсоли матн ҳам, “вазифаи хонагии” худро анҷом диҳед ва дастурамалҳоро хонед, зеро ин кор ба шумо кумак мекунад, ки на танҳо сохтори мақоларо дуруст танзим кунед, балки теъдоде аз хатоҳо дар сабки баёнатонро ҳам ислоҳ намоед. Шумо ҳамчунин метавонед ба торнамои он манбаъ биравед ва бо мақолаҳое, ки тоза нашр шудаанд, ошно шавед. Ин кор боиси сарфаҷӯии вақту нерӯи шумо ва сардабир мешавад.

  • Сохтори заиф ё мавҷуд набудани сохтор

Дар бисёре аз маворид, нависандагони мақолаҳои таҳлилӣ як матни бузургу тӯлонӣ ва бидуни сохтори рӯшану мушаххасеро ба нашрияҳо ирсол мекунанд. Хондану фаҳмидани ин гуна матнҳои муфассал душвор аст.

Сохтори маъмулии як мақолаи таҳлилӣ, ки бештар ба сабки рӯзноманигорӣ ва озод навишта шудааст, бо сохтори суннатии корҳои илмӣ чандон тафовуте надорад. Ин гуна мақолаҳо аз се бахш иборатанд: муқаддима, қисмати аслӣ ва хулоса.

Шумо бояд кор бо мақолаи ояндаи худро бо барномарезии дақиқ шурӯъ кунед. Як нақша ё барномаи хуб таҳияшуда бо сохтори дурусту дақиқ ба ин маъност, ки шумо ними коратонро анҷом додаед. Албатта, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки барномаатон дар ҷараёни таҳқиқ беш аз як бор тағйир кунад, аммо ин дарвоқеъ муҳим нест.

Лозим аст на танҳо кулли матн, балки параграфҳо ва ҷумлаҳои ҷудогонаро низ ба бахшҳо тақсим кунед. Лозим аст пораҳои матнии бузургу печида ва сангинро кӯчактар кунед, бандҳо ё параграфҳое, ки як сафҳа ё ҳатто ним сафҳаро пур мекунанд, муносиб нестанд. Саъй кунед онҳоро аз рӯи маъно ва мазмун ба қитъаҳои хурдтаре ҷудо кунед.

Машварат: пас аз таҳияи сохтори аввалияи кори илмӣ, метавонед онро ба як мутахассис, коршинос ё фақат як рафиқатон нишон диҳед, то бо диди тоза битавонад нуқоти заъф ва унсурҳои носозгор дар барномаи шуморо ташхис бидиҳад.

  • Интихоби ном ё унвони мақола

Унвони мақола бояд дақиқу возеҳ, адабию фишурда ва пурсишангез бошад. Номи мақола бояд мушкил ё масъалаи мавриди баҳсро дар худ бигунҷонад ё ба он ишора кунад.

Дар унвони мақола бояд вожаҳои калидиеро нишон бидиҳед, ки матнро муаррифӣ кунанд ва аз онҳо хонанда тавонад бифаҳмад, ки суҳбат дар бораи чӣ меравад. Интихоби дурусти вожаҳои калидӣ (маъмулан 4-6 калима) дар ин ки ҷустуҷӯгари интернетӣ чи гуна мақолаи шуморо намоясозӣ (индексатсия) мекунад, нақши таъйинкунандае дорад. Саъй кунед аз вожаҳои калидие истифода кунед, ки дар мақола беш аз ҳама такрор мешаванд (аз ҷумла дар унвони мақола ва унвонҳои фаръӣ низ).

Номи мақола бояд мушаххас бошад. Саъй кунед аз умумигӯӣ ва аз истифодаи калимаҳои роиҷе монанди “… муайян” , “баъзе” ё “хос” худдорӣ намоед. Ин калимаҳои ангалӣ (паразитӣ) бори иттилоотӣ надоранд. Маъмулан, муаллифон саъй мекунанд замоне пушти ин калимаҳо пинҳон шаванд, ки қодир ба таърифи дақиқи мавзӯъ нестанд.

Фишурда будани унвони мақола низ муҳим аст, он набояд хеле тӯлонӣ бошад. Унвонҳои тӯлонии мақолаҳоро метавон бо дунуқта кӯтоҳ кард, ва ба кумаки он мавзӯъи мушаххасеро метавон аз мавзӯъи бузург ҷудо намуд. Дар бисёре ҳолатҳо, сарлавҳаҳои суоломез ё пурсишбарангези мақолаҳо таваҷҷуҳи хонандагонро ба худ ҷалб  мекунад. Ба унвони мисол, “Чаро таъсиси як созмони ғайридавлатӣ дар Узбекистон душвор аст?”

Нукта: вақте матлаб навишта шуда бошад, ёфтани ном барои он бисёр осон аст.

  • Возеҳ набудани масъала

Матни муқаддима бояд ба масъалаи аслӣ ишора кунад, самтгирӣ ва масири онро нишон бидиҳад, ҳадафу вазифаҳоро мушаххас созад ва таваҷҷуҳи хонандаро ба худ ҷалб кунад. Маъмулан қисмати пешгуфтори мақола аз ду ё се параграф иборат аст ва камтар аз 10% аз кулли матнро ташкил медиҳад.

Ҳангоми шурӯъи кор бо матн, бояд аз муҳиммтарин қисмати он шурӯъ кунед. Ғолибан, ба далели дур шудан аз мавзӯъи аслӣ ва навъе парешонхотирӣ, нависанда наметавонад ба умқи мавзӯъ бирасад ё фазои камеро ба баррасии он ихтисос медиҳад. Бавижа бисёре аз мавориди парешонхотирӣ метавонад ба ривояти таърихи бостон марбут бошад.

Агар дар мақолаи шумо ду ё се идея ё андешаи аслӣ вуҷуд дорад, пас шумо ба як баҳсу истидлоли қавӣ ниёз доред, то ин матлабро ба ду ё се мақолаи ҷудогона тақсим накунед. Бино бар ин, набояд “ҳамаи тухми мурғҳои худро дар як сабад қарор диҳед” ва ё саъй кунед “ончи дар оғӯш намегунҷад, дар оғӯш бигиред.” Ин амр на танҳо дар мавриди худи андеша ё идеяи таҳқиқ, балки дар мавриди маҳдудаи ҷуғрофиёии таҳти пажӯҳишатон ҳам сидқ мекунад. Навиштани мақолае мутамаркиз дар бораи як мушкил дар Қирғизистон беҳтар аз навиштани як матни умумӣ ​дар бораи Осиёи Миёна аст.

  • Шеваи баён ва пешниҳоди матлаб

Ҷумлаҳои бузург. Саъй кунед аз ҷумлаҳои бузургу печида, ки аз чанд хат иборат аст, худдорӣ кунед. Ин гуна ҷумлаҳоро бояд аз рӯи маъно ва мазмун ба ду ё се қисмат тақсим кунед, бе он ки мунтазири тавсияи сардабир бошед. Ҷумлаҳои бузург саршор аз маъно ва мазмун ҳастанд, аз ин рӯ хонанда бо расидан ба интиҳои ҷумла, фаромӯш мекунад, ки он чи гуна шурӯъ шуда буд. Дар маҷмӯъ, як ҷумла бояд дарбаргирандаи як фикр бошад.

Забони душвор. Аз дидгоҳи хонанда нигоҳ кунед ва саъй кунед матнатонро ба содатарин шакли мумкин бинависед. Ин кумак мекунад таваҷҷуҳи хонанда ба мақолаи шумо ҳифз шавад. Бо ин ҳол, матн набояд беш аз ҳад сода ва кӯчабозорӣ бошад. Қоидаи аслӣ ин аст, ки саъй кунед аз таъбирҳои душвор ва даркашон сангин бипарҳезед.

Матни саршор аз ҷузъиёт. Дар мақолаи худ аз корбурди беш аз ҳадди луғатҳои омиёнаи фаннӣ (техникӣ) худдорӣ кунед. Саъй накунед хонандаро бо омору арқоми камаҳаммият ва иқтибосҳои бешумор аз мусоҳибаҳо ва асноди расмӣ таҳти таъсир қарор диҳед. Агар дар матни шумо теъдоди зиёди омору арқом вуҷуд дорад, пас бояд онҳоро дар ҷадвалҳои ҷудогона, тасовири графикӣ ва замимаҳо ҷой диҳед.

Такрор.  Ҳангоми навиштани мақола бояд аз ду навъи такрор худдорӣ кард: навъи аввал фикрҳо (идеяҳо) ва истидлолҳо аст, навъи дувум калимаҳо ва иборатҳои асосӣ. Вақте шумо дар ниҳоят идеяҳо ва афкори худ ва ҳамон як чизро борҳо ва борҳо такрор мекунед (ҳамон тавр, ки акнун мо такрор мекунем), ин маъмулан ба он маъност, ки шумо ба таври комил ба идеяи мавзӯъи худ фикр накардаед. Роҳи ҳалли ин мушкил тарҳи идеяҳои ҳарчи бештар дар марҳалаи барномарезӣ аст. Як пешнависи хуб таҳияшуда ин итминонро медиҳад, ки шумо аз ҳамон як мафҳум ё воқеият батакрор истифода накунед.

Ривоят аз дидгоҳи шахси аввал ё дувум. Мақолаи шумо бояд як дидгоҳи айнӣ (объективӣ) ва бетарафонаро ироа диҳад. Ба ҳамин далел аз ривояти шахси севум истифода кунед. Дидгоҳи шахси аввал ғаразмандона ба назар меояд, зеро шумо назарҳо ва таҷрибаҳои худро ба унвони истидлол баён мекунед. Саъй кунед аз кистифодаи ҷонишинҳо низ худдорӣ кунед.

Калимаҳои кӯтоҳшуда. Ихтисорҳои ғайри қобили тавзеҳ метавонад хонандаро сардаргум кунад. Як қоидаи куллӣ вуҷуд дорад – дар матн бори аввал бояд номи комили истилоҳ ё ниҳоду муассисаеро зикр кунед (дар канораш дар дохили қавсайн номи ихтисоршудаи онро нишон диҳед) ва минбаъд аз шакли ихтисорӣ ё кӯтоҳшудаи номи он истифода кунед. Ин равиш матнро барои хонандагон возеҳу рӯшантар месозад.

  • Нақли қавл ва истинодҳо

Агар ба ҳар манбаъе, ки дар мақолаи худ аз он баҳра бурдаед, истинод накунед, мумкин аст ба таври тасодуфӣ даст ба дуздӣ ё сирқати адабӣ зада бошед. Хоҳ як фикр бошад, хоҳ як нақли қавли мустақим ё ғайримустақим, хоҳ сухане аз як манбаъ, ки дар қолаби дигар баён шуда бошад, фарқ намекунад, дар ҳама ҳолат истинод ба манбаъҳоро дар матн фаромӯш накунед, ва истинодҳо бояд ба феҳристи манобеъ, ки дар поёни мақола меояд, пайванд дода шаванд.

Ҳангоми кор бо истинодҳо ва феҳристи манобеъ, се нуктаи муҳим вуҷуд дорад, ки бояд ба хотир биспоред: (1) қолаббандии муназзами истинод ва феҳристи манобеъ мутобиқ бо сабки муқаррашудаи нашрияи илмӣ ё тахассусӣ; (2) ёдоварии ҳар истиноди зикршуда дар матн дар интиҳои мақола ва баръакс, ишора ба ҳар манбаъе дар дохили матн; ва (3) ироаи иттилооти такмилӣ ва тавзеҳоти комил, дар сурати зарурат.

  • Мушкилоти марбут ба натиҷагирӣ

Дар интиҳои мақола шарт нест, ки иттилооти комилан наве барои хонанда вуҷуд дошта бошад. Ҷамъбандии истидлолҳо барои ёдоварӣ ба хонанда, ки қаблан суҳбат дар бораи чи мавзӯе буд, муфид аст, хусусан агар матн тӯлонӣ ва печида бошад.

Дар  поёни матн, бояд аз баҳси худ натиҷагирӣ кунед, ва натиҷагирӣ аз матолиби пешниҳодшуда ҳосил мешавад, аммо аз назари шакли матн ва то ҳудуде аз назари муҳтаво, натиҷагирӣ бояд аз қисмати аслии матн сохта шавад, вале набояд сирфан такрори дақиқи он бошад. Дар инҷо нависанда метавонад назари шахсии худро изофа кунад. Ҳамчунин, дар сурати имкон ва бо такя ба бофтор (контекст), шумо бояд тавсияҳоеро изофа кунед, ки роҳкорҳоеро барои мушкили мавриди баҳс нишон бидиҳанд. Тавсияҳо бояд дақиқу рӯшан ва нукта ба нукта бошанд, на умумӣ ва норӯшан.

  • Ҳаҷми беш аз андоза

Дар бисёр ҳолатҳо муаллифон аз ҳаҷми муқарраршуда барои матни мавриди ниёзи нашрия ғафлат мекунанд, ҳарчанд иҷрои ин меъёр низ ҳатмист. Сардабир ё ҳайати таҳририяи нашрия шояд то андозае  изофа ё камбуди калима ва ҷумлаҳоро дар матн нодида бигиранд, вале агар муаллиф матлабро чанд сафҳа бештар аз ҳаҷми муқарраршуда ирсол кунад ё баръакс, матне кӯтоҳтар аз меъёр навишта ва мавзӯъро бадурустӣ рӯшан накарда бошад, ба эҳтимоли зиёд аз муаллиф хоста мешавад, ки матлабашро такмил кунад.

Барои кӯтоҳ кардани матни мақолаатон ба сардабир ё муҳаррир такя накунед. Ин масъулияти аввали худи нависанда аст. Муҳаррир шояд матнро ба гунае кӯтоҳ кунад, ки нусхаи ниҳоии он мавриди қабули нависанда набошад. Зеро барои муаллиф ҳар сатри мақола арзишманд аст ва ҳеҷ калимаи ғайризарурӣ дар матн вуҷуд надорад.

  • Назму тартиб

Навиштани матн муҳим аст, бинобар ин, шурӯъ кардан ба кори мақоланависӣ фақат як шаб монда ба замони ваъдашуда иштибоҳ аст. Ин вазъият мумкин аст боис мешавад, ки шумо матни худро натавонед тамом кунед, режими хобатонро ба ҳам бизанед ё чизе мутавассит​​у ғайримантиқӣ бинависед.

Замони ирсоли мақола маъмулан аз қабл бо сардабир ҳамоҳанг мешавад, бинобар ин беҳтар аст корҳои муҳимро то охирин лаҳза ба таъхир наандозед ва аз назму тартиб ғофил набошед. Агар ҳар рӯз як параграф бинависед, пас аз чанд муддат матнатон ба таври комил омода мешавад.

  • Парҳез аз таҳрири мустақилона

Ҳар қадар, ки маҳоратҳои хуби дурустнависӣ дошта бошед, боз ҳам ҳама метавонанд иштибоҳ кунанд. Ҳаргиз фаромӯш накунед, ки мақолаи худро қабл аз ирсол ба сардабир бозхонӣ (дар сурати имкон, беш аз як бор) ва тасҳеҳ кунед. Имлои худро бисанҷед, мутмаин шавед ҳама чиз мураттаб аст, муҳтаворо низ бояд баррасӣ кард. Монанди барномарезии аввалия, инҷо низ метавонед аз як дӯст, ҳамкор ё муҳаррире бихоҳед, ки мақолаи шуморо бихонад ва дар сурати имкон таҳрир кунад.

Мутаассифона, барномаҳои ғалатгири роёна (компютер) ҳамаи мушкилотро ҳал намекунанд, онҳо шояд иштибоҳотеро дар калимот нишон диҳанд, аммо масалан мавориди истифодаи нодурусту номуносиби калимаҳоро ошкор намесозанд.

Манбаъ:

Манбаъ: В. Радаев. Правила написания письменных текстов (отчеты, статьи, учебные эссе)

 

Агар шумо хатои имлоӣ пайдо карда бошед, лутфан бо интихоби матн ва пахшкунии Ctrl + Enter ба мо хабар диҳед.

Зеркаш кардан
Чоп кардан