Мизони ҳамкорӣ миёни ВАО ва созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ дар Қирғизистон

Ташхиси бунёдӣ. Барои муайян кардани вазъи заминавӣ ҳангоми роҳандозии лоиҳаи IWPR “Шаклгирии таҷрибаи тадқиқотҳои журналистӣ барои пешбурди ислоҳоти демократӣ: танзими ҳамкориҳо миёни намояндагони созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ, институтҳои давлатӣ ва ВАО” аз моҳи феврал то апрели соли 2015 Намояндагии Институти Инъикоси Ҷанг ва Сулҳ дар Қирғизистон миёни намояндагони васоити ахбори омма ва ҳомиёни ҳуқуқ пажуҳиш анҷом дод.

Ҳадафи ин пажуҳиш муайян намудани мизони ҳамкорӣ миёни ВАО ва созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ҳалли масоили марбут ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, то куҷо созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ ВАО-ро ба сифати абзор барои бештар кардани доираи аудитория ва таҳкими таъсири паёмҳои худ истифода мекунанд, буд.

Бар илова, дар ҷараёни пажуҳиш талош шудааст, то имкони ҳамкориҳои ВАО ва ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми баргузории тадқиқотҳои журналистӣ муайян карда шавад. Матлабро бо ин пайванд метавонед боргирӣ намоед: