Зеркаш кардан
Чоп кардан

Михаил Коростиков: таҳлили коршиносонаро чи гуна таҳия кард?

Нахуст бояд ба мавзуи худ самимона таваҷҷуҳ кард, зеро бидуни самимият дар ҳеч самту ҷодае наметавон, ба муваффақият расид. Сониян, бояд талаботи илмиро қатъиян риоя кард, яъне ҳамаи идеяҳо, фарзияҳое, ки шумо пешниҳод мекунед, исботкунанда ва радкунанда бошанд. Ба ин маъно, ки мақола бояд меъёрҳои илмро риоя кунад.

Ба ҷуз ин, мақола бояд ҷолиб навишта шуда бошад. Забонеро бояд истифода кард, ки барои хонандагони қобили фаҳм бошад, ҷумлаҳои мураккабу тӯлонӣ надошта бошад. Шумо Лев Толстой нестед, шумо таҳлилгаред, ба ҳамин хотир содатар, кутоҳтар ва фаҳмотар нависед.

Усулҳои асосии таркиби матн мавҷуд аст. Матни таҳлилӣ одатан аз се қисм иборат мешавад: муқаддима, қисмати асосӣ ва хулоса. Ҳамаи ин қисмҳо бо тартиби эҳром ё пирамида сохта мешаванд. Дар муқаддима мо фикрҳои муҳимро ҷо медиҳем, ки дар қисмати асосӣ ба онҳо бармегардем ва дар қисмати хулоса ҳам ҳамин корро мекунем. Ва ниҳоят қисмати хулоса ё ҷамъбастӣ низ аз чанд сархати стандартӣ иборат хоҳад буд. 

Ҷумлаи нахустин – ин мисли тезисе аст, ки дар идомаи сархат ба он мепардозед ва дар чанд ҷумлаи баъдӣ – тезиси худро исбот мекунед ва дар идома матн ё далелҳои иловагиро меоред ва ё ба сархати нав мегузаред. Ҳамин гуна шакл ва чаҳорчӯба имкон медиҳад, ки матни навишта шумо дуруст дарк карда шавад. 

Хонандае, ки вақти зиёд надорад, мумкин аст, ё ба қисмати муқаддима чашм медавонад ва ё ба қисмати ҷамъбастӣ. Агар хонанда каме вақти бештар, вале барои хондани тамоми матн ҳамоно вақти кофӣ надошта бошад, дар ин сурат вай ба кунҷҳои чапи боло чашм медавонад, яъне хатҳои аввали сархатҳои қисмати асосии матнро мехонад. Дар беҳтарин ҳолат, баъди чунин навъи мутолиа фикри асосии мақола бояд барои вай фаҳмо шавад. Муқаддима ва хулоса бояд фикри асосии муаллифро инъикос кунад.

Сабк

Агар дар бораи чи гуна фаҳмо навиштани матн сухан кунем, пас дар навбати аввал бояд ба услуб таваҷҷуҳ кард: онро чи гуна мешавад фаҳмотар кард, камтар илмигуна навишт, матнро чи гуна таҳия кард, ки фикри шумо, идеяи шумо ба хонанда дурусттар расад. Барои ин талош кард, ки ҷумлаҳо ҳадди аксар кутоҳ бошанд. Дар беҳтарин ҳолат, ҷумлаҳо набояд аз ду хат бештар бошанд. Ҷумлаҳои тобеъро кутоҳ кунед ва ҷое, ки имкон аст, дар ивази вергул нуқта гузоред. Аъзои асосии ҷумларо дар ибтидо ва аъзои пайравро дар охир гузоред. Дар ибтидо чунин менамояд, ки ин тарзи услуб матни шуморо беобуранг мекунад, аммо обуранги асосии мақолаи таҳлилии шумо фикрҳое аст, ки дар он ҷо додаед ва ҳарчи зудтар фикру идеяи шумо ба хонанда бирасад, ҳамон андоза беҳтар аст. Аз таркиб ва услуби муғлақ парҳез кунед – парҳез аз онҳо нишонаи касбият аст.

Таҳлили коршиносонаро чи гуна фаҳмову дастрас навишт?

Тавсияҳои асосӣ:

  • Ҷумлаҳо набояд бештар аз ду хат бошанд
  • Аз таркибҳо ва сохтори муғлақ бояд парҳез кард
  • Фикрҳо бояд барои хонанда рушану дастрас бошанд
  • Услуби “ҳарами воруна”-ро бояд риоя кард
  • Муқаддима ва хулоса – қисматҳои асосии мақола ҳастанд
  • Дар ёд дошта бошед: бештари одамон мақоларо то охир намехонанд

Як мақолаи босифати таҳлилӣ одатан барои исботи як фикри асосӣ навишта мешавад. Яъне, мумкин аст, чунин мақола барои тақвияти фикри асосӣ чанд фикри ёридиҳандаи дигар низ дошта бошад. Аммо дар маҷмуъ, агар шумо тасмим доред, ки таҳлили ҷиддӣ ва амиқе нависед, пас танҳо як фикрро дунбол кунед, зеро вазифаи шумо эҷоди маводест, ки ҳадди ақал барои чанд муддат ба мавзуи мавриди баррасӣ нуқта мегузорад. Яъне, барои он ки хонандаи маводи шумо ба хулоса расад, ки мавзуъ ба таври кофӣ таҳқиқ шудааст, барои ман фаҳмост, чи гуфтани муаллиф рушан аст, ман ба вай эътимод дорам ва барои тақвияти мавқеаш ба таври кофӣ далелу санад овардааст. Ба ин умқи таҳлил танҳо дар сурате хоҳем расид, ки гирди чанд фикри кӯчак намегардем ва вақти худро барои исботи як фикри мушаххас сарф мекунем. 

Тамосу робитаҳо

Таҳлилгари хуб барои ҷалб ва ташаккули шабакаи робитаҳову сарчашмаҳояш аз ҳисоби таҳлилгарони дигар, намояндагони мақомоти давлатӣ, бо афроди тасмимгирандаву таъсиргузор, бо дӯстонаш аз самту соҳаҳои гуногун вақт ҷудо мекунад. Яъне, бояд ҳамеша дар муошират буд ва доираи дӯстону шиносони худро васеъ кард.

Таҳлилгари хуб ба фаъолият дар шабакаҳои иҷтимоӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир мекунад ва аз шабакаҳо баҳра мебардорад. Бо тарғиби маводаш тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ таҳлилгар машҳур мешавад ва аз танқид намеҳаросад. Вай маҳсули эҷодашро ошкоро паҳн месозад ва ба он чи ки хонанда мегӯяд, гӯш медиҳад. Ҳамзамон маводи таҳиякардаашро ба нишонии дӯстону ошноёни хосаш ирсол мекунад. Ба ин тартиб, муррифии худ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамеша судовар хоҳад буд.

Дар маҷмуъ, як таҳлилгари соҳибкасб ҳамеша дар ҳоли омӯзиш аст, дар конфронсҳо, семинарҳо иштирок мекунад, худомӯзиро қатъ намекунад ва тамоми талошашро харҷ мекунад, ки сифати таҳлилҳо, пешбиниҳояшро беҳтар кунад.

Чи гуна ба як таҳлилгари серхаридор табдил шуд? 

  • Ба мавзуъ бояд самимона таваҷҷуҳ кард
  • Ҳар кадом масъаларо бояд муфассал омӯхт
  • Меъёрҳои илмиро бояд риоя кард
  • Ба таври қобили фаҳм навишт
  • Доираи дӯстони манфиатоварро аз ҳисоби коршиносон, мансабдорон, рӯзноманигорон афзоиш дод
  • Худро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ тарғиб кард ва аудиторияро ба баҳсу баррасӣ ҷалб намуд
  • Донишҳои худро бояд пайваста афзоиш дод
  • Забони англисиро бояд донист

Ин ҳам муҳим аст, ки мақоларо набояд барои кулли хонандагон, балки барои гуруҳи хосе аз одамон навишт, ки иттилои шумо ба дардашон мехӯрад. 

Оро додани мақола ҳам аҳамияти зиёд дорад. Ин далели раднашавандае хоҳад буд, ки муаллиф – коршиноси соҳа аст ва метавонад, на танҳо фикри худро ба таври қобили фаҳм расонад, балки ҳамзамон онро ба таври визуалӣ пешкаш кунад.

Агар шумо хатои имлоӣ пайдо карда бошед, лутфан бо интихоби матн ва пахшкунии Ctrl + Enter ба мо хабар диҳед.

Зеркаш кардан
Чоп кардан