Инъикоси ҳуқуқи инсон. Дастурамали амалӣ барои рӯзноманигорон
Дастурамали мазкур – ин сарчашмаест барои рӯзноманигорони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи он ки чи гуна мавзуҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқро дар расонаҳо ба навъи аҳсан инъикос кард. Муҳаррирони расонаҳои пешсаф, коршиносони соҳаи расонаҳо, мутахассисони ҳуқуқи инсон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва ИМА дар мавзуҳои амният, ҳуқуқ, муҳтаво ва равоншиносӣ машварат медиҳанд. Ин машваратҳо ба рӯзноманигорони ОМ имкон фароҳам меоранд, ки сатҳи касбият ва дониши худро дар мавриди инъикоси мавзуҳои марбут ба поймолшавии ҳуқуқи инсон боло баранд. Дастурамал дар доираи тарҳи “Ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таҳсилот тавассути расонаҳо дар Осиёи Марказӣ” аз сӯи IWPR ва бо сармоягузории Комисияи Аврупо таҳия шудааст.