Наталя Ли: репортаж чист?

Ин вожа аз “reportage”- фаронсавӣ ва “report”-и англисӣ ба забони русӣ ва аз он ба забони тоҷикӣ омадааст, ки маънои “хабар додан ва ё расонидан”-ро дорад. Аммо дар репортаж ё гузориш танҳо расонидани хабар кофӣ нест, муҳим расонидани эҳсоси ҳузур, ҷалби хонанда ба ҳодиса, водор кардани вай ба эҳсоси муштарак ва таҳрик ба иқдом аст.

Бо ин ҳол, формат ё шакли гузориш аҳамияти дувумдараҷа ва ёридиҳанда касб мекунад. Ҳамеша сюжа ё муҳтаво дар мақоми аввал қарор дорад. Мо танҳо он гузоришҳоеро то охир мутолиа мекунем, ки эҳсосбарангез ва диққатҷалбкунанда ҳастанд, на гузоришҳоеро, ки бо истифода аз афзорҳои муосир таҳия шудаанд.

Репортаж метавонад ҳам жанри алоҳидаи рӯзноманигорӣ бошад ва ҳам бо жанрҳои дигар омехта шавад. Элемент ё унсурҳои репортаж мумкин аст, ҳам дар маводи хабарӣ, ҳам дар мусоҳиба ва ҳам дар таҳлил истифода шаванд. Ин ба ҷолиб шудани матн, нишон додани ҳолу ҳаво кӯмак мерасонад. 

Ин таҷриба ҳам ҳаст, ки мақолаҳои калонҳаҷм дар бисёре аз мавридҳо бо тасвири саҳнаҳое шуруъ мешаванд, ки бозгӯкунандаи мавзуъ ҳастанд. Ба ин тартиб, дар намунаи як ҳодиса аҳамияти иҷтимоии масъала нишон дода мешавад. Ин шакли пешниҳод “зарбаи ба таъхир афтода” ном дорад.

Барои мисол, мақола дар бораи сари вақт нарасонидани кӯмакҳои башарӣ метавонад, аз тасвири мухтасари мубориза барои зинда мондан дар урдугоҳҳои паноҳандагон шуруъ шавад. Ба ин тартиб, бо шуруъ кардани мақола аз нақл ё тасвири сода ва қобили қабул барои хонанда, шумо маводи хушк ё иборат аз оморро дигаргун месозед, ки таваҷҷуҳи хонандаро бармеангезад.

Қадами нахустин барои таҳияи ҳама гуна мавод ин интихоби сарчашмаҳои иттилоъ ва тартиб додани нақша бо назардошти сарчашмаҳо аст. 

Идеяи умумии репортажро ба компонентҳо ё ҷузъҳои содатар тақсим намояд ва номгӯи сарчашмаҳои муҳим ва дастрас, инчунин ҳуҷҷатҳо, шоҳидон ва ё афроди дорои ақидаҳои мухталиферо тартиб диҳед, ки метавонанд, дар рафти таҳияи репортаж барои шумо зарур шаванд.

Дар муносибат бо сарчашмаҳо бояд аз ақли солим ва усулҳои асосии рӯзноманигорӣ кор гирифт, аммо одатан қоидаҳои асосӣ ба далели норасоии вақт, набуди имконот ва ё фишорҳои дигар нодида гирифта мешаванд.

Мавзуъ дар фазо ва вақт

Репортажи хуб таъсири сегона ба бор меорад: ҳузур, қобили эътимод ва ҳамдардӣ.

Барои ин бояд:

  1. Дар ҷои ҳодиса ҳузур пайдо кард ва ҳамаи воқеаро бо чашми худ дид. Репортажро намешавад, аз фосила ва ё дар асоси нақли дигарон навишт;
  2. Дидани тамоми саҳна, мушоҳида кардани ҷузъиёти ҳарчи бештар. Маҳз ҳаминҳо метавонанд, дар бархе ҳолатҳо маълумоти бештаре дар худ дошта бошанд. Аммо ҳамзамон метавонанд, таваҷҷуҳро аз сужа дур кунанд, аз ҳамин хотир, эътидолро ба инобат гиред;
  3. Гӯш фаро додан ба ҳамаи ақидаҳо ва назарҳои мавҷуд, гуфтугӯ кардан бо ҳамаи тарафҳои ҳодиса. Маҳз одамон роҳнамои мавзуъ ҳастанд ва робитаи маънавиро бо хонандагон ба роҳ мемонанд;
  4. Ҷамъ овардани далелҳо, аз ҷумла собиқаи мавзуъ, ки барои нақли ҳодиса ба шумо кӯмак мерасонад;
  5. Ҳама чиро сабт ва акс ва ё навор гирифтан. Қолаб, тавре ки дар ёд дорем, нақши дувумдараҷа ва ёрирасон дорад, ҳам акс ва ҳам навор кӯмак мерасонад, ки фазои ҳодиса интқол дода шавад, хонанда ба мавзуъ ҷалб гардад.

Дар ҳар сурат, ҷолибии репортаж дар бештари ҳолат аз он вобаста аст, ки муаллиф ба маконҳои дастнорас даст ёбад. Барои мисол, чунин маконҳо метавонанд, қутби шимол, деҳаҳои дурдасти куҳӣ бошанд. Яъне, маконҳое, ки дар фосилаи дуре аз хонанда қарор доранд. Вазифаи рӯзноманигор он аст, ки тавассути маҳорати худ чунин маконҳоро ба хонанда наздик гардонад. 

Ваё масҷиду савмаа ё беморхонаи касалиҳои руҳӣ, ки дастрасӣ ба онҳо маҳуд аст. Ва дар чунин ҳолатҳо рӯзноманигор пуле байни ҳодиса ва хонанда мешавад. Ҳодисаҳое, ки аз чашми хонанда дур иттифоқ меафтанд.

Нақл ва ё бозгӯи ҳодиса дар репортаж метавонад, дар ду сатҳ ҳаракат кунад: дар вақт ва фазо. 

Гузинаи аввал барои тасвири ҳодиса ва чорабинӣ истифода мешавад. Барои мисол, репортаж аз гирдиҳамоиро метавон аз ҷамъшавии одамон шуруъ ва бо парокандашавии онҳо ба поён расонд. 

Мавзуе, ки дар фазо сайр мекунад, рафту омади рӯзноманигорро барои ҷамъоварии иттилоъ тасвир менамояд. Барои мисол, репортаж дар бораи деҳаи дурдаст метавонад, аз тасвири роҳ шуруъ шавад, баъдан хонае аз хонаҳои деҳа тавсиф гардад ва макони навбатӣ маъмурият ё мақомоти маҳаллӣ бошад ва репортаж бо китобхонаи деҳа ба поён расад. 

Аммо оғоз ва анҷоми репортаж ҳатмӣ нест, ки бо оғоз ва анҷоми чорабинӣ ё рафту омади рӯзноманигор мутобиқат кунад. Ва дар бисёрии ҳолат ҳамин гуна сурат мегирад. Репортаж аз гирдиҳамоиро метавон, бо суханронии яке аз ровиҳо аз нисфи ҷамъомад шуруъ ва бо нутқи ширкатдори дигар ба поён расонд.  

Репортаж дар бораи деҳаи дурдастро ҳам мумкин аст, бо нақли яке аз сокинон шуруъ ва бо роҳи деҳа ба поён расонд.

Агар шумо дар бораи макони вижае навиштан мехоҳед, талош кунед, ки ҳамчун шоҳиди бевосита, бо тасвири ҷузъиёти мунҳасир ба макони мазкур, хонандаро ба “он макон” интиқол диҳед. Хонандаро водор созед, ки бовар кунад, ин шумо, рӯзноманигор ҳастед, ки дар ҷои ҳодиса қарор доред.

Агар шумо дар бораи низое навиштанӣ ҳастед, талош варзед, ки бо ҳар ду ҷониби низоъ суҳбат кунед ва манбаи бетараферо пайдо намоед, ки нуқтаи назари холисро баён кунад. 

Ба ҷуз аз саҳнаҳои мушоҳида карда, ҳамчунин бояд садо, бӯй ва ҳиссиётро ҳам дар хотир гирифт – зеро ин ҷузъиёт репортажи шуморо боаҳамият ва “зинда” месозанд. 

Аммо репортаж – ин танҳо шарҳу баёни мушоҳидаҳо, шунидаҳо ва эҳсосоти шумо нест. Нуқтаҳои барҷастаи эҳсосӣ ва нуқтаҳое, ки ҷузъиёти низоъро боз мекунанд – муҳим ҳастанд.

Садои муаллиф

Рой Питер Кларк. Фото взято с личной страницы в Facebook

Рой Питер Кларк. Фото взято с личной страницы в Facebook

Дар ин жанри рӯзноманигорӣ ҳузури “садои муаллиф” ҳатмӣ аст. Репортажи хуб ҳамеша инфиродӣ аст ва ҳангоми мутолиа он саҳнаҳои тасвиршаванда пеши назар меоянд. Рой Питер Кларк, нависандаи амрикоӣ, муҳаррир ва муаллифи китоби “50 усули навишторӣ” истилоҳи “навиштани киноматографӣ”-ро эҷод кардааст. Яъне, бояд тарзе навишт, ки матно дар зеҳни хонанда саҳнаҳоро тавлид кунад.  

Саҳми субъективии муаллиф, ки дар репортаж қобили қабул аст, онро ба адабиёт ва ё достон наздик мекунад, то ин ки ба жанрҳои хабарӣ. Ва мисли ҳамаи дигар асарҳои адабӣ, репортаж ҳам бояд бо риояи қонунҳои драматургия навишта шавад:

  • Руҷуъ – оғози низоъ ё масъала.
  • Густариши ҳодиса – қаҳрамонон талоши ҳалли онро доранд. Яъне, мо мавзуъро назорат мекунем, ҳамроҳ бо қаҳрамонон онро аз сар мегузаронем.
  • Авҷ – лаҳзае, ки қаҳрамонон ба ҳалли масъала наздик мешаванд.
  • Анҷом – онҳо ё пирӯз мешаванд ва ё шикаст мехӯранд. Вале бо ин вуҷуд, анҷом бояд бо руҷуъ ё оғоз мантиқан ҳамоҳанг бошад. Зеро маҳз байни оғозу анҷом ҳамаи шарҳу баён ва нақлу ривояти мавзуъ сурат мегирад.

Иллюстрация: prosims.ru

Дар репортаж ҳам, мисли ҳамаи дигар мавзуҳо, як инсон ё шаҳрванди одӣ бо мушкилоташ ва талоши ҳалли онҳо дар меҳвар қарор дода мешавад. Ба ин тартиб, хонанда қаҳрамонро бо худ муқоиса ва робитаи маънавие бо вай барқарор мекунад, вориди саргузашти вай мешавад ва ин маънои онро дорад, ки репортажро то охир мутолиа хоҳад кард.

Тавозуни назарҳо

Дар ёд дошта бошед, ки бетарафӣ, садоқат ва объективӣ аз меъёрҳои асосии рӯзноманигории байналхалқӣ ҳастанд. Барои риояи ин меъёрҳо дар қадами аввал бояд, сарчашмаҳои иттилоъро дуруст интихоб кард. 

Агар мақолаи шумо ба баҳси ду ва ё тарафҳои аз он бештар дахл дошта, вале танҳо мавқеи як тараф дастрас бошад, пас шумо манбаи худро ҳамчун сарчашмаи иттилоъ бояд истифода кунед, на яке аз тарафҳои баҳс. Ва маводро тарзе нависед, ки барои хонанда аз як манбаъ дарёфт кардани иттилоъ рушан бошад.

Тарзи дарёфти мавқеъ ва назарҳо ҳамеша бояд шаффоф бошад. Талош варзед, ки ҳадди аксар аз манбаҳои махфӣ истифода набаред. Агар касе мехоҳад, нисбати дигарон ҳарфи носазое гӯяд, пас бигзор посухгӯи ҳарфҳояш бошад ва номашро зери нуқтаи назар ва изҳороташ гузорад. 

Репортаж набояд аз ҳеч кадоме аз тарафҳо ҳимоят кунад ва ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки мавқеъ ва фикрро ҳамчун нуқтаи назар муаррифӣ кард, на ҳамчун далел. Агар шумо маводи танқидие таҳия мекунем, пас бояд ба ҷониби дигар ҳам имкон диҳед, ки мавқеашро баён кунад.

Репортаж набояд аз яке аз ҳизбҳои сиёсӣ, дин, қавм ва ё гуруҳи ақалияте ба зарари ҳизбу дину қавму гуруҳи дигар ҳимоят кунад. Репортаж иттилои холисро дар бораи сиёсат ва изҳори назари ҷонибҳо пешниҳод мекунад ва шарҳи як ҳизб ё гуруҳро дар бораи ҳизбу гуруҳи дигар дар бар мегирад.  

Аммо бояд меъёри асоси рӯзноманигориро дар хотир дошт – рӯзноманигор фикри шахсии худро набояд мустақим баён кунад, рӯйдодҳоро шарҳ диҳад ва ё боварҳои сиёсии худро таҳмил диҳад. Рӯзноманигории ботавозун байни далел ва андеша фарқ мегузорад.

Вақте тасмим мегиред, ки ба навиштани репортаж оғоз кард, дар бораи шакли он ҳам фикр кунед. Инҷо бояд дар назар дошт, ки ду навъи мутолиа мавҷуд аст: якум – хат ба хат, вақте хонанда аз ибтидо то интиҳо маводро мехонад.

Дувум – чашм давонидан, яъне хонанда танҳо сарлавҳа, аввали сархатҳо ва он чизеро, ки намоёнтар аст, мехонад. Мутаассифона, дар даврони мо, дар сели бузурги иттилоотӣ аксари одамон матнҳои тӯлониро ҳамин гуна мутолиа мекунанд. Аз ҳамин хотир ҳангоми таҳияи репортаж бояд навъи дувуми мутолиаро ба инобат гирифт ва талош варзид, ки муҳтавои мавзуъ ҳатто дар сурати “чашм давонидан” ҳам фаҳмо бошад.

Машқ:

  1. Маводи нашрия ва ё сомонаҳоро бингаред. Ба худ суол диҳед, ки чи чизе шуморо водор ба мутолиаи мақолаҳои мухталиф мекунад.

Чаро мақолае шуморо то он ҳад “ба худ мекашад”, ки тамоми матнро мутолиа мекунад, аммо мақолаи дигар шуморо ба пӯшидани саҳифа водор мекунад?

Дар кадом ҳолат теъдоди ҷузъиёти қобили қабул мақоларо ҷолиб месозад ва дар кадом ҳолат ҷузъиёти зиёд дилбазан мешавад?

  1. Ҳамроҳ бо ҳамкасбон мисоли зеринро баррасӣ кунед ва имкони таҳриру беҳсозии онро пайдо намоед:

Шумо хабарнигор ҳастед ва дар Судон фаъолият мекунед. Дар он кишвар баъди он ки кӯмакҳои башарӣ то ба ниёзмандон нарасид, эътироз ташкил шуд. Вазъи урдугоҳҳо вахим аст. Ва шумо чанде пеш аз яке аз урдугоҳҳо баргаштед ва вазъро бевосита шоҳид шудед.

Баъди он ки ба манзили худ расидед ва дар фикри навиштани репортаж ҳастед, яке аз мақомдорони созмони Ҳилоли Аҳмар тамос мегирад ва нусхаи ҳанӯз нашрнашудаи ҳисоботро дар бораи вазъи урдугоҳҳо ба шумо пешниҳод мекунад. Дар ҳисобот раванди тақсими кӯмакҳои башарӣ шадидан танқид ва роҳҳои ислоҳи вазъият нишон дода шудааст. Акнун шумо ҳам шоҳиди бевоситаи вазъият ҳастед ва ҳам ҳисоботи хубе дар ихтиёр доред.

Шумо репортажро чи гуна менависед? 

Таносуби байни тасвири воқеии урдугоҳҳо ва “далелҳои хабарӣ”-и ҳисобот чи гуна хоҳад буд? 

Як гузинаи мақолаи шумо барои хонандагони Африқо ва гузинаи дувум барои хонандагони кишварҳои Осиёи Марказӣ пешбинӣ мешавад. Фарқияти ин ду гузина аз ҳамдигар чи гуна хоҳад буд?

Адабиёти иловагӣ:

Репортажҳо бо ҳадафи тағйирот: Дастурамали IWPR барои рӯзноманигорони маҳаллӣ, ки дар минтақаҳои буҳронӣ фаъолият мекунанд (бо забони русӣ)

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.