Далелсанҷӣ ё санҷиши далел, ки дар аксар кишварҳо онро бо забони англисӣ «факт-чек» ё «факт-чекинг» мегӯянд, дар фазои расонаҳои чӣ ватанӣ ва чӣ хориҷӣ босуръат ворид шуд.
Сабаби пайдоиши фактчекро коршиносон ба рушди техникаву технология ва паҳни зиёди хабарҳои бардурӯғ рабт медиҳанд. Вале ҳадафи асосии кори далелсанҷ на ҷустуҷӯйи дурӯғ, балки муайян кардани ҳақиқати далелҳо ва муқоисаи маълумотест, ки аз сӯйи ин ё он ниҳод ва афроди шинохта паҳн ва ё эълон шудаанд.
Далелсанҷ барои санҷиши дурустии изҳорот танҳо аз маълумоти манбаъҳои боз, яъне расмӣ васеъ истифода бурда метавонад.
- Мавзӯъ ё объекти омӯзиш
Мавзӯи омӯзиши далелсанҷӣ изҳороти оммавии шахсони мансабдор ва маводи расонаҳо буда метавонад.
Танҳо он мавзӯъ ё объектҳое метавонанд, барои далелсанҷӣ интихоб шаванд, ки ба меъёрҳои зерин ҷавобгӯ бошанд:
– Далелу арқом доранд;
– Ба таври оммавӣ паҳн шудаанд;
– Аҳамияти иҷтимоӣ доранд;
– Ба таври густурда дар расонаҳо ва ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гаштаанд.
Бояд гуфт, ки танҳо иттилоъ ва маълумоти аз манбаъҳои боз дарёфтшуда метавонад, ҳамчун далел эътироф шавад. Истифодаи манбаъҳои пӯшида ё беном қобили қабул нест. Чун на ҳама изҳорот дар қолаби далелсанҷӣ метавонад, мавриди омӯзиш қарор бигирад.
Масалан, далелсанҷӣ масъалаҳоеро, ки ба оянда нигаронида шудааст, ҳеч гоҳ мавриди санҷиш қарор намедиҳад:
– Агар ягон шахси расмӣ бигӯяд, ки «интизорем, дар соли хониши оянда қабули довталабон дар донишгоҳҳо 20% меафзояд», инро наметавон санҷид, чун ӯ аз интизориҳои худ ҳарф мезанад, ки он бештар ба оянда нигаронида шудааст.
– Ва ё баъзан вақт афроди расмӣ аз ибораҳои «ба андешаи ман…», «Фикр мекунам, ки…», «Ба назарам…» ва ба ин монандро дар гуфторҳои худ истифода мебаранд, ки инҳо низ мавриди санҷиш қарор дода намешаванд.
– Дигар ин ки вақте сухани боз ҳам ягон шахси расмӣ аз фарзияву тахмин иборат аст, он ҳам моли фактчек нест: «Нақшаи истеҳсоли пахта назар ба соли гузашта беш аз 15% афзуд».
Яъне, дар ин ҷо низ ҳисобу китоби тахминӣ мавҷуд аст, на далели дақиқу рушан.
- Формат ё шакли пешниҳоди далелсанҷӣ
Натиҷаи далелсанҷӣ метавонад, маводи журналистие гардад, ки дар шакли хабар, мақола, садо ва гузориши видеоӣ ё чандрасонаӣ таҳия гашта, сохтори зеринро фаро гирад:
- Нутқи айнан нақлшуда бо пайванд ба сарчашма
- Шарҳи ҷараёни санҷидани нутқ ё далел дар манбаъҳои боз (расмӣ)
- Хулоса
Хулоса – яке аз ҷанбаҳои асосии далелсанҷӣ ва қисми ҷудонашавандаи он ба ҳисоб рафта, ҳар як маводи санҷидашуда бояд бо хулосаи дақиқу аниқ дар такя ба манбаъҳои расмӣ анҷом ёбад. Вале агар нафаре (хонанда) ё ягон шахси маъруф бо хулосаи далелсанҷӣ розӣ набошад, метавонад бо пешкаш намудани маълумоти зарурӣ (дақиқ), ки хулосаи моро инкор мекунад, он тағйир ёбад.
- Сохтори маводи далелсанҷӣ (фактчек)
Чӣ санҷида шуд? | | Чиро санҷидан мехоҳед: матн аст ё иқтибос, бояд асли онро дар матни санҷиш оваред ва шарҳ диҳед |
Чӣ гуна санҷида шуд? | | Матне, ки мавриди санҷиш қарор доданӣ ҳастед, онро чӣ гуна, бо кадом тарзу усул, кадом қадамҳоро тай кардед, аз кадом абзорҳо истифода намудед, барои хонанда нишон диҳед |
Ҳукмнома | | Бо як ё ду ҷумла натиҷаи санҷиши маводи худро хулоса кунед, яъне хулосаи мантиқӣ |
- CHECK-LIST – барои эмин будан аз хабарҳои фейкӣ
Масалан, барои муайян кардани хабаре, ки он дурӯғ аст ё рост, ба чанд нуктаи муҳим аҳамият дод:
– Хабарро ҳамеша пурра мутолиа намуд
– Тафаккури интиқодиро ба кор даровад: ба ҳар маводе, ки шубҳа доред, касе инро манъ намекунад
– Ҳамеша манбаи аввалини хабарро ҷустуҷӯ кард
– Истинод ё линкҳои дар хабар овардашуда, манбаи он ва мақсади асосии сомонаро омӯхт
– Ҳеч гоҳ маводро аз рӯйи сарлавҳаи он баҳо надод, балки таваҷҷуҳ кард, ки сарлавҳаи мавод ба муҳтавои он то куҷо мувофиқат мекунад
– Ба ному насаби муаллиф аҳамият дод ва ӯро санҷид
– Ягон вақт ба манбаъҳои номаълум ё анонимӣ бовар накард
– Ҳатман ба санаи нашри хабар диққат дод ва онро санҷид
– Ҳангоми истифодаи хабар аз шабакаҳои иҷтимоӣ боэҳтиёт буд: қабл аз нашри ин ё он иттилоъ, нахуст санҷид ва баъд онро паҳн намуд
– Кӯшиш намуд, хабарҳои ростро аз дурӯғ фарқ карда тавонист ва ё назар андӯхт, ки дар ин бора дигар расонаҳо чӣ навиштаанд
– Ва ниҳоят, ҳангоми зарурат ба коршиносону далелсанҷон муроҷиат намуд…
P.S. Бидонед, ки далели саҳеҳ муҳимтар аз ҳангома аст!
- 6 захираи муҳими онлайнӣ (интернетӣ) барои санҷиши аксу навор
- Archive.today – яке аз захираҳои муҳими онлайние аст, ки он «акс»-и веб-саҳифаро мегирад, ҳатто агар сафҳаи аслӣ низ нопадид гардад, он ҳамеша онлайн хоҳад буд. Инчунин, он матн ва нусхаи графикии сафҳаро боз ҳам дақиқтар нигоҳ медорад ва пайванди кӯтоҳу боэътимодро ба сабти тағйирнопазири ягон веб-саҳифа таъмин мекунад. Ин метавонад хеле фоидаовар бошад, агар шумо хоҳед, ки «акс»-и веб-саҳифаро гиред, зеро эҳтимол маълумоти он иваз шавад: омор, рӯйхати нархҳо, пешниҳоди ҷойҳои корӣ, рӯйхати амволи ғайриманқул, ваъдаи ин ё он мансабдор ва ба ин монанд.
Саҳифаҳои захирашуда унсурҳои фаъол ва скриптҳо надоранд, бинобар ин онҳо шуморо эмин нигоҳ медоранд, чун он ягон чизи зараровар надорад.
Иттилоъ одатан аз Интернет нест ва ё аз сӯйи ягон кас пок карда мешавад, тавассути барномаи «ArchiveToday» бо гузоштани ишора (линк)-и лозима метавон онро барои худ ҳифз кард.
- Analysis – ин абзор барои таҳлил намудани сомонаҳои мухталиф ба таври онлайн хидмат мерасонад. Инчунин, дар ин ҷо метавон санҷиши сомона ва мониторинги тағйиротро дид. Хуллас, воситаест, барои таблиғ дар системаҳои ҷустуҷӯӣ.
- TinEye – ин ҷустуҷӯи тасвирҳои баръакс. Бо ин барнома метавон суратро ҷустуҷӯ кард ва дар куҷо будани он тасвирро дарёфт. Дар ин ҷо натанҳо манбаи аввалини аксро дарёфт кардан мумкин аст, балки кай, чӣ хел ва дар кадом захираҳои онлайнӣ тасвирҳо тағйир дода шудааст, пайдо кардан аз эҳтимол дур нест.
- RevEye Reverse Image Search – ин маҷмӯи ҷустуҷӯи тасвирҳои баръакс, ки байни системаҳои ҷустуҷӯии тасвирҳои Google, Yandex, TinEye, Bing ва Baidu сурат мегирад. Ин ҷустор имкон медиҳад, бо пахш намудани тугмаи рости муш дар болои ягон расм дар дилхоҳ сомона тасвирҳои баръаксро ҷустуҷӯй намояд. Вале барои ин, шуморо зарур аст, ки вориди «интернет-мағозаи chrome» шавед ва аз он ҷо «RevEye Reverse Image Search»-ро дарёфт намуда, дар браузери худ онро насб намоед.
- Image Metadata Viewer – ин абзор барои муайян кардани метамаълумот (мета-данные)-и расм ва ё ба даст овардани маълумот оид ба ин ё он тасвире кӯмак мерасонад. Кофист, ки акси заруриро интихоб намоед ва ё ба ҷустори он дилхоҳ расмро гузошта, мавриди санҷиш қарор диҳед. Пас аз чанд лаҳза, дар бораи расми интихобкардаатон маълумоти зарурӣ пайдо хоҳед кард.
- Youtube DataViewer – ин абзор ҳангоми бӯҳронҳо ё офатҳои табиӣ барои мубодилаи наворҳо васеъ истифода мешавад, аз ҷумла як қатор наворҳои кӯҳна ва дар баъзе ҳолат, саҳнавӣ ё қалбакӣ. Кофист, ки ин барномаро дар браузери худ нависед ва ишора (линк)-и зарурии наворро пайдо карда, дар ҷустори абзори мазкур гузоред ва он навори шуморо дар чанд қисм ба шакли сурат тақсим мекунад. Баъдан, тавассути ин тасвирҳо метавон навори аслиро аз YouTube пайдо кард.
Биёед, акнун ин ҳама гуфтаҳоро дар мисоли мушаххасе якҷоя дида мебароем.
- 7 қадам барои дарёфти макони ҷойгиршавии акс
Бо истифода аз манбаъҳои кушод макони аслии ҷойгиршавии аксро ҷустуҷӯ мекунем. Барои ин, ба мо зарур аст, ки ҳамагӣ 7 қадамро тай намоем.
Қадами 1
Роҳи аз ҳама осонтарини дарёфти акс, дар ҷусторҳои Google ва ё Яндекс ҷустуҷӯ намудан аст. Вале дар мавриди ин акс, системаҳои ҷустуҷӯӣ ба мо ягон маълумот пешниҳод намекунанд.
Қадами 2
Як қисми асосии аксро, ки системаи ҷустуҷӯӣ ҳамчун аксҳои алоҳида пайдо карда тавонад, мебурем. Масалан, акси бино.
Қадами 3
Акси буридашударо дар ҷусторҳои Google ва Яндекс мекобем. Ин ду ҷустор биноҳои монандро бароямонон пешкаш месозанд. Расму тасвирҳои ду ҷустори мазкурро муқоиса мекунем ва маълум мешавад, ки ин акси осорхонаи Шопен («Fryderyk Chopin Museum») дар Варшава аст. Суроғаи осорхонаи Шопенро аз ҷустори Google пайдо мекунем: Pałac Gnińskich, 00-368, Okólnik 1, 00-368 Warszawa, Польша (Палак Гнишкич, 00-368, Околник 1, 00-368 Варшава, Лаҳистон).
Қадами 4
Ба Google Maps ворид шуда, суроғаи осорхонаи Шопенро ҷустуҷӯ мекунем ва дармеёбем. Яке аз бартариҳои харитаи Google ин модели 3D-и шаҳрҳо мебошад, ки дар тарафи рости поёни Google Maps ҷойгир аст. Аммо шаҳру навоҳии Тоҷикистон ҳанӯз дар байни онҳо нестанд ва умед мекунем, ки солҳои наздик пайдо мешаванд. Харитаро ба ҳолати «моҳвораӣ» («спутник»), ки дар тарафи чапи поёни Google Maps ҷойгир аст, баргардонед ё интиқол диҳед. Баъдан, тугмаи Ctrl ва тугмаи Чапи мушро баробар пахш намуда, ба осорхонаи мо аз чанд самту гӯша бингаред.
Қадами 5
Намуди зоҳирии биноро бо аксҳои худ муқоиса менамоем. Муайян мекунем, ки аз кадом тарафи осорхонаи Шопен акс бардошта шудааст (ишора – Пул).
Қадами 6
Акнун, бояд муайян кунем, ки ин акс аз кадом хона гирифта шудааст. Дар тарафи рости акси мо як қисми намоёни бино мавҷуд аст. Аз рӯи нишонаҳои берунӣ, дар харита ягона биноеро пайдо мекунем, ки аз он ҷо чунин акс бардоштан мумкин аст.
Агар шумо дар болои бино бо тугмаи Чапи муш дар Google Maps пахш кунед, метавонед суроғаи онро пайдо намоед: Tamka 37.
Қадами 7
Муайян мекунем, ки аз кадом тиреза акс гирифта шудааст. Барои ин, ба мо намуди кӯчаву роҳравҳо ва хиёбонҳо лозим аст. Марди рангаш зарди хурдакакро аз тарафи кунҷи рости поёни Google Maps кашида, онро ба тирезаҳои хона наздик мекунем ва кунҷи аз ҳама қулаю беҳтаринро пайдо месозем. Масалан, кӯпрук.
Бо назардошти он, ки пул тақрибан дар сатҳи ошёнаи 3-уми бино ҷойгир аст ва дар аксҳои аслӣ он ба таври назаррас пасттар аст, метавон тахмин кард, ки акси мазкур аз хонае дар ошёнаи 4-ум гирифта шудааст.
Адабиёти иловагӣ
- Александр Гороховский. Далелсанҷӣ чун раванди нав дар ЖТ (Имкониятҳо ва дурнамо). 2018
- Александр Гороховский. Фактчекинг как тренд ЖР (Возможности и перспективы). 2018