Download
Print

Лола Олимова. Тарзи истифодабарии меъёрҳои байналмилалии рӯзноманигорӣ дар фаъолияти касбӣ

Бисёриҳо қабул доранд, ки дақиқият, воқеиятнигорӣ ва беғаразӣ усулҳои асосии рӯзноманигории асил мебошанд. Усулҳое ки асоси омодагии касбӣ дар IWPR низ ҳастанд.  


Рӯзноманигорони Афғонистон аз пешвоёни маҳаллӣ мусоҳиба мегиранд. Акс аз IWPR

Рӯзноманигорӣ ҳам мисли ҷаҳоне, ки дар расонаҳо инъикос мешавад, рангоранг аст. Кори журналистоне, ки ба таҳияи хабар машғуланд, аз фаъолияти онҳое ки матолиби ҳангомасоз таҳия мекунанд, дар бораи чеҳраҳои саршинос менависанд ва ё ба сифати шореҳи ҳафтаномаҳо фаъолият мекунанд, тафовут дорад. Кори хабарнигори амрикоӣ аксаран аз таҷрибаи журналисти бритониёӣ тафовути зиёд дорад, дар ҳоле ки навиштаи онҳо ба навиштаи ҳамкасбонашон аз кишварҳои аврупоӣ монанд нест. Шеваи навишти рӯзноманигорони қора ва манотиқи дигар метавонад, боз ҳам фарқи бештар дошта бошад.

Аммо бо таваҷҷуҳ ба ҳамаи ин тафовут, созмонҳои журналистӣ дар саросари дунё талош карданд, меъёрҳои ахлоқи касбиро таҳия намоянд.

Аксарият қабул доранд, ки дақиқият, воқеиятнигорӣ ва беғаразӣ усулҳои асосии рӯзноманигории асил мебошанд. Усулҳое ки асоси омодагии касбӣ дар IWPR низ ҳастанд.

Дар ин боб шарҳи ин меъёрҳои байналмилалӣ пешниҳод гардида, унсурҳои аслие, ки ҷавҳари рӯзноманигории хубро ташкил медиҳанд, баррасӣ хоҳанд шуд.

Бидуни шак, тафовут вуҷуд дорад, аммо бештари вақт онҳо ба шеваи баён ва таъкидҳо марбутанд. Ба матлаби зер таваҷҷуҳ намоед.

■ Ҳушдор барои ҷилавгирӣ аз таҳрик ва табъиз – аз вижагиҳои намоёни Кодекси рӯзноманигорони матбуоти Босния мебошад.

■ Воқеиятнигорӣ ва саҳеҳият усулҳои асосии кор барои хабарнигорони ВВС ҳастанд.

■ Меъёрҳои журналистикаи Анҷумани ноширон ва муҳаррирони нашрияҳои Ҷопон матбуотро уҳдадор мекунанд, ки “барои таъмини шукуфоӣ ва ояндаи осоишта пайваста саъй кунанд”.

■ Анҷумани журналистони Қирғизистон муҳимтарин нуктаи кодекси ахлоқро дақиқ муайян кардааст: “Рӯзноманигорон вазифадоранд, ки ба ҳақиқат хидмат кунанд. Нақши васоити ахбори омма ҷустуҷӯи ҳақиқат  аст”.

Ҳамаи ин кодексҳои ахлоқ ба худдорӣ аз нуктаҳои зер таъкид мекунанд:

■ туҳмат ва таҳқир

■ асардуздӣ (плагиат)

■ гирифтани пора

■ навиштани матолиби бофтаву ҷаълӣ

Дастурамалҳои зиёде ҳастанд, ки равишҳои гуногуни журналистикаи касбиро меомӯзонанд – чӣ тавр бояд ҷиноятҳои ҳарбиро инъикос кард, чӣ тавр бояд дар мавриди қурбониёну осебдидаҳо навишт, чӣ тавр ба “рӯзноманигории оммавӣ” машғул шуд ва ё чӣ тавр “гузориши бомасъулият” таҳия кард; охирӣ мавзӯи душвор ва баъзан баҳсбарангез буда, ба чӣ тавр инъикос намудани низоъ ва чӣ тавр ба оянда таъсир гузоштани оқибатҳои низоъ тамаркуз дорад. Бархе аз ин мавзӯъҳо дар ҳамин дастурамал баррасӣ шудаанд.

Аммо дар заминаи ҳамаи ин ва дар ҷавҳари нақши расонаҳо дар рушди ҷомеа ва ташаккули демократия инъикоси рӯйдодҳое қарор мегирад, ки ба далелҳо асос ёфтааст.

Таъмини иттилооти муътамад бо ҳадафи ба роҳ мондани мубоҳисаи ҷиддии ҷамъиятӣ, баланд бардоштани сатҳи масъулияти мансабдорон назди мардум ва иттилоотонии интихобкунандаҳо – ҳадафҳои аслии васоити ахбори омма дар ҷомеаи демократӣ мебошад.

Бидуни шак, бештари меъёрҳои касбӣ ба нақши боризи васоити ахбори омма дар таъмини иттилооти муътамад таъкид мекунанд.

Унсурҳои асосӣ

Тақрибан дар ҳар яке аз кодексҳои ахлоқии журналистон дасти кам се омили асосӣ дар таҷрибаи журналистика мавҷуданд: беғаразӣ, ҳақиқатнигорӣ ва ростқавлӣ. Онҳоро метавон ҳамчун меъёрҳои умумӣ баҳо дод.

Меъёрҳои ахлоқӣ инчунин зарурати ростқавлӣ ва хушодобиро ҳангоми гирд овардани хабарҳо таъкид мекунанд. Бештари кодексҳо ҳифзи манбаи ахборро низ ҳангоми гирдоварии иттилоот муҳим мешуморанд.  

  1. Беғаразӣ

Бештари кодексҳои меъёрҳои ахлоқӣ ва қоидаҳои рафтори журналистӣ “беғаразӣ” ва ё “мустақилият”-ро ҳангоми инъикоси рӯйдод дар мадди аввал мегузоранд. Аммо ин консепсия метавонад, барои муайян кардан мушкил пеш биёрад.

Беғаразӣ ба ин маънӣ аст, ки гузориш набояд ҷонибдории ягон ҳизби сиёсӣ, дин, мардум ва ё гуруҳҳои нажодиро бар ивази хисорот ба дигарӣ таъмин кунад. Беғаразӣ имкон медиҳад, иттилои холисона дар бораи сиёсат ва изҳороти ҷонибҳо пешниҳод шавад ва он метавонад тавзеҳеро, ки як ҳизб ё гурӯҳ нисбат ба дигарӣ баён доштааст, дарбар гирад. Аммо усули аслӣ ин аст, ки журналист набояд андешаи шахсии худро мустақим баён намояд, шарҳи худро пешниҳод кунад ва ё афзалиятҳои шахсии сиёсии худро баён созад.

Рӯзноманигории дорои тавозун фарқияти байни далел ва андешаи шахсиро таъмин мекунад.

Рӯзноманигорон бояд ба тамоми тарафҳои рӯйдод ҳаққи ибрози андешаро бидиҳанд. Акс аз IWPR-Гурҷистон

Дар бештари кишварҳо расонаҳо бар инанд, ки бидуни кадом як дастгирии молӣ фаъолият кардан душвор аст. Ҳизбҳои сиёсӣ, гуруҳҳое, ки ба сиёсат таъсиргузоранд ва ё тоҷирони таъсиргузор, ки манфиатҳои сиёсиро дунбол мекунанд, номзадҳои хубе барои ироаи чунин дастгирӣ ҳастанд. Дар чунин ҳолат, рӯзномаҳо ҳеч набошад бояд сарчашмаҳои маблағгузории худро эълон кунанд, то ки хонандаҳо тавононад дар мавриди беғаразии онҳо андеша кунанд.

Расонаҳои масъулиятшинос миёни хабарҳои қобили нашр ва дидгоҳҳои хос фосилаи мушаххас мегузоранд. Хабарҳо дар саҳифаҳои аввал мунташир мешаванд, сармақола ва дидгоҳҳо бошанд дар саҳифаҳои дохил ва бо ишораҳои возеҳ. Бархе нашрияҳо матлабҳоеро чоп мекунанд, ки “таҳлилӣ” ҳастанд ва ба ин васила нигоҳи муайяни журналист дар он инъикос мегардад, онро ҳамчун “таҳлили хабарҳо” унвон мегузоранд, то аз хабарҳои бевосита фарқкунанда бошанд. Дар бештари нашрияҳо, гуруҳҳои редаксионӣ, ки ба таҳияи хабарҳо машғуланд ва онҳое ки гӯшаҳои матолиб ва шарҳҳои редаксиониро омода мекунанд, аз ҳамдигар ҷудо кор мекунанд ва ба онҳо иҷоза дода намешавад, ҳатто бо ҳам иртибот дошта бошанд.

Дар Ғарб бештари васоити ахбори омма ва нашрияҳо ба ширкатҳои хусусӣ тааллуқ доранд ва нашри матолиби беғаразона дар мавзӯъҳои тиҷорӣ рӯйкарди хеле зарифро тақозо мекунад. Шӯъбаҳои таҳририя ва тиҷоратӣ ё таблиғот комилан аз ҳамдигар ҷудо ҳастанд.

Ҳолатҳое буданд, ки дар пайи талоши таъсиргузорӣ ба мазмуни матолиб аз ҷониби ношир ё соҳиби ВАО муҳаррир аз кор истеъфо додааст. Ва агар муҳаррир пас аз чунин дахолат дар мақоми худ боқӣ мондааст, пас ин сабаби беэътибории бархе нашрияҳо гардидааст.

Бештари маврид ихтилоф замоне ба миён меояд, ки нашрия ё ширкати радио ва телевизионӣ маводе дорад, ки метавонад соҳибони ВАО ва ширкатеро, ки ҳаҷми қобили мулоҳизаи рекламаро дар саҳифаҳои газета ё эфир фармоиш медиҳанд, дар ҳолати ногувор гузорад. Агар он матлаби интиқодиро нашр кунад, пас метавонад аз даромад маҳрум шавад. Аммо агар ин иттилоъ нашр нагардад, пас ин ВАО беғараз нест ва эътибори худро аз даст медиҳад.

Бо далелҳои зиёде беғаразии сиёсиро риоя кардан мушкил аст. Дар бархе кишварҳо дар ҳолати интиқоди ҳукумат васоити ахбори омма зери фишори мустақим қарор мегиранд ва онҳо ҷонибдор ё “хизматгори хоҷаҳои хориҷӣ” дониста мешаванд. Ба вижа дар давраҳое ки нерӯҳои ҷомеа аз ҳад зиёд аз ҳам дур ва мухолифи якдигар шудаанд, дар мавқеи худ устувор будан мушкил аст.

Беғараз будан бо сабабҳои соддаи дигар ҳам душвор аст. Суханҳои гуфтаи президенти кишвар дар қиёс ба андешаи як сокини русто бешак муҳимтар шумурда мешавад. Ҳатто агар раисҷумҳур ошкоро ба таблиғот машғул бошад ва деҳқон аз мушкилоти мавҷуда, ки ба пояҳои сиёсати давлат марбут аст, сухан гӯяд.

  1. Ҳақиқатнигорӣ

Рӯзноманигори ироқӣ сабти аудиоро гӯш карда, онро бо иттилои дафтари худ муқоиса мекунад. Акс аз IWPR-Ироқ

Ҳар кодекси ахлоқи журналистӣ ба зарурати ҳақиқатнигорӣ таъкид мекунад. Талоши “дуруст анҷом додан” ҳамеша аз тезтар анҷом додан дида пештар меистад. Ҳар касе ки барои пешгом шудан талош мекунад, аммо корро нодуруст анҷом медиҳад, гумон аст ки қадрдонӣ шавад.

Маҳорати навиштан барои журналист ин маҳорати пешниҳоди иттилои возеҳ, мухтасар ва коромад (муассир) мебошад. Он бояд ба далелҳои раднопазир асос ёфта бошад; хабарнигор бояд донад, ки чӣ тавр ва аз куҷо иттилои муътамадро дарёфт кунад.

Ин ба маънии доштани маҳорати хуби мушоҳидагарӣ, малакаи гӯш карда тавонистан, фазилат ва қаблтар аз ҳама маҳорати суҳбат карда тавонистан бо одамони лозим ҳангоми ҷустуҷӯи иттилооти муътамад мебошад.

Аксиома барои журналистон ин аст, ки хабарнигорони беҳтарин ба он андозае хуб ҳастанд, ки манобеи онҳо хуб бошанд. Аз ин рӯ, пайдо кардани манбаъҳои хуб ва арзёбии иттилои пешниҳодшударо бояд ёд бигиред. Яъне, бояд ҳам одамони муътамадро шинохт (ва боварии онҳоро ба даст овард) ва ҳам онҳоеро ки чунин нестанд. Вазифаи аз ҳама душвор ин аст, ки чӣ тавр тавозуни назароти мухолифро дар мавриди як рӯйдод риоя кард.

Бештари созмонҳои журналистӣ ба “қоидаи ду манбаъ” исрор меварзанд, яъне ҳар далел пеш аз он ки пазируфта шавад, бояд аз ҷониби ду манбаи мустақил тасдиқ гардад.

Журналистонро зарур аст дар сурати фароҳам будани шароит суҳбатҳоро чӣ дар дафтар ва чӣ дар диктофон сабт кунанд, то муътақид шаванд, ки иттилоъ то ҳадди имконпазир дақиқу дуруст аст. Риояи ин меъёри эътирофгардида садоқат ва эътимодро ифода мекунад, ҳатто агар ин ба дуруст навиштани ному насаб бастагӣ дошта бошад. Ҳақиқатнигорӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба ҷузъиётро талаб мекунад, зеро ҳатто як иштибоҳи одӣ метавонад эътимоднокии матлаби шуморо зери суол гузорад. Ин маънии зарурати санҷиши батакрори далелҳо ва ҳатто маълумоти эътирофшударо дорад.

Ба ёд дошта бошед
Ҳангоми дуруст таҳия кардани матлаб зарур аст, ба манбаъҳо занг бизанед, то мутмаин шавед, ки суханони онҳо дуруст навишта шудаанд, ба вижа дар ҳолате ки манбаи дигар онро рад карда бошад. Инро санҷиши далел мегӯянд ва дар баъзе расонаҳои маъруф маводи барои матлаб ҷамъоваришударо пажуҳишгари махсус ва ё рӯзноманигори навкор дубора ҷамъ меоварад, то дақиқияти далелҳо тасдиқ шавад. Махсусан, агар гап сари матлаби душвор ва ҳангомабарангез бошад. Баъзан, агар кадом як шубҳа ба миён биёяд, пас барои роҳ надодан ба иштибоҳ шояд нашри матлабро мавқуф мегузоранд. Пешниҳоди нодурусти матлаб метавонад, ба обрӯю эътибор дар оянда таъсири манфӣ расонад. Дар ҳолатҳое ҳам метавонад сабаби хисороти ҷиддӣ, бо шумули даъвои додгоҳӣ шавад.

Ҳақиқатнигорӣ танҳо ба далелҳо дахл надорад; он ба заминаи матлаб ҳам марбут аст. Иттилое ки ба номзад қабл аз интихобот ва ё ба фаъолияти ширкат зарар мерасонад, оқибатҳои ҷиддӣ дар пай дорад. Хонанда бояд бидонад, ки ин маълумот аз куҷо аст ва оё ин манбаъ ангезаҳои ғаразнок надорад?

Оё ягон манфиатдорони пинҳонии нашри иттилоъ нестанд, ки журналистро ба эҳтиёт шудан водор менамоянд ва бояд ба тавре муаррифӣ карда шаванд, ки мухотабон дар мавриди онҳо маҷбур ба хулосаи одилона шаванд? Ва маҳсулотеро танқид кардани истеъмолкунанда аз танқиди намояндаи ширкати рақобаткунандае, ки маҳз чунин маҳсулот истеҳсол менамояд, фарқи хеле калон дорад.

Бештари одамон шикоят мекунанд, ки баъзан чунин матолиб “беғаразона” нестанд. Ин метавонад интиқоди воқеӣ бошад, махсусан агар маълум бошад ки журналист ҳадафҳои худро дунбол мекунад. Ё ин метавонад бо усули пардапӯшона изҳор кардани он бошад, ки мақола бо нуқтаи назари онҳо созгор нест.

Рӯзноманигорони нисбатан ботаҷриба бо ин гуфта мувофиқанд, ки ҳангоми таҳияи хабарҳо ба ҳақиқатнигории воқеӣ даст ёфтан душвор аст, агар нагӯем, ки номумкин аст. Таҷрибаи инфиродии журналист ва тасаввуроти шахсии ӯ метавонад вазъи воқеиро таҳриф кунад. Журналист бояд ҳамеша инро дар хотир дошта бошад ва талош кунад, ки ҳамеша аснои пешниҳоди рӯйдод беғаразиро риоя кунанд.

Қабл аз ҳама, тамоми журналистон ба далелҳо такя мекунанд ва дурустии онҳоро месанҷанд. Баъзан барои навиштани як матлаби хуб журналистро рӯйдоде водор мекунад, ки хашму ғазаб ё нигаронии ӯро ба миён овардааст.

Аммо вай бояд ба ҷустуҷӯи иттилоот содиқона муносибат кунад, то матлаби худро асоснок намояд ва дарк созад, ки он метавонад ба натиҷаҳои ғайриинтизор ва изтиробангез оварда расонад. Василаҳои дарёфт ва навиштани далелҳо бояд воқеӣ бошанд ва ё дасти кам нишон бидиҳад, ки журналист талош кардааст, воқеиятро баён кунад.

  1. Ростқавлӣ

Адолат нисбат ба одамоне, ки мусоҳиби шумоанд, ифодагари поквиҷдонии шумо, чӣ дар ҷамъ овардани иттилоот ва чӣ дар пешниҳоди он мебошад.

Ҳамсуҳбатони шумо ҳақ доранд, бидонанд ки мақола ва ё барнома дар чӣ бора аст; иштироки онҳо чӣ нақше хоҳад дошт; оё мусоҳибаи радиоӣ ё телевизионӣ ба таври зинда пахш мешавад ё пас аз танзим; он чӣ гуна таҳриру танзим мешавад? Онҳо инчунин ҳақ доранд бидонанд, ки оё онҳоро ба навор мегиранд ё на, агар ҳа, пас илова кардани бархе тағйиротро талаб кунанд. Аммо ростқавлӣ ва поквиҷдонӣ дар муносибати байни тарафҳо ва дар баёни рӯйдод бояд чизи калидӣ бошад.

Федератсияи байналмилалии журналистон изҳор медорад:

“Журналист барои дарёфти хабарҳо, аксҳо ва санадҳо бояд танҳо роҳҳои дурустро истифода намояд”. Ин ба он маънӣ аст, ки дар шароитҳои одӣ худро ҳамчун журналист муаррифӣ намоед ва аз истифодаи таҳдид ва ё нерӯ барои дарёфти иттилоот худдорӣ кунед. 

Ин ки шумо чизеро медонед, ба ин маънӣ нест ки метавонед онро дар матлаби худ истифода намоед. То замоне ки шумо дар иртибот ба боэътимодии маълумот ҳифозат надошта бошед ва дар аксари ҳолатҳо манбае надошта бошед, ки бо роҳи дуруст ва ошкоро сабт шуда бошад, шумо иттилое барои нашр кардан “надоред”. Ва танҳо дар шароитҳои истисноӣ ва хос, ки ба манфиати ҷамъият мебошад, барои дарёфти иттилоот метавон нақзи қонунро муҷоз донист.

Адолат ин аст ки ба ҳар нафаре ки шумо интиқод мекунед, шонси посух додан ба паёмҳоеро диҳед, ки дар ин матлаб дар бораи онҳо гуфта шудааст. Касе шояд аз дидани номаш дар матлаби шумо нигарон шавад, вале нашри матлаб барои ӯ набояд ғайриинтизор бошад, зеро журналистро лозим аст, ҳамеша бо одамони мавриди назар интиқодро унвонии онҳо пеш аз интишори матлаб баррасӣ кунад (Эзоҳ: ин маъние надорад, ки ин нафар бояд тамоми мақоларо мутолиа кунад, балки ба ин маънӣ аст, ки бояд моҳияти интиқод унвонии ӯ фаҳмонда шавад).  

Агар фикр мекунед, ки баррасӣ кардани интиқоди шумо бо субъекти матлабатон нороҳаткунанда аст, ба ҳар сурат ҳангоми нашри он ин нороҳатиро доред. Интиқод унвонии кадом як шахсият матлаби шуморо нисбатан таҳким мебахшад, аммо агар дар ин баробар тарафҳои мусбати ин нафарро ҳам ворид кунед, мақолаи шумо нисбатан мутавозӣ ва интиқоди шумо бошад, нисбатан пурвазн хоҳад шуд.

  1. Ҳақиқатнигорӣ ва поквиҷдонӣ

Чӣ гуна кори худро анҷом додану натиҷаи онро пешниҳод кардани журналистон ба меъёрҳои ахлоқӣ ва таҷриба асос ёфта, барои ба даст овардани эътимоди мардум ҳаётан муҳим ба ҳисоб меравад. Меъёрҳои ахлоқии навишташуда ва нонавиштаи рӯзноманигорӣ ҳамеша ба риояи қоидаҳо ҳангоми ҷамъоварӣ, санҷиш ва паҳн кардани ахбор таъкид мекунанд. Ҳангоми душвориҳо ва дилеммаҳои мавҷуда, ки ҳар замон дар фаъолияти рӯзноманигорӣ ба вуҷуд меоянд, шинохти марз ва доштани андозаи меъёрҳои шахсӣ ниҳоят муҳим мебошад.

Бар иловаи воқеиятнигорӣ ва ростқавлӣ, бештари кодексҳо ба ҳақгӯӣ, кушодагӯӣ ва ақли солим ҳангоми навиштани хабарҳо таъкид мекунанд. Зарурати ҷустуҷӯи иттилоот бо ҳар қиммат ба ин маънӣ нест, ки поквиҷдонӣ сарфи назар шавад.

Барои мисол, хабарнигорон бо истодагарӣ дар кори худ маъруфанд, аммо онҳо набояд ба таҳқир ва тарсондан роҳ диҳанд. Журналистон бояд маълумотро ба таври ошкоро ҷамъоварӣ кунанд ва ба истиснои ҳолатҳои хос (ва бо иҷозаи муҳаррир) набояд аз шеваҳои сабти пинҳонӣ кор бигиранд. Ҳар нафаре, ки аз ҷониби матбуот танқид шудааст, бояд ҳаққи ҷавоб гуфтанро дошта бошад. 

Журналистон бояд аз дахолати беасос ба зиндагии одамоне, ки аз осеб ё шок ранҷ мебаранд, худдорӣ намуда, бояд ҳуқуқ ба зиндагии шахсиро эҳтиром намоянд. Ба кӯдакон ва қурбониёни ҷиноятҳои ҷинсӣ бояд хеле боназокат муносибат кард, қонунгузории бисёре аз кишварҳо аккосӣ кардан ва ифшои номи онҳоро манъ мекунад. Журналистоне ки дар риштаи тиҷорат кор мекунанд, бояд аз пешниҳоди хабар дар бораи ширкате, ки онҷо манфиати молӣ доранд, худдорӣ кунанд ва агар ин корро анҷом медиҳанд, бояд дар мавриди он хабар бидиҳанд. Масалан, агар онҳо саҳмияи ин ширкатҳоро доранд, бояд онро эълон кунанд. Бештари созмонҳои расонаӣ қоидаҳои дақиқе доранд, ки ҳуқуқи соҳибият ба коғазҳои қиматнок ва амалиёти тиҷоратии аз ҷониби журналистон анҷомшударо танзим мекунад.

То кунун бо далели печидагии масоили ахлоқӣ бештари кодекс ва қоидаҳои журналистон аз эълони қоидаҳои зиёди мутлақ худдорӣ мекунанд. Дар ҳолатҳои фавқулодда қоидаҳои қатъӣ муқарраршудаи фаъолияти журналистикаи хабариро дар партави таваҷҷӯҳи афзояндаи ҷомеа ислоҳ кардан мумкин аст. Кодексҳои касбӣ маъмулан ба журналистон таъкид мекунанд, ки ҳеч гоҳ худро касе муаррифӣ накунанд, ки нестанд. Журналист чӣ тавр метавонад, дурӯғро ошкор кунад, агар худи ӯ дурӯғ бигӯяд?

Вале, баъзан ба сифати ягона роҳи ошкор намудани ришвахории мансабдорон, масалан мешавад барои ба дом афтонидани чунин нафарон вонамуд кард ё аз ҳилла кор гирифт. Дар ин ҳолатҳо беҳтар аст, бо муҳаррирон ва ё ҳамкорон машварат намуд, инчунин меъёрҳои ахлоқии шахсиро риоя кард.

Боз як қоидаи ахлоқӣ таъкид мекунад: ҳеч гоҳ ба асардуздӣ машғул нашавед. Табиист, ки ҳар матлаби нав дар заминаи матолиби аллакай нашршуда таҳия мешавад. Аммо ҳатман ба ҳамкорон ва ё ҳатто рақибоне, ки аз гузоришҳояшон истифода мекунед, истинод кунед. Ҳеч гоҳ заҳмати дигаронро набояд ба номи худ сабт кард. Дар ҳолати ғайр карераи шумо тамом мешавад.

Вақте бо дилеммаи ахлоқӣ рӯ ба рӯ мешавед, ҳамеша аз худ бипурсед:

■ Оё роҳи дигари ба даст овардани чунин иттилооъ вуҷуд дорад?

■ Оё метавонед ба нафаре ки зиён расонидед, бо виҷдони пок амали худро шарҳ бидиҳед?

■ Агар чунин як ҳолат бори дигар ба вуҷуд биёяд, дубора чунин рафтор мекунед?

■ Агар на хабарнигор, балки дар ҷойи қаҳрамони матлаби худ мешудед, чӣ тавр рафтор мекардед?

■ Оё тамоми талошро барои саҳеҳият ва адолат анҷом додаед?

■ Барои пайдо кардани тамоми ҷанбаъҳои ин мақола ҳама талоши худро сарф кардаед?

■ Оё тасмими шумо аз таъсири беруна, ба вижа аз таъсири шахсиатон озод аст?

  1. Ҳифзи манбаи иттилоот

Кодекси одоби журналистон одатан ба ҳифзи манбаи иттилоот аҳамияти зиёд медиҳад, баъзан ҳатто ошкоро дар муқобили қонун қарор мегирад. Баъзеҳо ба “тааҳудоти ахлоқӣ” барои ошкор накардани манбаи ахбор таъкид мекунанд.

Рӯзноманигори бовиҷдон манобеи маълумоти худро ҳифз мекунад. Акс аз IWPR-Афғонистон

Дар Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) мо бар инем, ки ҳифзи манбаи иттиллот ҳуқуқи асосии журналист мебошад. Аммо душвор аст гуфтан ки ҳифзи манбаи иттилоъ ба сифати меъёри байналмилалӣ дар тамоми ҷаҳон қабул шуда бошад. Баъзан ин меъёр риоя намешавад ва дар бештари маврид барои журналист ва ё манбаи ӯ оқибатҳои ҷиддӣ ба бор меорад.

Созмонҳои журналистӣ – Федератсияи байналмилалии рӯзноманигорон, Кумитаи ҳифзи журналистон – маққарашон ИМА ва Хабарнигорони бидуни марз қароргоҳаш Париж дар баррасии парвандаҳое иштирок кардаанд, ки журналистон аз фишори шадид (баъзан аз ҷониби ҳукуматҳои саркӯбгар) паноҳ ҷӯстаанд ва ҳадафи фишорҳо ифшои исмҳои манбаъҳо будааст.

Барои журналистоне, ки ваъдаи ҳифзи манбаъро медиҳанд, аммо дар ниҳоят онро ошкор месозанд, дар оянда ба даст овардани боварии манбаъҳои ахбор хеле душвор мегардад. Вақте манбаи хабар ва ё ҳарифи сиёсӣ изҳоротҳои фошкунандаи пинҳонӣ медиҳанд, мансабдорон манфиатдоранд, ки номашро бидонанд, зеро мехоҳанд ӯро муҷозот кунанд ва ба дигарон тарс бидиҳанд, ки дар оянда чунин изҳоротҳоро надиҳанд.

Аксар вақт ин масъала дар вазъи ҳуқуқӣ маҳдуд мешавад. Агар журналист маълумоти махфиро аз манбаи ниҳонӣ дарёфт кунад, ҳукумат шояд бо ишора ба ин ки ин маълумот банди қонунгузориро дар бораи маҳрамият нақз кардааст, бихоҳад ки алайҳи манбаъ ба додгоҳ шикоят кунад.

Ин масъала ба моҳияти баҳс дар бораи озодии иттилоот дахл дорад. Бар илова, бештари кишварҳо ҳуқуқи журналист ба ҳифзи манбаи хабарро  кафолат намедиҳанд ва баъзан (масалан дар ИМА ва ё Австралия) дар чунин ҳолатҳо журналистон метавонанд аз озодӣ маҳрум шаванд. Бархе додгоҳҳо ба ин таъкид мекунанд ки дар чунин ҳолат оё манфиатҳои олии ҷамъиятӣ риоя шудааст. Барои мисол, Додгоҳи Аврупо чанд тасмиме гирифт, ки метавонанд ба журналистон кумак кунанд.

  1. Ҳамеша ба чизҳои зерин таваҷҷуҳ кунед:

■ Инъикоси андешаҳои тамоми иштирокдорони рӯйдод. Ҳангоми мавҷудияти баҳс шумо бояд талош кунед, ки бо “ҳар ду ҷониб” суҳбат кунед, аммо ба ёд дошта бошед, ки ин ҳам метавонад кофӣ набошад. Дар ҳар моҷаро метавонад “гуруҳҳои оштинопазир” ҳам бошанд. Аммо он ҷо нозирони расмии байналмилалӣ ва ё дипломатҳо, ҷонибҳои мустақили ғайриҳукуматӣ ва афроди мулкии мустақил низ ҳастанд. Ҳеч касе ҳақиқатро инҳисор карда наметавонад, аммо таври маълум, иттилои шахси нисбатан камманфиатдор аз ҳама боэътимодтар аст.

■ Ҷойе ки нисбати касе иттиҳом зада шудааст, бовар ҳосил кунед, ки он бар пояи адолат пешниҳод гардидааст. Ин ба маънии ворид кардани иттилои мутавозин ва ё омилҳои дигари муҳим, аз ҷумла ҳуқуқи боадолат ба ҷавоб нисбат ба ҳар гуна иттиҳомот мебошад.

■ Дар фаъолияти журналистӣ самимӣ бошед. Шумо рӯзноманигор, хидматгори ҷомеа ҳастед ва бояд дар саргаҳи коре бошед, ки ба он машғулед. Ҳар қадар тасаввуроти шумо дар мавриди коре ки анҷом медиҳед, равшантар бошад, ҳамон андоза дар пайдо кардани иттилои нозук аз манобеи худ ба муваффақият даст меёбед.

■ Аз ихтилофи манфиатҳо ё вазъияте, ки метавонад чунин ихтилофотро ба вуҷуд биёрад, дурӣ биҷӯед. Журналисти воқеънигорро лозим нест ҳангоми ба фаъолияти касбӣ машғул шудан дар хадамоти давлатӣ фаъолият намояд, дар ҳизбҳои сиёсӣ мансабҳои калидиро раҳбарӣ кунад, дар гирдиҳамоиҳои ҷамъиятӣ иштирок ва дар бораи он гузориш бидиҳад,  ё кори дигаре анҷом диҳад, ки боиси афкори ҷомеа дар бораи зери таъсири ин рӯйдодҳо қарор гирифтани фаъолияташ шавад.

■ Аз моҷароҳои молиявӣ парҳез кунед. Иҷоза надиҳед, ки бар иловаи ҳаққи қалам кадом як подошу имтиёзе сабаби таҳияи матлаб гардад. Дарёфти маблағ аз сарчашмаҳо, ки хоҳиши таъсир ба рӯйдоди навиштаи шуморо доранд, комилан ғайриахлоқӣ мебошад. Инчунин, таҳияи иттилоъ дар мавриди ширкате, ки журналист дар он манфиати шахсӣ дорад, қобили қабул нест. Аммо баъзан шояд иштирок дар хӯроки нисфирӯзӣ ва ё барои мисол фуршет, қобили қабул бошад, вале ин набояд ба маънии ваъдаи шумо барои инъикоси хуби мавзӯъ фаҳмида шавад ва ин маъниро надорад, ки иттилои нохушоянд нашр намешавад. Ба ҳамин монанд, ҳеч гоҳ барои дарёфти иттилоъ пул пардохт накунед, бо истиснои ҳолатҳои фавқулодда, ки ин кор бо муҳарриратон мувофиқа шуда бошад.

■ Рӯзноманигор баъзан саволҳои душвор медиҳад. Журналист барои риояи ҳуқуқи ҷомеа ба иттилоотонӣ кор мекунад, аз ин рӯ барои натиҷаи тадқиқот масъул мебошад. Аммо ин чунин маъние надорад, ки ӯ бояд дағалу бетарбия бошад. Дастуроти редаксионии ВВС мегӯяд, бояд “ҷӯянда, шакок, ботамкин ва моҳир” буд, аммо на “дағал ва ё эҳсосӣ ва тарафдори яке аз паҳлӯҳои баҳс ба манфиати касе”.

■ Одамон бояд донанд, ки сухан ва ё образи онҳо чӣ гуна истифода мешаванд (ҳарчанд истисно ҳам ҳаст – ҳангоми иҷрои вазифаҳои махфӣ ва ё тадқиқоти журналистӣ). Қоидаҳои ассосии мусоҳибаро риоя кунед ва барои гирифтани акс ва видео иҷозат бипурсед. Махсусан ҳангоми инъикоси низои мусаллаҳона, ки мутаассифона низомиён қоидаҳои худро муқаррар мекунанд, ин метавонад хеле муҳим бошад. Нуқтаи назари шахсии шумо ҳар чӣ ки набошад, манобеи ахбори худро эҳтиром қоил шавед.

■ Манбаъҳоеро ки худро ошкор накардаанд, бо эҳтиёт истифода кунед. Баъзан журналистон метавонанд иқтибосҳои “дипломатҳои маъруф” ва “мансабдорони боломақом” ва ё дигар шоҳидонро, ки хоҳиш мекунанд, номашон ифшо нашавад, истифода кунанд. Аммо ин ба он маънӣ нест, ки метавон иттиҳоми номуътамад зад ва ё он чӣ ба рӯзноманигорон дахл дорад, сарчашмаи набударо “сохт” (як усули дигар ки зуд ба шуҳрати журналист хотима мебахшад). Агар ном навишта нашудааст, тавре тасвир намоед, ки собит шавад, манбаъ қобили эътимод аст. Дар ҳама ҳолат ошкоро бошед, ба вижа бо муҳаррири худ, ки шояд қабл аз он ки ба шумо ҳаққи нашри иттилои нозукро медиҳад, талош мекунад манбаъро розӣ кунонад, ки маълумотро ошкор пешниҳод намояд.

Агар иттилои шумо ба ҳадде хуб аст, ки ҳақиқат бошад, эҳтимолан чунин ҳам ҳаст. Аз ақли солим кор бигиред ва ҳамеша аз худ бипурсед:

■ Оё маълумотро бо роҳҳои муътамад ва ахлоқӣ ба даст овардаед?

■ Оё тамоми талоши худро барои дақиқият анҷом додаед ва метавонед, далелҳои худро тасдиқ кунед?

■ Оё тасмими шумо аз таъсири нораво ва ё бадфикрӣ орӣ аст?

■ Оё тавозун ва қарина (контекст)-ро таъмин кардаед, ба вижа ҳуқуқ ба посух ва шарҳи воқеии ҳар нафаре, ки дар матлаби шумо интиқод шудааст?

■ Оё роҳи дигари пайдо кардани маълумот вуҷуд надорад, махсусан дар ҳолатҳое ки манбаъ худро ошкор накардааст?

■ Оё манбаъҳои шумо мавриди эътимоданд ва бо намояндагони тамоми ҷонибҳое, ки дар матлаби шумо зикр шудаанд, суҳбат кардаед?

■ Матлаби шумо то куҷо боварибахш ва қонеъкунанда аст?

■ Ва аз ҳама муҳимтар: оё метавонед барои матлаби худ ҷавоб диҳед?

Навори омӯзишии муҳаррир ва рӯзноманигори ҳирфаӣ Лола Олимова (Тоҷикистон) дар мавриди меъёрҳои байналмилалии журналистика:

МАШҚ

Он чӣ дар ин бахш мушоҳида кардед:

■ Консепсияи қабулшудаи беғаразӣ, саҳеҳият ва воқеиятнигорӣ

■ Уҳдадории журналист барои ҳифзи манбаи ахбор

■ Усулҳои умумии меъёрҳои ахлоқӣ ва фаъолияти касбӣ

■ Баъзе ҳолатҳо, ки ҳангоми инъикоси рӯйдод ва навиштани матлаб бояд ба он таваҷҷуҳ кард.

Машқи 1

Пулис ба шумо аз тасмими ҳабси соҳибкори маҳаллӣ, ки бо ободкорӣ ва фаъолияти ҷамъиятии худ маъруф аст, хабар медиҳад. Аммо мегӯяд, ин иттилоъ “барои нашр” нест. Ба гуфтаи пулис, соҳибкор дар қаллобӣ ва гирифтани пора гумонбар аст. Ин маълумот шабона ба шумо расид ва ҳеч санади расмӣ дар ин бора вуҷуд надорад.

Шумо ба соҳибкор занг мезанед ва ӯ тасдиқ мекунад, ки дар бораи ин иттиҳомоти беасос хабар ёфтааст ва рӯзи дигар шояд боздошт гардад. Ӯ розӣ намешавад, ки дар мавриди иттиҳомот ба шумо ҷавоби мустақим бидиҳад. Аз шумо хоҳиш мекунад нашри хабарро барои як рӯз мавқуф гузоред, то тавонад ба хонаводаи худ хабар бидиҳад. Ӯ мегӯяд, агар нашри ин хабарро мавқуф гузоред, шуморо “қадрдонӣ” мекунад.

■ Дилеммаи ахлоқӣ дар чӣ хулоса мешавад?

■ Дар чунин ҳолат мушкилоти дигар ҳастанд?

■ Оё шуморо лозим аст ки инро бо каси дигар баррасӣ кунед?

■ Шумо ба иттилои бештар зарурат доред?

■ Оё Шумо бояд ин маълумотро барои нашр омода кунед?

■ Шумо дар асоси далелҳои каме, ки дар боло гуфта шуд, чӣ тавр метавонистед хабар нависед? Барои комил кардани хабар ба чӣ зарурат доред?

Машқи 2

Шумо дар бораи ҷиноятҳои ҳарбӣ маълумоти муҳиме нашр кардед, ки сабаби таваҷҷуҳи афкори ҷамъиятӣ ба ин амалҳо гардид. Шумо зимни ин коратон тамоми қоидаҳои классикии ахлоқи журналистиро риоя кардед: ба манобеи худ эҳтиром гузоштед, сабтҳои худро ҳифз кардед, танҳо он чизеро нашр кардед, ки тасдиқ карда метавонед.

Пас аз чанд сол трибунали байналмилалӣ шуморо ҳамчун шоҳид ба мурофиаи додгоҳӣ даъват мекунад. Дафтарчаи шумо низ бояд дар додгоҳ пешниҳод шавад. Шуморо даъват мекунанд, ки қасами рӯзноманигории худро нақз карда, номҳои манбаъҳои худ ва дигар маълумотеро ки ҳамчун журналист он замон нашр накарда будед, ошкор намоед.

Оё дар ин трибунал иштирок мекунед, то иттиҳомотро дар ҷиноятҳои эҳтимолии ҳарбӣ ҷонибдорӣ намоед? Ё барои ҳифзи кодекси шарафи журналистон даъватро рад мекунед?

http://www.uta.fi/ethicnet

http://www.presswise.org.uk/

http://www.ifj.org/

Инчунин ба Лоиҳаи касбияти олии рӯзноманигорӣ муроҷиат намоед:

http://www.journalism.org/

Феҳрист ва матни чанд кодекси фаъолияти журналистӣ:

http://www.asne.org/index.cfm?id

http://www.poynter.org/column.asp?id-32&aid=16997

http://www.nytco.com/pdf/NYT_Ethical_Journalism_042904.pdf

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Download
Print