Барнома
-
Сторителлинги дидорӣ
Дар ин модул шумо мефаҳмед, ки сторителлинги дидорӣ чӣ аст ва бо қоидаҳои асосии композитсияву ранг, инчунин абзорҳои дидорисозӣ шинос мешавед.
Муаллиф: Ойзода Тома -
STORYTELLING: АСРОРИ ВИДЕО-ҚИССАҲОИ МУВАФФАҚ
Беҳтарин усули барқарор кардани иртибот бо хонанда ва бинанда – нақли қисса аст. Қиссае, ки на фақат шавқангез, балки зебо ороёфта бошад.
Аммо агар қиссаи Шумо аз сархати аввал ё аз се навори нахуст мавриди таваҷҷуҳ қарор нагирифт, пас ин шаҳодати бехабариатон аз нозукиҳои сторителлинг мебошад. Зеро қиссаи дуруст оғоз ва анҷомёфта ҳамеша бо як нафас мутолиаю тамошо карда мешавад.
Ин модул маҳз ҳамин нозукиҳоро ба Шумо меомӯзонад, ҳамчунин асрори видео-қиссаҳои муваффақро ифшо мекунад. Он қиссаҳоеро, ки метавонанд кулли эҳсосот – аз муҳаббату хандаю нишот то дилсӯзию дарду ашкро барангезанд.
Бо анҷом ёфтани модул Шумо метавонед:
• қиссаҳои эҳтимолан муваффақро ташхис бидиҳед
• зовияи пешниҳодро дуруст интихоб намоед
• ба раванди наворбардорӣ эҷодкорона муносибат намоед
• бо мухотабони худ ҳамоҳангӣ намоед
• ба теъдоди зиёди тамошо, лайкҳо, мубоҳисаҳо ва бознашрҳо ноил гардед
Инчунин дар поёни модул шумо метавонед тести арзёбии донишҳои ҳосилнамуда ва чанд супоришҳои амалиро пайдо намоед.
Муаллиф-Махпора Киромова- Дарси 1. Ҳадаф ва вазифаҳои сторителлинг аз чӣ иборатанд?
- Дарси 2. Кадом омилҳо видео-қиссаро муваффақ мегардонанд?
- Дарси 3. Платформаи дуруст
- Дарси 4. Уфуқӣ, мураббаъ ё амудӣ?
- Дарси 5. Барои кадом эҳсосот бояд талош кард?
- Дарси 6. Майлу рағбати мухотабон
- Дарси 7. Қоидаҳои асосии композитсия дар видео
- Дарси 8.
- Худро бисанҷед. (Тест)
- Супориши амалӣ
-
Раздел 4
Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ тафаккури интиқодиро ҳанӯз дар мактаб меомӯзонанд ва хабарнигорони оянда ҳини ба факултаҳои журналистика ҳуҷҷат супурдан аллакай ба қабули интиқодии иттилоот омода ҳастанд.
Аммо қисми дигари рӯзноманигорони навқалам ва амалкунанда шояд ин донишҳои асосиро надоранд, ки раванди қабули абзорҳои таҳлили интиқодиро душвор мегардонад. Ин модул чанд абзори тафаккури интиқодиро дар худ ҷо кардааст, ки дар амалияи рӯзноманигорӣ таҷрибашудаанд.
Муаллиф: Инга Сикорская
Instructors

Ленур Юнусов

Ойзода Тома

Моҳпора Киромова

Инга Сикорская
