Дар бораи давраи омӯзишӣ

Ин давраи омӯзишӣ ба расонаҳои нав ва усулҳои аслии ташаккули бренди шахсӣ, инчунин таҳияи матлабу муҳтавои босифат дар платформаҳои иҷтимоӣ бахшида шудааст. Он модулҳои дидорисозӣ, сторителлинги видеоӣ, тафаккури интиқодӣ ва ҳассосияти моҷароӣ-гендериро дар бар мегирад.

Ҳадафи калидии давраи омӯзишӣ -- пешниҳоди донишҳои бунёдӣ ва дарки ин ки хонандаҳо ба хабарҳо дар расонаҳои нав чӣ бархӯрде доранд ва онро чӣ гуна қабул мекунанд; абзор ва шеваҳои таҳияи муҳтавои муваффақи онлайнӣ ва пешбурди рӯзноманигории мавзӯъҳои ҳассос дар интернет;

Қолаби давраи омӯзишӣ:

Ин давра аз 12 модули асосӣ иборат буда, барои 12 ҳафтаи омӯзиш дар назар гирифта шудааст. Фарогирии ҳафтаинаи омӯзиш 5-7 соат (бо назардошти мураккабии бахшҳои омӯзиш)-ро дар бар мегирад.

Ҳар модул шеваҳои зерини омӯзишро фаро мегирад:

  • Лексияҳои видеоӣ;
  • Маълумоти матнӣ;
  • Вазифаҳои тестӣ барои санҷиши азхудкунии матолиби назариявӣ (7-10 савол барои ҳар бахши омӯзиш). Ҳар иштирокдори курси омӯзишӣ бояд тестҳои ҳар модулро дар ҳадди то 80 дарсад бигзарад, танҳо дар ин сурат метавонад ба омӯзиши модули баъдӣ шурӯъ кунад. Барои гузаштани ҳар тест то 10 маротиба имкон дода мешавад. Дар сурати нагузаштани тест пас аз 10 маротиба анҷом додани он, система блок мешавад ва иштирокчиро лозим аст худро аз нав ба давраи омӯзишӣ сабти ном кунад. Дар ин бастагӣ, агар талошҳои аввали гузаштани тест номуваффақ бошад, беҳтар аст наворҳои омӯзишӣ, вазифаҳои назариявӣ ва амалиро аз нав бубинед;
  • Вазифаҳои амалӣ барои таҳкими донишҳои андӯхта. Иҷро кардани ин вазифаҳо ихтиёрӣ мебошад ва барои комилан мустақилона анҷом додан пешбинӣ гардидааст;
  • Санҷишномаи ниҳойии назоратӣ ҳам пешбинӣ шудааст, ки мазмуни тамоми давраи омӯзиширо дар бар мегирад. Дар сурати ба 80 дарсад гузаштани он сертификати электронӣ ё чопӣ пешниҳод мешавад;
  • Баргузории марафонҳо дар расонаҳои иҷтимоӣ барои таҳкими донишу малака дар назар гирифта шудааст.

Талабот

Давраи омӯзишӣ барои донишҷӯёни факултаҳои журналистикаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва рӯзноманигорони навқалам пешбинӣ шудааст.

Барои иштирок доштани одитарин маҳорати истифодаи фанновариҳои иттилоотии компютерӣ (дар сатҳи истифодаи компютер ва шабакаҳои маъруфи иҷтимоӣ) лозим аст.

Барои маълумот:

Лоиҳаи IWPR CA "Рушди расонаҳои нав ва рӯзноманигории рақамӣ дар Осиёи Марказӣ" барои таҳкими тавонмандии воситаҳои ахбори омма, омӯзгорон, донишҷӯёни факултаҳои журналистика ва рӯзноманигорони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ҷиҳати таҳияи матолиби босифати рақамӣ, муоссир, беғараз ва бетараф равона шудааст. Дар доираи ин лоиҳа IWPR сомонаи Мактаби таҳлилии CABAR.asia ва аввалин давраи омӯзишии онлайнро роҳандозӣ кард. Маводи курси омӯзишӣ дар платформаи мактаби расонаӣ нашр шуда, танҳо барои иштирокдороне, ки дар давраи омӯзишӣ сабти ном шудаанд, дастрас хоҳанд буд. Тамоми курсҳое, ки дар доираи лоиҳа таҳия шудаанд, моликияти IWPR СA буда, метавонанд барои тарҳҳои дигари он истифода шаванд.

 
Барои оғози омӯзиш сабти ном кунед
Аллакай ҳисоби?
Пурсишномаро гузаред

Барнома

Instructors

Саволҳои зиёд такрормешуда