Зеркаш кардан
Чоп кардан

Рӯзноманигорон ҳангоми инъикоси раванди интихобот дар Қазоқистон чиро бояд дар хотир дошта бошанд?

Дар Қазоқистон рӯзи баргузории интихоботи вакилони маслиҳат (мақомоти намояндагии маҳаллӣ) ва Маҷлиси парлумон (палатаи поёнии парлумон)-ро эълон карданд. Он 10 январи соли 2021 баргузор мешавад.

Рӯзноманигорон ва ВАО ҳангоми инъикоси раванди интихобот кадом ҷанбаъҳои ҳуқуқиро бояд дар хотир дошта бошанд? CABAR.asia ҳамроҳ бо ҳуқуқшиноси расонаӣ Гулмира Биржанова як қатор тавсияҳоеро омода кардаанд, ки ба ин ва дигар саволҳо ҷавоб мегӯянд.

Агар ВАО мехоҳад, ки маъракаи интихоботиро инъикос намояд, пас бояд:
  • маълумотнома дар бораи ҳаҷми маблағ, шароит ва тартиби пешниҳоди эфир ва саҳфаи матбуотро на дертар аз даҳ рӯзи баъди эълон шудани рӯзи баргузории интихобот нашр ва ба КМИ пешниҳод кунад;
  • қоида ва талаботи таблиғоти пешазинтихоботиро риоя кунад;
  •  аз интишори матлабҳое, ки дидаву дониста шаъну шараф ва эътибори кории номзад ва ё ҳизби сиёсиро паст мезананд, худдорӣ варзад ва маъракаи интихоботиро беғаразона инъикос кунад; 
  • бо пешниҳоди ҳаҷми баробари эфир ва саҳфаи матбуот дар бораи чорабиниҳои марбут ба пешниҳоди тамоми номзадҳо ва рӯйхати ҳизбӣ, сабти онҳо дар комиссияи интихоботӣ маълумот бидиҳад;
  •  воситаҳои ахбори омма дар асоси шартнома ба номзадҳои сабтиномшуда ва аҳзобе, ки рӯйхати ҳизбиро пешбарӣ кардаанд, эфир ва саҳфаи матбуотро пешниҳод мекунанд; 
  • воситаҳои ахбори омма ба комиссияҳои интихоботӣ имкони фаврии нашри иттилоъ дар бораи раванди маъракаи интихоботӣ ва паёмҳои дар қонуни конститутсионӣ муайянгардидаро фароҳам меоваранд.
ВАО-е, ки раванди интихоботро инъикос мекунанд, аз чӣ бояд бипарҳезанд

Додани бартарӣ ба ин ё он номзад, тағйир додани адади нашр, буридан ва шарҳ додани баромади номзадҳо, зеро иштироки ВАО дар таблиғоти пешазинтихоботӣ ба маънии розигии он ба нашри матолиби тамоми номзадҳо, бидуни истисно  мебошад. 

Дар бораи муҳлати таблиғот

Бар пояи қонунгузории миллӣ, таблиғоти пешазинтихоботӣ дар Қазоқистон аз лаҳзаи тамом шудани муҳлати сабти номи номзадҳо оғоз ёфта, нимашаби қабл аз рӯзи интихобот анҷом меёбад. 

Ба ин тартиб, таблиғоти пешазинтихоботӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон соати 18:01-и 10 декабр шурӯъ гардида, бояд соати 00:00-и 9 январи соли 2021 ба анҷом бирасад. 

Агар овоздиҳии такрорӣ таъин шавад, пас таблиғоти пешазинтихоботӣ аз лаҳзаи таъин гардидани раъйдиҳии такрорӣ аз сар гирифта мешавад ва якшабонарӯз қабл аз рӯзи интихобот ба анҷом мерасад. 

Дар бораи парвонаи кор ё аккредитатсия

Гирифтани парвонаи кор ё аккредитатсия танҳо барои воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ҳатмӣ мебошад. Он ба ВАО-и хориҷӣ аз ҷониби ВКХ-и Ҷумҳурии Қазоқистон дода мешавад. 

Мавҷудияти аккредитатсия ба рӯзноманигори ВАО-и Қазоқистон ба маънии доштани ҳуқуқи бештар нисбат ба журналистоне, ки аккредитатсия надоранд, нест. Аммо он метавонад корро осонтар кунад. 

Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот

Тибқи қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон “Дар бораи васоити ахбори омма” рӯзноманигор ҳақ дорад дар раванди омодагӣ ба интихобот барои дилхоҳ иттилоъ ба комиссияи интихоботӣ муроҷиат кунад.

Дар бораи кор дар ҳавзаҳои интихоботӣ

Дар рӯзи интихобот аз лаҳзаи боз шудани ҳавзаи интихоботӣ барои овоздиҳӣ ва то муайян кардани натиҷаҳои раъйдиҳӣ аз ҳар воситаи ахбори омма (дар сурати доштани шаҳодатнома ва супориши редаксия) якнафарӣ ҳаққи ҳузур дар ҳавзаи интихоботиро доранд. 

Дар бораи аксбардорӣ ва сабти видео

Бар асоси моддаи 145-и Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Қазоқистон “Ҳуқуқ барои акс” гирифтани сурат ва сабти видео мумкин аст, чунки интихобот чорабинии оммавӣ ба ҳисоб меравад. Ва барои сабти чорабиниҳои оммавӣ тибқи таҷрибаи муқарраршуда розигии шаҳрвандон талаб карда намешавад.

Дар бораи нашри тадқиқотҳои сотсиологӣ

Ҳангоми нашри натиҷаҳои назарпурсиҳои афкори умум, ки ба интихобот марбутанд, ВАО муваззафанд шахси ҳуқуқиеро, ки ин назарпурсиро анҷом додааст, шахсоне, ки ин назарпурсиро фармоиш додаанд ва маблағи онро пардохтаанд, вақти гузаронидани назарпурсӣ, шеваи ҷамъоварии маълумот, шакли дақиқи савол ва теъдоди пурсидашудаҳоро зикр кунанд.

Дар бораи паҳн кардани маълумоти бадномкунанда дар бораи номзадҳо

Тибқи қонун аз ВАО инъикоси воқеъбинонаи маъракаи интихоботии номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ талаб карда мешавад, аз ин рӯ онҳо бояд аз нашри матолиби таблиғотӣ ва дигар маълумоте, ки дидаву дониста шаъну шараф ва эътибори кории номзад ва ё ҳизби сиёсиро паст мезанад, худдорӣ варзанд.  

Ин ҳамчунин ба маъноест, ки нашрия ва шабакаҳои телевизионӣ бояд ба шахсиятҳо имкони ройгони ироаи раддия ҷиҳати ҳифзи шаъну шараф ва эътибори кориашонро дар наздиктарин шумораи нашрия дар ҳамон ҳаҷм, бо ҳамон ҳуруф ва дар ҳамон ҷой бидиҳанд. 

Тавассути радио ва телевизион раддия бояд дар ҳамон вақт ва дар ҳамон барнома ва дар сурати баста шудани барномаи радио ва телевизионӣ дар дигар барномаи радио/телевизионӣ, ки мавзӯяш наздик аст, пахш шавад. 

Ҳаҷми раддия набояд аз ҳаҷми маълумоте, ки рад мешавад, ду баробар зиёд бошад. 

Дар бораи он ки матлаби марбут ба интихобот ва номзадҳо бояд чӣ гуна бошад, то предмети даъвои додгоҳӣ нашавад

Беғаразӣ – беҳтарин намуна аст. Беҳтар аст, ки тамоми матолиб қабл аз нашр санҷида шаванд, ки оё дар онҳо нисбат ба номзад ва ҳизбҳои сиёсӣ аз усули воқеиятнигорӣ кор гирифта шудааст ё на. Ин ба маъноест, ки маълумот дар бораи номзадҳо набояд арзёбӣ ва ё пешгӯиҳоро ба нафъи онҳо дошта бошад. 

Акси асосӣ: tengrinews.kz

Агар шумо хатои имлоӣ пайдо карда бошед, лутфан бо интихоби матн ва пахшкунии Ctrl + Enter ба мо хабар диҳед.

Зеркаш кардан
Чоп кардан