Зеркаш кардан
Чоп кардан

Подкаст

Spoiler/Спойлер (click to read/кликните, чтобы прочитать)
Бо рушди телефонҳои ҳушманд ҳеч вақт роҳи нисбатан роҳати таҳия ва истифодаи подкаст вуҷуд надошт. Албатта, ин чунин маънӣ дорад, ки бахши мазкур хеле пуррақобат гардид, аз ин рӯ шумо бояд таркиби як подкасти муваффақро дарк намоед.
Хуш, биёед аз асосҳои он шурӯъ мекунем. Подкаст чӣ аст? Агар хеле сода карда бигӯем, он танҳо як файли аудиоист.
Албатта, видео-подкастҳо низ ҳастанд, аммо дар асл истилоҳи подкаст ба аудио рабт дорад. Дар қиёс ба радио подкастро тибқи дархост гӯш мекунанд. Ин чизе ҳаст, ки шунавандаҳо дӯсташ медоранд. Онҳо метавонанд интихоб кунанд, ки кай ва чӣ гуна онро бишнаванд.
Подкаст бояд дар ҷое нашр шавад. Агар шумо подкастро боргузорӣ мекунед, он файли аудио дар кадом як сервере ҷойгир мешавад. Ин лаҳза шояд мепурсед, ки “ин аз файле, ки дар куҷое, дар “фазои абрӣ” ҳифз кардаам, чӣ тафовут дорад?” Тибқи қоида рӯйхати подкастҳо мавҷуд аст. Аз ин рӯ, вақте замимаи худро барои подкастҳо боз мекунед, метавонед онро аз рӯи ном ё мавзӯяш пайдо кунед. Агар мехоҳед, ки одамон подкасти шуморо пайдо ва гӯш кунанд, ин хеле муҳим аст.
Инчунин имкони ба подкаст обуна шудан ҳам ба ин вобаста аст. Агар ба шумо кадом як шоуи мушаххас писанд аст, метавонед ба он обуна шавед ва ҳангоми нашр шудани подкасти нав ба шумо огоҳӣ мерасад ва ҳатто метавонед боргирии худкори ин подкастро ба нармафзори худ интихоб кунед.
Ҳамин тариқ, подкастҳо дар асл файлҳои аудиоие ҳастанд, ки барои ҷустуҷӯ ва боргирӣ дастрас мебошанд.  
Акнун, кадом дастгоҳ барои шумо зарур аст? Ҷавоб аз ин вобаста аст, ки ба кадом дараҷаи техникӣ расидан мехоҳед. Смартфони шумо воқеан садоро хуб сабт мекунад. Бо замимаҳое мисли Voice Record Pro ё Ferrite метавонед садоро сабт карда, ҳатто онро таҳрир намоед.
Аммо новобаста аз он ки кадом дастгоҳро истифода мебаред, беҳтар аст микрофони хубе дошта бошед. Барои ин пули зиёд харҷ кардан лозим нест. USB-микрофони басомадаш миёна ҳам мешавад. Чизе ки нисбатан муҳим аст, ин мавҷуд будани ҷойест, ки ғалоғула ва акси садо надошта бошад. Агар дар хона сабт мекунед, барои кам кардани акси садо аз курпаву болишт истифода баред.
Инчунин шумо бояд имкони сабти подкасти худро дошта бошед. Шояд дастгоҳи махсуси сабткунанда доред, агар не, пас бароятон барнома барои сабти садо, мисли Adobe Audition  лозим мешавад. Алтернативаи ройгон – Audacity мебошад.
Агар шумо ҳам мисли ман ҳастед, эҳтимолан иштибоҳи зиёд мекунед. Агар мехоҳед онҳоро ислоҳ намоед, ба шумо барномаи вижа барои танзими аудио лозим меояд, то қисматҳои иштибоҳшударо қайчӣ кунед, мусиқӣ илова кунед ва монанди инҳо.
Беҳтар аст, ки аз чизи хеле сода оғоз кунед ва агар подкасти шумо маъруф шуд, ба марҳилаи нисбатан пешрафта бигзаред.
Ҳамин ки аз файли аудиоии таҳриркардаи худ розӣ шудед, раванди барои ба боргузорӣ омода кардани он пеш меояд. Нахуст шуморо лозим меояд, барои сохтани файли аудиоӣ матлаби танзимкардаи худро таҳвил бидиҳед.
Пасон, хостинг лозим мешавад. Хадамотҳои гуногуни хостинги подкастҳо мавҷуданд. Дар ин қисмат шумо дар бораи бахшҳои подкастатон ба шунаванда маълумот медиҳед. Ин раванд ба боргузории видео дар Youtube хеле монанд аст.
Шояд фикр мекунед, ки бо ҳамин кор тамом, аммо иштибоҳ мекунед.
Хостинг ба шумо пайвандеро нишон медиҳад, ки онҷо подкасти шумо ҳифз шудааст. Баъдан шуморо лозим аст ба феҳрастҳои гуногуни подкастҳо, монанди Apple Podcasts ворид шуда, подкасти худро дар рӯйхат шомил намоед. Ҳамин тариқ, он хоҳад донист, ки подкасти шумо дар бораи чӣ аст, он дар куҷо ҳаст ва ба кадом мавзӯъ марбут аст. Ҳамин ки феҳраст подкасти шуморо шохисгузорӣ (индексатсия) мекунад, маъмулан қисматҳои баъдиро навсозӣ ё барӯзрасонӣ мекунад. Ин чунин маънӣ дорад, ки дигар ҳар дафъа вақте қисмати навбатиро илова мекунед, шуморо зарур нест, онро анҷом бидиҳед. Танҳо онро дар хостинги худ боргузорӣ ва маълумотро ворид мекунед, корҳои дигар ба таври худкор анҷом мешаванд.  (слайд)
Ҳамин тавр, ҷиҳати техникии подкаст набояд монеаи зиёд шавад, аммо асосҳои як подкасти муваффақ чиҳо ҳастанд?
Аввалан, аудиторияи худро муайян намоед. Таври маълум, подкаст дар қиёс ба барномаҳои радиоӣ, ки шояд чандин мухотабони гуногунро қонеъ гардонад, танҳо ба як мавзӯъ бахшида мешавад. Шумо бояд дақиқ маълум намоед, ки ба кӣ муроҷиат мекунед.
Донистани хостаҳои аудитория муфид аст. Як шунавандаи худро тасаввур намоед. Ӯ чандсола аст? Дар куҷо қарор дорад? Умедҳо ва хавфҳояш чӣ гунаанд? Ба чӣ таваҷҷуҳ дорад? Сайъ намоед, дар зеҳни худ тасвири возеҳеро бисозед, аз ин рӯ вақте подкаст таҳия мекунед, шунавандаи шумо тақрибан эҳсос мекунад, ки бевосита бо ӯ суҳбат доред.
Бахши дигар мантиқан моро ба охирӣ мебарад. Мавзӯъ бояд хеле мушаххас бошад. Барои мисол, подкаст перомуни футболи Олмон метавонад аз подкаст дар бораи варзиш дар умум муваффақтар бошад. Чаро? Зеро он ба мухотабон танҳо он муҳтавоеро медиҳанд, ки барояшон ҷолиб аст. Онҳо шояд ба теннис таваҷҷуҳ надоранд. Барномаи радиоӣ шояд метавонад ҳар ду навъи варзишро фаро гирад. Аммо подкаст бартарӣ дорад – он нисбатан ҳадафноктар аст. Он инчунин ба одамон кумак мекунад, то подкасти шуморо дар феҳрист зуд пайдо кунанд. Агар сарлавҳа, маълумот ва бахши ишорашуда хеле дақиқ ва мушаххас бошанд, одамони ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳдошта ба осонӣ подкасти шуморо пайдо мекунанд.
Дар идома формати дурустро интихоб кунед. Бархе подкастсозон ҳар ҳафта бо меҳмонҳои гуногун мусоҳиба анҷом медиҳанд, дигарон шояд якбора чанд меҳмонро даъват мекунанд, дар ҳоле ки саввумиҳо дар мавриди ҷиноятҳо нақл мекунанд ва ин корро бо шеваи намоишномаи радиоӣ анҷом медиҳанд.
Кадоме аз ин форматҳо барои мавзӯи шумо мувофиқтар аст? Он чӣ қадар давомнокӣ хоҳад дошт? Дар бораи мухотабони худ фикр кунед. Оё ба варзиш машғуланд ё ба кор мераванд? Ин метавонад ба шумо тасаввуротеро бидиҳад, ки барои шунавандаатон чӣ қадар давомнокӣ хуб аст. Формат ба подкасти шумо бандубасти сохторие медиҳад. Аммо бахши дигар ҳам хеле муҳим аст.
Шахсиятсозӣ кунед. Маъмулан одамон ба шунидани подкасти шумо барои мавзӯъҳояш шурӯъ мекунанд, аммо гӯш кардани онро барои шахсияти ровӣ идома медиҳанд. Подкастинг ин фазои инфиродӣ мебошад. Дар қиёс ба видеои онлайн шунавандаҳо одатан аудиоро тӯлонитар гӯш мекунанд. Гап сари ба вуҷуд овардани иртибот бо мухотабон аст, аз ин рӯ ҳар қадар ки ба шахсияти худ зам кунед, ҳамон андоза беҳтар аст.
Ва ниҳоят, ривоҷ диҳед, ривоҷ диҳед ва ривоҷ диҳед. Ин як бозори калон аст, аз ин рӯ шуморо зарур аст подкасти худро ривоҷ диҳед. Онро бори дигар гӯш диҳед ва чанд сонияи беҳтарини онро интихоб кунед. Онро дар оғози подкаст гузоред, то таваҷҷуҳи шунавандаҳоро ҷалб кунад. Онро дар шакли видео таҳия карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба иштирок гузоред. Дар твит перомуни подкаст нависед. Хулоса, фикр накунед, ҳамин ки подкастро нашр кардед, ба таври автоматӣ мухотабонро ба даст меоред. Мисли ҳар муҳтавои дигар онро бояд ривоҷ бидиҳед.
Ба сифати мисол, метавонад ҳамон подкаст дар бораи футболи Олмон бошад. Мухотабони мо мардони аз 35 то 50 солаанд, ки футболи Олмонро пайгирӣ мекунанд. Аз ин рӯ подкаст дар бахши варзиши феҳрист мавҷуд аст. Ба онҳо мусоҳиба бо коршиносон ва бозигарони собиқ писанд аст, аз ин рӯ формати подкаст – се мусоҳибаи алоҳидаи 10 дақиқаӣ мебошад. Онҳо замоне гӯш мекунанд, ки ба кор мераванд ё аз кор бармегарданд, аз ин рӯ подкаст 30 дақиқа идома меёбад. Метавонем чанд иқтибоси беҳтаринро аз подкаст гирифта, барои ривоҷ додан онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба иштирок гузорем. Мусоҳиба тавассути компютер ё USB-микрофон дар Skype анҷом шуда, дар Audacity сабт ва танзим мегардад.
Ҳамин тариқ, тавре мебинед, агар шумо аудитория доред, мавзӯе доред, ки ба онҳо писанд аст, он дар формате пешниҳод гардидааст, ки мухотабон мехоҳанд ва шумо онро барои аудиторияатон ба иштирок мегузоред… шонси хуби зиёд кардани теъдоди обуначиҳоро доред.
Ин тавр бошад акнун дар бораи мавзӯъ, аудитория ва формати подкати худ фикр кунед. Худи ман дар толори интизории фурудгоҳ бо истифодаи телефон бо одамон суҳбат намуда, подкаст таҳия кардам. Аз ин хотир ба шумо тавсия медиҳам, аз чизе сар кунед, ки доред ва подкасти худро ҳарчӣ зудтар нашр намоед.

Агар шумо хатои имлоӣ пайдо карда бошед, лутфан бо интихоби матн ва пахшкунии Ctrl + Enter ба мо хабар диҳед.

Зеркаш кардан
Чоп кардан