Зеркаш кардан
Чоп кардан

Чӣ гуна як мақолаи таҳлилиро барои интишор дар манбаъҳои интернетӣ беҳтар кардан лозим аст?

Рамзкушоии матн/Spoiler (Тукмачаро пахш кунед/click to read)

Дар асри ҷомеаи иттилоотӣ ва фароянди рақамисозӣ, ҳар донишманд ё пажӯҳишгаре мехоҳад, ки мақолоти худро на танҳо дар нашрияҳои чопӣ, балки дар фазои маҷозӣ ё манобеъи онлайн низ мунташир кунад. Агар нашрияҳои чопӣ, монанди маҷаллаҳои илмӣ, сатҳи эътибори шуморо дар маҳофили илмӣ ва донишгоҳӣ боло баранд, пас доманаи интишор ва фарогирии мухотабон дар манбаъҳои онлайн бамаротиб фарохтар аст ва бинобар ин, ин манбаъҳо фурсатҳои бештаре барои шумо фароҳам месозанд.

Ин воқеият, ки шумо муваффақ шудаед осоре мунташир кунед, баёнгари маҳоратҳо ва тавоноиҳои шумо ба унвони як мутахассис аст. Аз ҷумла, мақолаҳои шумо боиси афзоиши шӯҳрат ва эътибори шахсиятон мешаванд. Агар як нашрияи муътабар барои нашри мақолаи шумо омода бошад, пас шумо ба ин сазоворед. Ҳангоме, ки шумо мақолаеро ба сурати чопӣ ё онлайнӣ мунташир мекунед, шумо дарвоқеъ ба хонанда ин паёмро медиҳед, ки чи касе ҳастед, тахассусатон чист ва ба чи мавзӯъоти илмӣ алоқа доред.

Пойгоҳҳое дар фазои маҷозӣ, монанди Cabar.asia, мавҷуданд, ки ба густариши доманаи интишор ва пайдо кардани шумори бештаре аз мухотабон барои нивиштаҳои шумо кумак мекунанд. Ин боис мешавад, ки афроди бештаре шуморо бишносанд ва фаъолиятҳои онлайнии шуморо дунбол кунанд. Ин кор ба эҷоди бренди шахсии шумо ёрӣ мерасонад – ҳарчи бештар шуморо бибинанд ё мақолоти бештари шуморо бихонанд, пас шуморо бештар ба хотир хоҳанд дошт. Ҳар мавриди ёдоварии мусбат аз шумо, боварӣ ва эътимоди хонандаро ба шумо бештар мекунад ва бароятон судманд аст.

Яке аз ҳадафҳои интишори мақола дар расонаҳо ин аст, ки бо эътимод ба нафси боло ва ба таври муназзам худро муаррифӣ кунед ва нишон бидиҳед, ки воқеан дар ин ё он замина мутахассиси  кори худ ҳастед. Интихоби як нашрияи онлайнӣ ба ин бастагӣ дорад, ки ин нашрия хонанда ё мухотаби шуморо дар меҳвари кори худ қарор дода бошад ва навиштаи шумо бо ниёзи мухотабонаш созгор бошад.

Ҳадаф аз навиштани як мақолаи таҳлилӣ метавонад чанд ҷанба дошта бошад – масалан ин ки гиреҳе аз мушкиле боз кушояд ё масъалаеро ҳал кунад ё мавзӯе баҳсбарангезро барои хонанда рӯшан кунад, афкори умумиро дар бобати ин ё он масъалаи сиёсӣ ё иҷтимоӣ тағйир бидиҳад, роҳҳои ҳалли як мушкил ё гузинаҳои эҳтимолии таҳаввули як рӯйдодро пешбинӣ ё пешниҳод намояд.

Чанд тавсия барои беҳтар сохтани мақолаи таҳлилӣ

Ҳангоми навиштани мақолаи таҳлилӣ (илова бар нукоте дар бораи қолаб ва муҳтавои он), метавон чанд тавсияи дигар дар бораи шеваҳои беҳтар кардани мақолоти таҳлилиро дар назар гирифт.

 

  • Мухотаби ояндаи худро дарк кунед ва ниёзҳояшро дар назар бигиред.

 

Ҳатто агар нашрияи мавриди назари шумо мухотабони собит ва доимии худро дошта бошад, боз ҳам бояд дар назар гирифт, ки мумкин аст ҳамаи хонандагон аз сатҳи дониши яксоне бархурдор набошанд. Бо ин ҳол, матлабе, ки ба забони сода ва қобили фаҳм навишта шуда бошад, ё нукоти он ба таври рӯшан ва мухтасар баён шуда бошад, ҳама аз он суд мебаранд. Бино бар ин, лозим аст, ки нависандагон дар ҷараёни навиштани мақола ва таҳрири он зарфиятҳо ва тавоноиҳои мухотабон ё хонандагони мақолаи худро дар назар бигиранд.

Муаллифон бояд ин чанд суолро аз худ бипурсанд:

  • Чи касе ин мақоларо мехонад ва барои чӣ?
  • Хонанда ба чи иттилооте ниёз дорад?
  • Чи иттилооте эҳтимолан барои ҳамагон маълум аст ё ба таври густарда дар дастраси хонандагон қарор гирифтааст?

Муаллифон бояд ҳамеша ба фикри ин бошанд, ки хонанда чи чизи тозае мехоҳад ёд бигирад, нависанда чи чизе мехоҳад ба хонанда биёмӯзад, чи паёмеро мехоҳад ба хонанда мунтақил кунад ва ба чи чизе хонандаро мехоҳад қонеъ ё мутақоид созад.

 

  • Равиши илмӣ ҳамеша муҳим аст, саъй кунед аз чанд равиш ва абзори илмӣ барои таҳлилу таҷзия истифода кунед.

 

Маҷмӯъае аз равишҳои таҳқиқ ва далоилу шавоҳиди илмӣ абзори кори шуморо ташкил медиҳад. Равишҳои истидлол ва таҳлилу таҷзия бояд бо мавзӯъ ва қолаби навиштор мувафиқ бошанд. Бо ин ҳол, барои навиштани як мақолаи таҳлилии хуб, истифода аз чанд равиши таҷзия ва таҳлил шарти муҳим аст.

Дар бисёре маворид, нависандагон таҳлили худро ба маҷмӯъае аз иттилооти воҳид гиреҳ мезананд (масалан, омори марбут ба тавлиди нохолиси дохилӣ ё теъдоди ҷароими сабтшуда ё натоиҷи як назарсанҷӣ) ва иҷоза медиҳанд, ки ин иттилоот бар фароянди таҳлилу таҷзия ва натиҷаи таҳқиқи онҳо соя афканад.

Дар матолибе сатҳӣ ва на он қадар жарф, ин тамоюл мушоҳида мешавад, ки аксари нависандагон дар банду баст ё сохтори таҳлил ба ин суол такя мекунанд: “Дар бораи мавзӯи “Х” ман бо истифода аз додаҳо ва иттилоъоти “У” чи метавонам бигӯям? Дар ҳоле ки лозим аст ин суолро матраҳ кунанд, ки “кадоме аз абзорҳои “УУУУ…” барои ҳалли масъалаи “Х” муносибтар аст?” Дар натиҷа, бо сарфи назар кардан аз бофтор (контекст) ва пешбиниҳои заъиф мо дар таҳлили худ ба натиҷаи яктарафа мерасем. Аз ин рӯ, бояд ба ёд дошта бошем, ки истифода аз равишҳои гуногуни таҳлилу таҷзия ва баррасии додаҳо ва иттилоот барои шарҳу тафсири дурусти онҳо зарурист.

 

  • Аз таодул ё тавозун дар матолиби таҳлилӣ дареғ накунед.

 

Абатта, шумо назари шахсии худро доред ва мехоҳед устуворона аз он дифоъ кунед. Дар ҳар мақолае маъмулан мавқеъият ва назари шахсии нависанда ба таври рӯшан ошкор аст. Бо ин ҳол, лозим аст пойбандӣ ва садоқати худро ба асли тавозун ё таодул нишон бидиҳед, чун такя бар ин асл истидлолҳои шуморо қавитар месозад. Дар айни ҳол, ҳатто бо исботи назар ё мавқеияти худ наметавонед ба осонӣ аз назарот ва андешаҳои тарафи муқобил чашм пӯшед. Ҳангоме ки рӯи мавзӯъи худ кор мекунед, муҳимм аст собит кунед, ки ҳамаи тарафҳои масъаларо омӯхтаед ва нависанда истидлолҳои тарафи муқобилро ҳам дарк мекунад.

Агар масалан дар ҳоли навиштани мақолае дар бораи аҳаммияти ин ё он тавофуқнома ҳастед ва мехоҳед арзиши онро барои мардум собит кунед, бояд ба паёмадҳо ва нуқсонҳои эҳтимолии он низ таваҷҷуҳ кунед. Аз таҳқиқоте, ки натиҷаҳои ҳушдордиҳанда доранд, сарфи назар накунед, аммо шарҳ бидиҳед, ки барои чи далелҳои шумо қавитар аз истидлолҳои тарафи муқобил аст.

Аз назари муҳтаво, ба хотири ҳифзи айният ва риояти бетарафӣ саъй кунед аз истифодаи сифатҳои қазоваткунанда ва арзишӣ, монанди фавқулъода, дурахшон, пуч, зебо, хуб ва ғайра худдорӣ кунед.

Ҳамчунин тавсия мешавад, ки аз корбурди иборатҳои қолабӣ, монанди “мавзӯи доғ...”; “рӯи дигари танга…” бипарҳезед. Аз иғроқ ва муболиға низ бояд худдорӣ кард, ба унвони мисол, дар мавриди истифодаи таркибҳои зерин эҳтиёт ба харҷ диҳед: бағоят, хеле, бисёр, ҳамеша, ҳаргиз, бештар, камтар аз ҳама

Агар масалан дар бораи равобити байналамилал мақола менависед, лозим аст адабиёт ва тафсири бархе аз рӯйдодҳоро ҳадди ақал аз мавқеият ё дидгоҳи ду кишвар мутолеа кунед. Он гоҳ, чашмандози матлаби шумо фарохтар хоҳад шуд.

Ҳарчи аз манобеъи иттилоотии бештаре истифода кунед, доманаи баҳсу истидлоли шумо фарохтару амиқтар хоҳад шуд. Бинобар ин, тавсия мешавад, ки аз адабиёти хориҷӣ ҳам истифода кунед ва манбаъҳои худро рангинтару гуногунтар созед, мақолот ва навиштаҳои ҳампешагони худро дар бораи ин мавзӯъ дунбол кунед, ба масъала аз зовияҳои гуногуни илмҳои мухталифе, ки ба ин мавзӯъ иртибот доранд, нигоҳ кунед.

Барои мисол, агар як мавзӯъи сиёсатшиносиро интихоб кунед, муфид аст, ки бибинед ин мавзӯъ дар ҷомеашиносӣ, иқтисод ё ҳатто мардумишиносӣ чи гуна баррасӣ мешавад. Нависандагон метавонанд ва бояд натоиҷи кори илмии худро бо натоиҷи таҳқиқот дар кишварҳои дигар, ё пажӯҳишҳои дигар муқоиса кунанд.

Тавозун ҳамчунин ба масъалаи истифода аз нақшаҳо, намудорҳо (графика), ҷадвалҳо низ рабт мегирад. Масалан, матни мақола набояд пур аз намудору диаграммаҳое бошад, ки шарҳу тафсире барои онҳо вуҷуд надорад.

Ҳангоме ки мо дар бораи тавозун ё таодул суҳбат мекунем, бояд шеваи баёни мавзӯъҳои ҳассосу баҳсбарангез, ё паҳлӯҳои ҷинсиятии бархе аз масоилро ҳам дар мадди назар дошта бошем.

 

  • Самтгирии куллӣ дар мақола муҳим аст

 

Ба натиҷагириҳо ва тавсияҳои пешниҳодии худ дар поёни мақола таваҷҷуҳи вижа дошта бошед, зеро ин тавсияҳо бояд амалӣ ва дар замон ва шароити мавҷуда қобили иҷро бошанд. Барои таҳияи тавсияҳои муфиду муассир, илова бар фаъолиятҳои пажӯҳишӣ ё таҳқиқотӣ, ширкат дар бархе аз рӯйдодҳои муҳимму муртабит бо мавзӯъи мавриди мутолеъаи шумо – канфронсу ҳамоишҳои илмии онлайнӣ ва офлайнӣ, ҷаласаҳои мизи гирд, баҳсу гуфтугӯҳои илмӣ ва ғайра – судманд аст. Мушорикати фаъолонаи шумо дар ин гуна рӯйдодҳо ба навъе шабакасозӣ ё эҷоди пайвандҳо ва густариши равобити шахсии шумо бо мутахассисони дигар ё манбаъҳои дахлдор кумак хоҳад кард.

Дар навиштани тавсияҳо саъй кунед тавсияҳоятон нишонрас ва ҳадафмандона бошад ва мухотаби дақиқи худро пайдо кунад; дар навиштани пешбиниҳо саъй кунед даврабандиро нишон бидиҳед, масалан, метавонед онҳоро ба пешбиниҳои кӯтоҳмуддат, миёнамуддат ва баландмуддат тақсим кунед.

Илова бар ин, як мақолаи таҳлилии хуб шояд пурсишҳои дигаре эҷод кунад, ки мумкин аст ин пурсишҳо заминаро барои таҳқиқоти оянда фароҳам созанд. Шумо метавонед ба фурсатҳои оянда барои таҳқиқ ишора кунед, ё дурнамои таҳқиқ дар бораи паҳлӯҳои норӯшани дигари ин ё он масъаларо ошкор кунед.

 

  • Пеш аз ирсоли мақола ба як нашрияи онлайнӣ аз вақти худ оқилона истифода кунед – назари интиқодии шахси дигаре лозим аст.

 

Дар ин росто, агар имкон бошад, шумо метавонед мақолаи худро ба як ҳамкору ҳампеша ё мутахассиси умур барои ҷалби назар ва дидгоҳи шахси севум ирсол кунед. Ба назароти интиқодии онҳо ба унвони равише арзишманд барои беҳтар сохтани муҳтавои мақолаи худ ва роҳе барои пешбурди маҳоратҳои ҳирфаии худ дар оянда нигоҳ кунед. Дар тӯли муддате, ки ҳамкор / дӯст / мутахассис мақолаи шуморо мехонад, анҷоми он “ба дарозо мекашад”, ки мумкин аст дар ин муддат фикрҳои тозае пайдо шавад ё истидлолҳои тозае матраҳ кунед.

 

  • Ҳатман тасҳеҳ ё вироиши ниҳоиро анҷом диҳед ва ба суолҳои изофӣ, ки пайдо мешавад, посух ёбед.

 

Пеш аз ирсоли мақола ба сардабир, лозим аст на танҳо матнро аз назари хатоҳои дастурӣ ва имлоӣ, сабки баён, омору арқом дубора бисанҷед ва баррасӣ кунед, балки ба ин чанд суол низ посух бидиҳед:

  • Оё мавзӯъи мақолаи шумо муҳим аст?
  • Оё баҳсу истидлоле дар он вуҷуд дорад?
  • Оё назари рӯшане аз нависанда вуҷуд дорад?
  • Оё мақола комил навишта шудааст, оё идомаи мантиқӣ дар сохтори мақола вуҷуд дорад?
  • Оё хатоҳое дар истидлолҳоятон вуҷуд дорад?
  • Оё лаҳни мақола созгор ва муносиб ҳаст?
  • Оё сохтори ҷумлаҳо дуруст аст?
  • Оё мақола бо натиҷагирии мушаххасу рӯшане ҷамъбаст шудааст?
  • Оё ба ҳамаи манбаъҳои иттилоот такя шудааст?
  • Оё аломатҳои китобатӣ дуруст гузошта шудаанд?

Чанд ҳарфи охир дар бораи меъёрҳои арзёбии матолиби таҳлилӣ.

  • Бояд арзёбии вазъият сурат бигирад (на баёни масъала).
  • Кӯтоҳбаёнӣ – тавоноии тамаркуз ба мавзӯъи аслӣ дар пешкаши иттилоот.
  • Забони содаву рӯшан ва қобили фаҳм. Аз сабки баёни расмию хушк ва рӯҳонимаобона, феълҳои маҷҳул ё мафъул, печидагиҳои беш аз ҳад дар нутқ парҳез кунед (ҳарки фикраш рӯшан бошад – баёнаш ҳам рӯшан аст);
  • Таҳлили жарфу борикбинона, мутавозин, фарогир ва ҳамаҷониба, исботи ҳар фикри баёншуда бо далелу бурҳон;
  • Иҷропазирии тавсияҳои ироашуда барои ҳалли як мушкили хос.
  • Воқеъиятгароӣ ё нигариши воқеъбинона;
  • Комил ва ҷомеъ будани матлаб.

Феҳристи манобеъ:

  1. Ашимбаев М.С. Аналитические методы в системе государственного управления, 2002
  2. Билл Фрэнкс. Революция в аналитике: как в эпоху Big Data улучшить ваш бизнес с помощью операционной аналитики. Альпина Паблишер, 2017.
  3. Guidelines on writing analytical articles // http://www.unece.org/fileadmin/DAM/stats/documents/media/style_manuals/4.e.pdf

Агар шумо хатои имлоӣ пайдо карда бошед, лутфан бо интихоби матн ва пахшкунии Ctrl + Enter ба мо хабар диҳед.

Зеркаш кардан
Чоп кардан