Зеркаш кардан
Чоп кардан

Бемории иттилоотӣ ва маълумоти нодуруст чист?

Ба видео дар мавриди бесарусомонии иттилоотӣ ва ё таҳрифи иттилоот хуш омадед. Дар ин дарс шуморо бо чанд навъи таҳрифи иттилоот шинос мекунам.

Spoiler/Спойлер
Клипи 1: Муқаддима

“Ба видео дар мавриди бесарусомонии иттилоотӣ ва ё таҳрифи иттилоот хуш омадед.

Имрӯзҳо ин як мавзӯи хеле муҳим аст, зеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳар вақти дигар дида, хабарҳои бофтаю бардуруғ зиёдтар шудаанд, махсусан ахбори вобаста ба пандемияи коронавирус.
Аз ин рӯ, фикр мекунам агар як малакаи воқеан муҳиме, ки ҳамчун рӯзноманигор бояд беҳтар кунед, ин роҳҳои санҷидани иттилоот мебошад.
Хуш, дар ин дарс шуморо бо чанд навъи таҳрифи иттилоот шинос мекунам. Албатта, аз ҳама муҳимашро. Мисли хостаҳо ва ангезаи одамоне, ки чунин корҳоро анҷом медиҳанд. Бар илова, чизе ҳаст, ки аз он бояд эҳтиёт буд, ҷизҳои муайяне ҳастанд, ки онҳоро бояд бидонед. Инчунин дар мавриди чанд шеваи асосии санҷидан ва перомуни аз куҷо пайдо кардани иттилои бештар суҳбат хоҳам кард, зеро фикр мекунам шумо дар ин маврид бояд бештар бидонед.
Клипи 2 – ин чӣ тавр паҳн мешавад

Чаро бесарусомонии иттилоотӣ дар замони мо ин қадар мушкили ҷиддӣ аст? Расонаҳои иҷтимоӣ мисли вирус паҳн мегарданд, хабарҳо бо суръати боварнакардание паҳн мешаванд ва назорат кардани он ки куҷо овоза ҳаст ва куҷо иттилои бардуруғ душвор мебошад. Хуш, ин ҳама аз куҷо сар мешавад?

Аксаран ин аз “сомонаи торик”, шабакаи ношинос шурӯъ мешавад.

Баъдан дар платформаҳое монанди Reddit ва ё YouTube ва гуруҳҳо бар асоси созиши тавтиъа паҳн мегардад. Пасон дар шабкаҳои иҷтимоӣ паҳн мешаванд, вақте иттилооти таҳрифшуда ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ меёбанд, мисли оташи ҷангал паҳн шуда, зуд “вирусӣ” мешаванд.

Ва маҳз он вақт васоити ахбори омма, расонаҳои суннатӣ онро дида, дар борааш хабар медиҳанд. Шумо бояд аз эҳтиёт кор бигиред, зеро эҳтимол дорад, ки ин иттилоъ шояд аз доираи платформаи шабакаи иҷтимоии муайян берун намешуд, аммо ВАО дар бораи он хабар дода, онро ба аудиторияи нав пешниҳод мекунанд.
Аз ин рӯ бояд бо ин ки чӣ тавр иттилоъро месанҷем, чӣ тавр дар бораи он хабар медиҳем ва чӣ тавр онро бармало мекунем, эҳтиёткор бошем. Ва ин яке аз уҳдадориҳои мо ҳамчун рӯзноманигор аст – пешниҳоди далел ва санҷидани ҳама чӣ.
Клипи 3: Муайян кардан

Хуш, кадом навъҳои бесарусомонии иттилоотӣ мавҷуданд?

Мушаххасоти гуногуне ҳаст. Иттилооти ғалат чизе ҳаст, ки саҳван интиқол мешавад, ин метавонад иштибоҳи касе, нодуруст навиштани сана, тафсири рӯйдод ва ё қаринаи чизе бошад. Ин метавонад тарҷумаи нохуб ва ё чизе барканда аз қарина бошад. Ва метавонад бидуни фикри паҳн кардан интиқол шуда бошад.
Дуввум – чизе ки махсус ташкил шудааст, ин метавонад фейк ё дипфейк бошад ва ё вақте касе дидаву дониста қисмате аз муҳтавои видеоиро дасткорӣ мекунад.
Саввум, ин истифодаи ошкор намудани иттилоот аст, онро махсус паҳн мекунанд, то сари як шахси муайян ё гуруҳе мушкилот биёранд. Ин суханони нафратангез ва ё чизе монанди ин мебошад. Ҳамин тариқ, навъҳои гуногуни иттилооти дуруғин мавҷуд аст ва шуморо зарур аст таваҷҷуҳ кунед, ки онро кӣ таҳия кардааст.
Кӣ таҳия мекунад ва чаро

Ахбори бофтаро кӣ таҳия мекунад ва онҳоро кӣ паҳн мекунад? ВВС (Бӣ-Бӣ-Сӣ) ҳафт навъи одамонеро муайян кардааст, ки метавонанд ин корро анҷом диҳанд.

Қаблтар аз ҳама пранкстер ё базлагӯ. Ҷокер – касест ки чизеро бо шухӣ нашр мекунад. Баъдан ин паҳн мешавад ва бархе одамон шояд намефаҳманд, ки ин шухӣ буд ва онро барои саргармӣ ва ё бо мақсади танз паҳн мекунанд. Баъзан он бидуни дарки ин ки он бояд хандадор бошад, паҳн карда мешавад.

Гуруҳи дигар – касе ки ҳадафмандона иттилооти фейкиро месозад. Он метавонад фиребгаре бошад, ки худро табиб муаррифӣ мекунад. Он метавонад қаллобе бошад, ки мехоҳад аз шумо маблағ ситонад, масалан барои табобати бардуруғ аз коронавирус. Ҳамин тавр, одамони зиёде ҳастанд, ки дар замони чунин буҳронҳо бо истифода аз дигарон мехоҳанд пул кор кунанд. Ҳамин тавр, қаллоб ин навъи дуввум мебошад.
Навъи сеюм – сиёсатмадор аст. Сиёсатмадорон ин корро барои ҳадафҳои худ ва ба даст овардани қудрат анҷом медиҳанд. Дар асл, дар пропаганда чизи наве нест, он қарнҳо аст, ки вуҷуд дорад. Масалан, ин метавонад чизе монанди саволи Доналд Трамп бошад, ки оё мешавад маводи доғпоккунандаро ба сифати маводи зидиуфунӣ алайҳи коронавирус нӯшид. Фавқулодда хавфнок аст, вақте кадом як мақомдори сатҳи болоӣ чунин иттилоеро паҳн мекунад. Аз ин рӯ, сиёсатмадор ва ё кадом боломақоме, тибқи маъмул метавонад иттилои сохтаро танҳо барои гирифтани қудрат паҳн кунад.
Гуруҳи дигар – назарияпардози тавтеа мебошад. Ва шумо наметавонед мушоҳида накунед, ки созиши тавтиъа дар ҳама ҷо вуҷуд дорад. Коронавирус аз куҷо пайдо шуд? Оё дар озмоишгоҳ сохта шуд ва ё аз шабакаҳои 5g ба вуҷуд омад – сару садоҳои зиёде мавҷуд аст. Ва аксаран одамон иттилое надоранд, аз ин рӯ ҳама чиро мебофанд. Ин яке аз мушкилиҳо мебошад.
Навъи дигар  – инсайдер аст. Касе ки чизеро амиқ медонад. Ин метавонад табиби ношиносе аз беморхона бошад. Нафаре ки дар озмоишгоҳ кор кардааст. Ин метавонад мансабдори ҳукуматӣ бошад. Аммо номи ҳеч яке аз ин афрод ошкор намешавад ва агар ҳам номи онҳо нишон дода шуда бошад, пас онҳо воқеӣ нестанд. Ҳамин тариқ, он кадом як худхондае ва ё инсайдери дорои маълумот, аммо дар асл бидуни ҳеч маълумоте ҳаст.
Гуруҳи дигар, кадом як нафари наздик – хешованд ва ё дӯст ва ё касе ки танҳо мехоҳад бо пешниҳоди иттилоот, ки фикр мекунад зарур ҳаст, ба шумо кумак кунад. Ва эҳтимолан инҳо касонеанд, ки аз ҳама бештар дар WhatsApp паём, дар Facebook, номаи электронӣ ва чизе ба ин монанд мегирем. Масалан, аз он чи ки эҳтимолан дидаем: боз доштани нафасгирӣ, то ки муайян шавад, оё коронавирус доред ё на.
Инчунин ин метавонад чеҳраи шинохтае бошад, кадом боломақоме бо обуначиҳои зиёд. Доштани кадом донишҳое барои онҳо муҳим нест, хусусан донишҳои илмӣ дар мавзӯе ки суҳбат мекунанд. Ин ҳатто хеле хавфнок аст, вақте онҳо мавзӯеро баҳс мекунанд, ки дар мавридаш чизе намедонанд.
Ҳамин тариқ, асосан ҳафт навъи одамоне мавҷуданд, ки чунин матолиб месозанд. Ҳар кадоме аз онҳо аудиторияи гуногун ва мушкилоти гуногун доранд. Аз ин рӯ, шумо бояд ҳамаи инро пайгирӣ намоед ва ҳамеша вақте кадом як иттилоеро мегиред, аз худ суол кунед – онро кӣ сохтааст, оё воқеан онҳо касе ҳастанд, ки худро муаррифӣ мекунанд? Ва оё медонанд, ки дар бораи чӣ гап мезананд?
Клипи 5
Шумо бояд чӣ кор кунед?

«Баъди он ки шумо пурсидед, «Кӣ … кӣ муҳтаворо таҳия кард», шумо бояд бубинед, ки оё он воқеӣ аст?

Барои мисол, агар касе суратеро ба иштирок гузошт ва гуфт, ки ин бомбандозие дар кадом як ҷой аст. Агар шумо он суратро бигиред ва дар ҷӯстори Google ва ё сомонае бо номи Tin Eye гузоред, пас мебинед, ки шояд ин сурат қаблан дар куҷое истифода шудааст ва онро тағйир додаанд. Роҳҳои зиёди хеле сареъ санҷидани сохта будани аксҳо мавҷуданд.
Аммо қаблтар аз ҳама аз худ бипурсед, ки вақте ин муҳтаворо мебинед, чӣ ҳиссе доред. Оё барои он ки ҳақиқат бошад, хеле хуб менамояд?
Оё ҳақиқат дорад, ки дар сурат воқеан ҷавоне ҳаст, ки дар пушташ акулаи бузурге қарор дорад. Нигоҳ кунед ва фикр кунед, ки оё ин расм маро ба тарс маҷбур мекунад ё барои фикр кардан. Вау, боварнакарданист, ки чунин чизе имконпазир бошад. Медонед, агар ин чиз барои ҳақиқат будан хеле хуб намояд, пас эҳтимолан он барои ҳақиқат будан, аз ҳад хуб аст.
Аз ин рӯ, аввалан бипурсед ва фикр кунед, ки чаро касе инро ба иштирок мегузорад, то кадом андоза ин дақиқ аст, чӣ тавр ман онро метавонам исбот кунам. Чизҳои зиёде ҳастанд, ки ҳамчунин бояд ба онҳо таваҷҷуҳ намоед.
Хуш, ба санаи рӯз нигоҳ кунед, он кай нашр шудааст. Нигоҳ кунед, ки дар сурат ва ё видео чӣ ҳаст. Оё вобаста ба он ки одамон чӣ либосе пӯшидаанд, бино дуруст менамояд. Ва ё оё аломатҳо дуруст истодаанд, ба кадом самти роҳ ҳаракат мекунанд, ин кадом манзара ҳаст. Ба ҳамаи ҷузъиёти расмҳо ва наворҳо таваҷҷуҳ кунед.
Ва пасон метавонед бисанҷед – абзорҳои зиёде ҳастанд, ки метавонам пайванди онҳоро ба шумо бидиҳам, то маълумоти бештар бигиред. Ва ё метавонед ба First Draft News ворид шавед, то бубинед, ки дар куҷо метавонед курсҳо, вебинарҳо ва маълумоти дигари муфидро пайдо кунед. Зеро агар як малакае ҳаст, ки воқеан шуморо лозим аст истифода баред, он санҷидан мебошад».
6. кӯмак

Аз куҷо ёрӣ гирифт

«Билохира, аз куҷо метавонед кӯмаки бештар ва иттилоъ бигиред. Сомона ва созмонҳои гуногуне ҳастанд, (дидорӣ: рӯйхати сомонаҳо)

ки бо иттилои таҳрифшудаву бофта мубориза мебаранд. Ва воқеан меарзад, ки бидонем онҳо кӣ ҳастанд ва чанд курси омӯзишӣ, мисли First Draft News, фактчекинги бунёди Thomson Reuters-ро бигзарем. Дар ҳар кишвар ташкилотҳои мухталифе ҳастанд, ки дар ин самт кор мекунанд.

Шумо инчунин бояд масъулиятшинос бошед. Вақте қиссае пайдо кардед ва ё шунидед ки сиёсатмадоре дар кадом як маврид суҳбат кард, қабл аз такрор кардани он миф андеша кунед. Зеро такрор моро маҷбур мекунад, фикр кунем: «инҷо чизе ҳаст, бояд он ҳақиқат бошад, ман онро қаблан шунида будам».
Аз ин рӯ, хеле эҳтиёткор бошед, фикр кунед, ки он аз доираи муҳити аввалия берун паҳн шудааст, агар не, пас шумо набояд паҳнкунандаи он бошед. Васоити ахбори омма одати аз шабакаҳои иҷтимоӣ гирифтани чизе ва нашр кардани онро доранд. Ин метавонад сухани кадом як сиёсатмадор ва ё гуфтаҳои шахси маъруфе бошад. Мо бояд эҳтиёткор бошем, ҳама чиро бисанҷем ва бипурсем.
Бар илова, вақте тасмими фош кардани кадом як матлаби бофтаро доред, одамонро далелборон накунед. Мо наметавонем шумораи зиёди далелҳоро ҳазм кунем, то дарк намоем ки он нодуруст аст. Аз ин рӯ шумо бояд бигӯед, ки ин дуруст нест ва танҳо як ё ду намунае биёред, ки чаро чунин аст. Маъмулан, мо танҳо се чизро дар хотир гирифта метавонем, чизҳои аз он бештар аз хотир фаромӯш мешаванд.
Як чизи дигаре ки бояд дар назар гирифт, ин аст ки шумо ҳеч вақт фикри касеро ки ба чизе сахт бовар дорад, иваз карда наметавонед. Барои мисол, касе бовар дорад, ки одамони сайёраи дигар вуҷуд доранд. Медонам, ки ин мисоли хеле дигар аст, аммо вақте онҳо ба ин чиз бовар доранд, пас онҳо ба ин бовар хоҳанд кард ва шумо чизеро тағйир дода наметавонед. Аммо одамони дигар, ки шояд шунидаанд, чӣ тавр ин нафар дар бораи одамони сайёраи дигар нақл мекунад ва далелҳо меорад. Ҳамин тавр,  касеро, ки ба чизе сидқан бовар дорад, шумо аз фикраш баргардонида наметавонед, аммо метавонед тасаввуроти дигаронро иваз намоед.
Ҳамин тавр, далелҳоро дақиқ пешниҳод намоед, дар бораи он чи ки медонед ва он чи ки намедонед, равшан бигӯед. Ин ҳам ба мисли рӯзноманигор будан хеле муҳим аст. Аввалин чизе ки бояд ҳамеша анҷом бидиҳед, саволҳо ва истифодаи тафаккури интиқодӣ аст, на эҳсосотатон…ҳарчанд онҳоро ҳам метавонед истифода кунед.

Агар шумо хатои имлоӣ пайдо карда бошед, лутфан бо интихоби матн ва пахшкунии Ctrl + Enter ба мо хабар диҳед.

Зеркаш кардан
Чоп кардан