Зеркаш кардан
Чоп кардан

Мээрим Асаналӣ: Техникаи таҳияи гузориши радиоӣ. Усулҳои асосии фаъолият

Барои таҳияи гузориши радиоӣ мо дар қадами аввал бо чӣ будани гузоришро омӯзем. Гузориш – ин хабарест, ки шумо аз ҷои ҳодиса таҳия мекунед, яъне шумо ба аудитория худ ҳодисаи рухдодаро, аз макони рӯйдод, комилан нақл мекунед. Дар гузоришҳои радиоӣ ин бисёр муҳим аст, зеро бо сабти садоҳои атроф ва фазо шумо “эҳсос ҳузур”-ро интиқол медиҳед. Шунавандаи шумо бояд чашмонашро пӯшад ва худро канори шумо ҳис кунад.

Яке аз ҷанбаҳои асосӣ дар таҳияи гузориши радиоӣ – ин садо шумост: садои асосӣ, ки ҳодисаро нақл ва ширкатдорони гузоришро муаррифӣ мекунад. Садои гузоришгари радио бояд роҳнамои шунаванда бошад, зеро шунаванда мустақиман саҳнаи рӯйдодро намебинад. Тавассути садо, кашишҳои овозӣ, таваққуф ва задаҳои мантиқии шумо шунаванда бояд гузориши шуморо “эҳсос” кунад. Аз ҳама асосӣ – дар шунаванда бояд хоҳиши шунидани нақли шумо пайдо шавад. 

Порчаҳои мусоҳиба – ин сутунҳоест, ки гузориши шумо рӯи он асос ёфта, шунаванда метавонад, танҳо бо шунидани порчаҳо муҳтавои гузориши шуморо дарк кунад. 

Ҷузъҳои асосии гузориши радиоӣ: 

Садоҳои такмилдиҳанда: садоҳои табиӣ, ки аз ҷои ҳодиса сабт шудаанд, эҳсоси ҳузурро бедор мекунанд ва шунавандаро ба тасаввур кардани симоҳову рӯйдодҳо водор менамоянд. Ин ба қабулу ҳазми гузориши шумо кӯмак мерасонад. Бисёре аз рӯзноманигорон ба ҷамъоварии садоҳои табиӣ таваҷҷуҳ намекунанд. Онҳо танҳо мусоҳибаро сабт мекунанду матн менависанд ва нуктаи асосиро фаромӯш мекунанд – ҳар соҳае вижагии худро дорад. Мисле ки дар телевизион навор муҳимтарин ҷузъ аст, дар радио ҳам садо ҷузъи муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Агар шумо садо надоред, пас эҳтиёҷе ба таҳияи гузориши радиоӣ нест. 

Биёед мисоле бизанем: бозори маъмулии шаҳриеро тасаввур кунед.

Ҷамъоварии интершум ё садоҳои табииро ба тартиби зер метавонем, анҷом диҳем:

– одамон: роҳгузарон, фурӯшандаҳо, одамони дар ҳоли ханда ва ё дар ҳоли гуфтугӯ;

– кор: садои фаровардану баровардани бор ё ҳаракати ароба;

– техника: мошинҳо, садои радио, мусиқӣ, садои телефон;

– муҳити атроф: сагҳо, парандагон, шамол, садои об ва ба инҳо монанд.

Садои бозор бо садои вокзал, долони донишгоҳ ва ё ҳар макони дигари ҷамъшавии одамон хеле монанд аст. Аз ҳамин хотир, барои шумо садои вижае лозим аст, ки фазои бозорро тасвир кунад. Агар шумо лаҳзаи хариду фурӯшро бо садоҳои, барои мисол, “Бодиринг чанд сомонӣ аст? Тару тоза аст?” сабт кунед, бидуни шубҳа дарк мешавад, ки дар бозор қарор доред. Ва агар садоҳои “Охирон кист? Баъди шумо ман”-ро сабт кунед, шунаванда эҳсос мекунад, ки шумо дар навбта истодаед. Дар бисёрии ҳолатҳо интершум нақши фон ё пасманзарро мебозад ва садои вижа макони ҳодисаро мушаххас мекунад. 

Барои мисол, шумо машғули таҳияи гузорише дар бораи аробакаши бозор ҳастед. Садои ҷараёни кори вай метавонад, нақши интершумро бозад: бор кардани маҳсулот, ҳаракати чарх, нафаскашии вазнини вай – интершум ба ҳисоб меравад ва садоҳои “Ароба, роҳ диҳед” – садоҳои муайянкунанда хоҳанд буд. Санъати сабти садоҳои пасманзар дар он хулоса мешавад, ки ин садоҳо фазои умумии бозорро тасвир кунанд; садоҳои мазкур бояд шунида шаванд, вале на баландтар аз меъёр, то ин ки таваҷҷуҳи шунаванда танҳо ба онҳо ҷалб нашавад.  

Интершумҳоро мешавад, дар ҷойҳое сабт кард, ки одатан дигарон ба эътибор намегиранд. Барои мисол, дар утоқ ва ё ҳатто дар долоне, ки ба сӯи утоқи мансабдоре мебарад. Асос – аз қабл рушан кардани диктафон ва раҳораҳ сабт кардани садоҳо аст, на балки танҳо пеш аз шуруъи мусоҳиба.

Дар ёд дошта бошед, баъзан садоҳо иттилоъ ва тасвири бештарро дар худ доранд: 

– садои гуфтумонҳо дар долон баёнгари он аст, ки кор дар авҷ аст

– ваё баръакс садои хомӯши долон аз холигии коргоҳ дарак медиҳад

– садои хомӯшнашавандаи телефон ва ё навбатпоёии беохири одамон далели идомаи кор аст

– ҳатто садоҳо ва ҳарфҳое, ки мансабдор шуморо бо онҳо пешвоз мегирад, баёнгари шахсияти ӯ ҳастанд

Кафолате нест, ки шумо ҳамаи садоҳои сабткардаатонро истифода хоҳед кард, аммо дар ҳар сурат ҳар чи бештар садо дошта бошед, ҳамон андоза имкони беҳтар таҳия кардани гузориши радиоӣ фароҳам мешавад.

Суҳбати асосӣ/мусоҳиба

Акнун дар бораи сабти мусоҳиба суҳбат мекунем

Аз рӯи шакл сабти мусоҳибаро мешавад, ба се навъ тақсим кард:

– танҳо мусоҳиба

– мусоҳиба дар пасманзари чизе

– мусоҳиба ҳангоми рӯйдоде/ҳодисае

Фарқияти байни онҳоро сатҳи садоҳои пасманзар муайян мекунад.

Танҳо мусоҳиба – ин навъи мусоҳибае аст, ки садои мусоҳиб ва садои рӯзноманигор дар фазои комилан ором сабт шудааст. Ҳамчун шарҳҳои кутоҳ дар гузориш қобили қабул аст, ки таваҷҷуҳ асосӣ ба шарҳи мусоҳиб равона мешавад ва садоҳои атроф метавонанд, халал эҷод кунанд.

Мусоҳиба дар пасманзар барои тасвири дақиқи образи қаҳрамони шумо ва тасвири фазо зарур аст. Барои мисол, агар қаҳрамони шумо ароба мекашад, садоҳои пасманзар аз бозор бояд бошад, агар дар сохтмон кор мекунад, пас садои сохтмон бояд пасманзар бошад.

Ҳам суолҳо ва ҳам посухҳоро сабт кунед. Қаҳрамони шумо мумкин аст, бе танаффус суҳбат кунад ва ба шумо иҷозаи суол додан надиҳад. Ҳангоми банду басти гузориш ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешавед. Наметавонед, гузориши 30-дақиқаиро дар радио пахш кунед. Ба шумо танҳо пораҳои мусоҳибаи иборат аз 15-20 сония даркор аст. Агар шумо суоли мушаххасе додеду посухи вай 10 дақиқа давом кард, вале ҳарфи мушаххасе нагуфт, пас ин посухро намешавад истифода кард.  

Баъди он ки шумо ҳамаи садоҳо ва мусоҳибаро сабт кардед, қадами навбатӣ чунин хоҳад буд: 

– файли аудиоии корӣ таъсис диҳед – қитъаҳое аз ҳамаи мусоҳибаҳоеро ҷудо кунед, ки дар гузориш истифода мебаред

– ҳамаи садоҳо/қитъаҳоро дар як сатҳ қарор диҳед, дар ғайри сурат қисме аз онҳо хуб шунида мешаванд, қисми дигар – бад

– атрофи маводи ҷамъкарда матни муаллифӣ нависед.

Барномаҳои мухталифи танзими садо мавҷуд аст, ки кори шуморо осон мегардонанд. Барои мисол, яке аз машҳуртаринашон Adobe Audition аст.

Матни муаллифӣ

Матни муаллифии шумо ба шунаванда имкон медиҳад, ки раванди ҳодиса ва гузаришҳои аз як мусоҳиба ба мусоҳибаи дигарро дунболагирӣ кунад. Матн барои гузориши радиоӣ бояд то ҳадди имкон сода ва фаҳмо бошад. Аз истифодаи ҷумлаҳои мураккабу тобеъ андар тобеъ худдорӣ кунед. Одамон одатан вақти машғули коре: дар дохили нақлиёт, анҷоми вазифае, рондани нақлиёт ва ғайра радио гӯш мекунанд. Матн бояд то он ҳадд сода бошад, ки шунаванда бо як бор гӯш кардан шуморо дарк кунад. Матнатонро барои шахси наздикатон, ки аз мавзуи мавриди баррасӣ комилан дур аст, қироат кунед. Агар вай муҳтавои гузориши шуморо дарк кард ва ба ҳамаи суолҳояш посух ёфт, пас матн ба таври касбӣ навишта шудааст. Машғули ҷалби шунаванда шуда, меъёрҳои байналхалқии рӯзноманигориро ҳам фаромӯш накунед. Мавод бояд, холисона, объективона таҳия шавад. 

Дар хотир дошта бошед, ки барои шунаванда ба шабакаи дигари радиоӣ гузаштан хеле осон аст. Аммо бо меҳнат, талош, инчунин садои шаффофу марғуб, муҳтавои ҷолиб ва бархӯрди касбӣ шумо метавонед, диққати шунавандаро ба муддати тӯлонӣ ҷалб намоед.

Агар шумо хатои имлоӣ пайдо карда бошед, лутфан бо интихоби матн ва пахшкунии Ctrl + Enter ба мо хабар диҳед.

Зеркаш кардан
Чоп кардан