Spoiler/Спойлер (click to read/кликните, чтобы прочитать)
Салом, номи ман Марк Иган. Мехоҳам шуморо бо раванди ҷӯстуҷӯи идея ва питчинг барои қиссаҳо шинос кунам. |
Хуш, аввалин чизе ки бояд бидонем, ин аст ки қисса аз чӣ иборат аст? |
Инак чанд далеле барои тафаккур. Аввалан, оё мушкилот ё моҷарое ҳаст? Одамон зиёд назди ман меоянд ва чизеро пешниҳод мекунанд, ки ба назарашон қиссаи хубе ҳаст. Аммо мушкил инҷост, ки агар проблема, моҷаро ва ё кадом як чизи наве набошад, пас қисса ҳам намешавад. |
Агар шумо барои тамошои филм ба кинотеатр меравед, дар филм ҳамеша қаҳрамоне ҳаст, ки пешорӯяш кадом як мушкил қарор дорад. Дар қиссаҳои хабарӣ ҳам айни ҳамин аст. |
Агар шумо мегӯед, ки биёед дар бораи ин мағоза қисса таҳия мекунем, он дар бораи чӣ мешавад? Аммо агар мағоза дар масъалаи пардохти иҷорапулӣ, рақобат аз тарафи маркази савдои нав мушкил дошта бошад ва ё барои аз фаъолият намондан фикри ҷолибе карда бошад, дар ҳоле ки мағозаҳои дигари кӯчак ба нокомӣ мувоҷеҳ шудаанд, пас шумо соҳиби қисса ҳастед. |
Дар идома, оё дар он чизи ғайриоддие ҳаст? |
Агар касе ба парвоз бо парашут машғул аст, ин наметавонад хабар бошад. Агар ӯ 100-сола бошад ва аз ҳавопаймо бо парашут бипарад, пас ба эҳтимоли зиёд ин қисса аст. Агар ин чизи маъмулӣ ва одие бошад, гумон аст ки қиссаи хуб шавад. Рӯйдодҳоеро биҷӯед, ки фарқкунанда ва ғайриодӣ ҳастанд. |
Омили дигар ин аст ки оё қисса аз ҷониби аудитория қабул мешавад? |
Ба ибораи дигар, оё ин мавзӯъ хонанда, бинанда ва ё шунавандаи шуморо ба ташвиш меорад? Оё аудиторияе, ки шумо барояш кор мекунед, ба ин мавзӯъ, бахш ва замони чорабинӣ таваҷҷуҳ дорад ва ё ин мушкил ба онҳо низ дахл мекунад? |
Қиссаҳо дар мавриди таҷҳизоти нафасгирии сунъӣ пас аз зуҳури Covid-19 барои мухотабон хеле доғ шуданд, аммо як сол қабл касе ба он таваҷҷуҳ надошт. Муҳиммият омили калидӣ ба шумор меравад. |
Як омили дигар ин муаллифон ва иштирокдорон мебошад. Оё мусоҳибону коршиносони хуб ва ё одамоне ки қисса ба онҳо дахл дорад, доред? Баъзан андешаи коршинос ва ё қурбонии ҳодиса метавонанд дар инъикоси мавзӯъ нақши муҳим бозанд. |
Ва билохира оё акс, видео ё аудиое барои пешниҳоди қиссаи худ доред? Агар барои телевизион қисса таҳия мекунед, аммо додаҳои дидорӣ надоред, пас ин қиссаи шуморо заиф мекунад. Айни ҳамин чиз ба қиссаҳои радио рабт мегирад, агар мусоҳибони лозимро надошта бошед. Оё барои муассиртар пешниҳод кардани қисса захоири расонаӣ, монанди видео, акс ё аудио доред? |
Хуш, идея барои қиссаҳоро аз куҷо дарёфт мекунед? |
Аввалан, шумо варақаҳои матбуотӣ ва феҳристи чорабиниҳо доред. Маъмулан онҳо барои эълони ахбор лозиманд. Дар ин ҳолат, шумо одатан маълум мекунед, ки чӣ рӯй медиҳад ва интихоб мекунед, ки аз чӣ зовияе мехоҳед қиссаро нақл кунед. |
Дар идома истифодаи додаҳо аст. Маъмулан гузоришу ҳисоботҳо ва пажуҳишҳо ҳастанд, ки дар мавриди ҳодиса чизи зиёде медиҳанд. Агар таҳлили арқомро метавонед, чизи ғайриодӣ ё ҷолиберо пайдо мекунед, пас метавонед онро ба қисса табил диҳед. Барои мисол, агар як мактаб дар қиёс ба макотиби дигари вилоят хеле бад фаъолият мекунад, метавонед сабабҳои онро биомӯзед ва аз он қисса бисозед. |
Боз як роҳи дигари осони муайян кардани раванд ва пайдо кардани қисса ин мушоҳида кардани шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Огоҳиро рӯшан намуда мавзӯъҳо ё ҳаштагҳои мушаххасро биҷӯед. Шабакаҳои иҷтимоӣ беҳтарин васила аст то бидонед, ки аудиторияи шумо дар чӣ бора суҳбат мекунад. Беҳтарин василаи пайдо кардани қиссаҳои воқеӣ – тартиб додани шабакаи иртиботот мебошад. Онҳо метавонанд чашму гӯшҳои шумо бошанд. Ба онҳо бигӯед, ки ба чӣ таваҷҷуҳ доред ва чӣ тавр мешавад бо шумо тамос гирифт. Бо ин шабака пайваста дар иртибот бошед ва сари чанд вақт бипурсед, ки оё вақтҳои ахир чизи ҷолиберо мушоҳида кардаанд? |
Ва билохира, мушоҳидагар бошед. Баъзан тааҷҷуб мекунам, ки оё журналистони муосир метавонанд қисса пайдо кунанд, агар дар дафтари кории онҳо барқ қатъ шавад. Барои пайдо кардани қисса ба шумо компютер лозим нест. Ба атрофи худ назар кунед. Дар минтақаи шумо чӣ тамоюлҳо ҳастанд? Оё чизе беҳтар ё бадтар шуд? Оё чизи ғайриодиеро дидед, ки қобили тадқиқро дошта бошад? |
Агар шумо вақте машғули кори маъмулӣ ҳастед, фаъолона дар пайи пайдо кардани қиссаҳо нашавед, пас метавонед онҳоро сарфи назар кунед. Акнун, вақте идея барои қиссаро доред, онро бояд ба пешниҳод табдил диҳед. Яъне, метавонед идеяи худро дар ҷаласа пешниҳод кунед ва ё пешниҳоди расмӣ нависед. |
Аввалин коре ки бояд анҷом бидиҳед, ин аст ки талаботи расонаи хабарии мазкурро муайян намоед. Оё ба онҳо пешниҳод дар қолаби махсус лозим аст, масалан дар шакли нома ва ё муаррифии кутоҳи видеоӣ? Новобаста аз он ки мехоҳед расман муроҷиат кунед ва ё танҳо бо муҳаррири бахши хабарӣ суҳбат намоед, беҳтар аст, қиссаро дар як ҷумла хулоса намоед. |
Агар наметавонед идеяи худро дар қолаби як ҷумла пешниҳод кунед, пас эҳтимолан дар питчи худ ҳанӯз мушаххас нестед. |
Агар мусоҳибаи дарнақшагирифта доред, онро дар питчи худ ворид кунед. Бо киҳо метавонед суҳбат кунед ва чаро тасмим гирифтед, ки бо онҳо суҳбат кунед? Ба ҷумлаи худ он чиро илова намоед, ки бинанда, хонанда ё шунаванда мебинад ё гӯш мекунад. Ин ба муҳаррир ё масъулини тасмимгиранда имкон медиҳад, дар бораи чигунагии матлаб тасаввуроти бештаре пайдо кунанд. |
Вақте дар бораи чӣ тавр таҳия кардани қисса гуфтем, мухотабонро баррасӣ кардем. Ва боз ҳам, дар ин қисмат шумо бояд шарҳ бидиҳед, ки чаро фикр мекунед ин қисса барои аудиторияи муайян рост меояд? Чаро онро маҳз ҳамин тавр бояд таҳия кард? Ин ҳама замоне аҳамият пайдо мекунад, ки худро дар ҷойи муҳаррир ва ё касе ки тасмим мегирад, гузоред. |
Хуш, муҳаррирон боз чиро меҷӯянд? Аввалан, онҳо мебинанд, ки оё идеяи шумо ба ҳадаф, тарзи пешниҳод ва мавзӯоте, ки маъмулан дар расонаи онҳо нашр мешавад, мувофиқат мекунад. Шояд қиссаи хубе доред, аммо он на барои ин расона ва ё сомонаи мушаххас бошад. |
Баъдан онҳо нигоҳ мекунанд, ки ба чунин қисса мухотабон вокуниш мекунанд ё на. Феълан, муҳаррирон маълумоти зиёде дар бораи аудитория доранд. Онҳо медонанд, ки ба кадом матолиб таваҷҷуҳ мешавад ва кадом видеоҳоро тамошо мекунанд. Агар қиссаи шумо ба қиссае, ки мухотабонро дар соли гузашта ҷалб карда буд, монанд бошад, пас муҳаррири бахши ахбор мутмаин аст, ки он мешавад. |
Дар идома муҳаррирони ахбор мехоҳанд нақшаеро бидонанд, ки шумо чи тавр қиссаро пешниҳод мекунед. Сторителлинги бад метавонад қиссаи хубро хароб кунад. Онҳо мехоҳанд фаҳманд, ки дар бораи шеваи ҷолиби ба қисса табдил додани идея чӣ фикр кардаед. |
Баъдан онҳо мехоҳанд мутмаин бошанд, ки қиссаи шумо муваффақ мешавад. Ман инро дар назар дорам, ки оё шумо корро то охир мебаред ё не. Агар шумо бигӯед, ки сайъ мекунед бо дастаи ҷиноӣ суҳбат кунед, аммо мутмаин нестед, ки онҳо гап мезананд ё не…пас муҳаррир шояд фикр кунад, ки ин сарфи беҳудаи вақту нерӯ бидуни натиҷаи ниҳойӣ аст. Онҳо хуш доранд бидонанд, ки дар ниҳоят шумо бо қиссаи омодашуда меоед. |
Онҳо қиссаи шуморо бо феҳристи хабарии ҷорӣ муқоиса мекунанд. Агар онҳо ба қарибӣ дар бораи кишоварзӣ матлаби зиёде нашр кардаанд, шояд боз ба як қиссаи монанд таваҷҷуҳ накунанд. Аз тарафи дигар агар мавзӯи доғе ҳаст ва мухотабон интизори шарҳи бештар ҳастанд, пас ба эҳтимоли зиёд қиссаҳо дар ин мавзӯъ дархост мешаванд. |
Агар дар куҷое дармондед ва наметавонед қиссаи хуб пайдо кунед (дар зиндагии ҳамаи мо рӯзҳое мешаванд, ки фикр мекунед, чизе ба вуқӯъ намепайвандад), пас, инак чанд идея барои шумо. |
Ба 6 моҳ ва ё як сол қабл назар андозед. Бубинед, ки он вақт кадом мавзӯъҳоро инъикос кардаед, бо чанд занги телефонӣ бубинед ки оё чизи наве вобаста ба он мавзӯъҳо ҳаст? Дар хабарҳо мо зиёд ба пайгирии мавзӯъҳо дар давоми чанд рӯз машғул мешавем, аммо баъдан ба мавзӯи дигар мегузарем. Агар баргардед ва бингаред, ки чӣ чизе тағйир ёфтааст, метавонед қиссаи наве таҳия кунед. |
Роҳи дигар – ба ҷойи кори одамон, ки онҷо бо инсонҳои гуногун сару кор доранд, рафта бо онҳо суҳбат кардан аст. Ронандаҳои таксӣ ва сартарошҳо намунаҳои хубе ҳастанд. Бубинед, ки муштариёни онҳо дар чӣ хусус гап мезананд. Баъзан метавонад мушкил ё тамоюле ба миён биёяд, ки барои қисса мувофиқ аст. |
Мо дар бораи шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтем, аммо абзорҳои махсусе, монанди Crowdtangle ҳастанд, ки муайян мекунанд, чи чизе серхонанда аст ва оё хабарҳои доғе ҳастанд? |
Яке аз рӯйкардҳои ахир ин аст ки бояд ба мушкили муайяне, ки ҷомеаи шумо бо он рӯ ба рӯ аст, нигоҳ кард ва дид ки оё кадом шаҳри дигаре, ташкилоте ва ё кишваре барои ҳалли беҳтари ин мушкил коре кардааст. Муқоисаи ду рӯйкард дар ҳалли як мушкил метавонад қиссаи хубе бошад. Агар чашмҳоятонро боз нигоҳ доред, тамоми манобеи мавзӯъҳоро назар андозед, пас аз идеяҳои худ пешниҳодҳои хубе барои қиссаи ояндаи худ месозед, ки муҳаррир бидуни дудилагӣ онро тасдиқ мекунад. |