Зеркаш кардан
Чоп кардан

Инга Сикорская: забони душманона чист ва дар рӯзноманигорӣ чи гуна аз он пешгирӣ кард?

 

 

Забони душманона ё нафратангез дар расонаҳо чи гуна забон аст? Барои дарки он бояд чанде аз омилҳоро мушаххас кард. 

Нахуст, забони душманона – ин риторикаи нафратангез, ҳама шакли баёни манфиву пастзананда ва муҳтавои визуалии расонаҳост, ки барои намояндагони нажоде, қавме, дину мазҳабе, гуруҳҳои иҷтимоие ғайри қобили қабул аст. Забони душманона метавонад, яке аз шаклҳои табъйиз бошад, ки ба ангеза ва таҳаммулнопазирӣ таҳрик диҳад. Ва ҳамзамон метавонад, таҳрик надиҳад, дар сурате, ки агар ибораҳои қолабии одатшуда ба маънои мусбат истифода шаванд.

Нахуст, забони душманона – ин риторикаи нафратангез, ҳама шакли баёни манфиву пастзананда ва муҳтавои визуалии расонаҳост, ки барои намояндагони нажоде, қавме, дину мазҳабе, гуруҳҳои иҷтимоие ғайри қобили қабул аст.

Парадокс ё таноқуз дар он аст, ки забони душманона ҷузъи озодии баён ба ҳисоб меравад ва дар бештари маврид наметавон, онро мамнуъ эълом кард. Аммо набояд фаромӯш кард, ки озодии баён – ин марбут ба ахлоқи ботинӣ аст ва рӯзноманигории ҳассосу низоъ маҳз рӯи ҳамин усул асос ёфтааст.  

Озодии баён – ин ҳаққи доштани ақидаи шахсӣ, озодона қабул ва паҳни иттилоъ ва ақида бидуни дахолату маҳдудият аст.

Дар бештари ҳолатҳо риторикаи бадбинона дар шакли қолабҳои нафратбарангез ва ибораҳое ифода меёбад, ки мумкин аст, объектививу холисона бошанд, аммо аз нигоҳи муҳтавову тарзи баён ба иззати нафси бархе аз одамон хоҳанд расид.

Барои мисол, ҳангоми инъикоси мавзуҳои ҳассос рӯзноманигорон одатан қаҳрамононро бо истифода аз мафҳумҳои умумӣ ва қолабҳои низоъҷӯёна васф мекунанд.

Клише – ин ороиши услубии қолабҳои нутқ аст, ки аз ҷониби оммаи мардум ҳамчун мафҳуми тасвиркунандаи намояндаи гуруҳи ҷудогона қабул шудааст. Стереотипҳо ё қолабҳо – ин доварии умумии намояндагони як гуруҳ аз нигоҳи дигарон аст. 

Чунин намунаҳои истифодаи забони душманона дар расонаҳо ҳангоми инъикоси:

Гуруҳҳои мазҳабӣ,

«Вай риши тундгароёна ва шими почакутоҳ дошт». «Дар нақлиёти ҷамъиятӣ сарпӯшидае бо сакалач (дар забони қирғизӣ – ришдори ҷавон, фанати мазҳабӣ) паҳлӯи ҳам нишаста буданд)». («Намунаҳо аз мониторинги забони душманонаи Мактаби сулҳофар ва технологияи расонаҳо дар ОМ бо ҳадафҳои омӯзишӣ мисол оварда мешаванд»).

Қавмӣ,

«Занозанӣ бо иштироки намояндагони миллатҳои қафқозӣ ва осиёӣ сурат гирифт». «Фарзандони онҳо ба мактаб намераванд, зеро ҳамаи сиган (ҷугиҳо) – дузданд ва онҳо вазифадоранд, ки ҳамарӯза ба ин тиҷорат машғул шаванд» («Намунаҳо аз мониторинги забони душманонаи Мактаби сулҳофар ва технологияи расонаҳо дар ОМ бо ҳадафҳои омӯзишӣ мисол оварда мешаванд»). 

Ҷинсӣ,

«Мо мебинем, ки онҳо тибқи аҳодиси пайғамбар рафтор мекунанд. Ҳамҷинсгароён ва кӯдакозорон (педофилҳо)-ро бояд аз ошёнаи баланд ба замин партофт» («Намунаҳо аз мониторинги забони душманонаи Мактаби сулҳофар ва технологияи расонаҳо дар ОМ бо ҳадафҳои омӯзишӣ мисол оварда мешаванд»).

ва гуруҳҳои иҷтимоӣ.

«Азҳадгузаштагони деҳотӣ (мамбетҳо – дар Қазоқистон, харипӣ – дар Ӯзбекистон) пойтахтро ифлос кардаанд. Ҳамаро бояд пеш кард ва маҷбур ба меҳнат намуд!» («Намунаҳо аз мониторинги забони душманонаи Мактаби сулҳофар ва технологияи расонаҳо дар ОМ бо ҳадафҳои омӯзишӣ мисол оварда мешаванд»).

Мисолҳои қолабу клишеҳои дар боло зикршуда намунаҳое аз забони душманона ҳастанд, ки намешавад онҳоро мамнуъ эълом кард, зеро қонунгузорӣ истифодаи онҳоро манъ накардааст. Аммо аз нуқтаи назари ахлоқ ва дақиқбаёнии рӯзноманигорӣ набояд дар гузоришҳо қолабу клишеҳои таҳқиркунандае истифода шаванд, ки дар забони омма фаровон кор бурда мешаванд. Истифода бурдани қолабҳои мазкур ба он хотир тавсия дода намешавад, ки ҷо додани чунин ибораҳову мафҳумҳо, махсусан дар гузоришҳои марбут ба мавзуҳои ҳассос, боиси бадтар шудани вазъи гуруҳҳои осебпазир мегарданд ва муносибати аудиторияро нисбати онҳо сардтар мекунанд.

Дар ивази клишеҳои мазкур кадом мафҳуму ибораҳоро мешавад истифода кард, то ин ки дар ҷомеа таҳаммулнопазирӣ нисбати гуруҳҳои номбаршуда афзоиш наёбад?

«Вай риши тундгароёна ва шими почакутоҳ дошт». «Дар нақлиёти ҷамъиятӣ сатрпӯшидае бо сакалчан (дар забони қирғизӣ – ришдори ҷавон, фанати мазҳабӣ) паҳлӯи ҳам нишаста буданд».

«Занозанӣ бо иштироки намояндагони миллатҳои қафқозӣ ва осиёӣ  сурат гирифт».

«Фарзандони онҳо ба мактаб намераванд, зеро ҳамаи сиган(ҷӯгӣ)-ҳо – духданд ва онҳо вазифадоранд, ки ҳамарӯза ба ин тиҷорат машғул шаванд».

«Мо мебинем, ки онҳо тибқи ҳадисҳои пайғамбар амал мекунанд. Ҳамҷинсгароён ва кӯдакозоронро аз ошёнаҳои баланд ба замин мепартоянд».

«Азҳадгузаштагони деҳотӣ  пойтахтро ифлос кардаанд. Ҳамаро бояд пеш кард ва маҷбур ба меҳнат намуд!».

Намунаҳое ки чигуна набояд навишт ва чи тавр бояд навишт:

«Вай риши тундгароёна ва шими почакутоҳ дошт»

«Ин одам риш ва шиме дар тан дошт, ки почаҳояш кутоҳ буд».

 

«Дар нақлиёти ҷамъиятӣ сатрпӯшидае бо сакалчан  (дар забони қирғизӣ – ришдори ҷавон, фанати мазҳабӣ) паҳлӯи ҳам нишаста буданд»

«Дар нақлиёти ҷамъиятӣ зани рӯймолпӯш ҳамроҳи марди ришдор менишаст»

 

«Занозанӣ бо иштироки намояндагони миллатҳои қафқозӣ ва осиёӣ  сурат гирифт»

«Занозанӣ бо иштироки даҳҳо одам сурат гирифт»

 

«Фарзандони онҳо ба мактаб намераванд, зеро ҳамаи сиган(ҷӯгӣ)-ҳо – духданд  ва онҳо вазифадоранд, ки ҳамарӯза ба ин тиҷорат машғул шаванд»

«Фарзандони онҳо ба мактаб намераванд, худи онҳо кор намекунанд ва дар кӯчаҳо ба гадоӣ машғуланд ва вазифадоранд, ки ҳамарӯза ин корро анҷом диҳанд»

 

«Мо мебинем, ки онҳо тибқи ҳадисҳои пайғамбар амал мекунанд. Ҳамҷинсгароёнва кӯдакозоронро аз ошёнаҳои баланд ба замин мепартоянд».

 

«Азҳадгузаштагони деҳотӣ пойтахтро ифлос кардаанд. Ҳамаро бояд пеш кард ва маҷбур ба меҳнат намуд!»

«Муҳоҷирони дохилӣ, ки аз деҳаҳо омадаанд, пойтахтро ифлос кардаанд»

Забони душманона дар матнҳои рӯзноманигорӣ ва дар шаклҳои пинҳон паҳн шудааст. Баъзан ҳангоми инъикоси масоили амниятӣ хабарнигорон риторикаи бадбинонаро дар шакли мафҳумҳои таҳрифшуда ва бо иваз кардани терминҳо истифода мебаранд ва аз оқибати кори худ намеандешанд. Мисоли ин мақолаи дар нашрия чоп шуда:

«Ба гуфтаи манбаи мо, Д. одами оромтабиат буд. Манбаъ зикр кард, ки ташкилкунандаи теракт он замон масҷидрав набуд».

Аз ин ҷумлаҳо хонанда чунин хулоса мебарорад: замоне, ки одами оромтабиат масҷидрав шуд, ба содир кардани теракт шуруъ намуд. Риторикаи пӯшида инҷо бо мафҳумҳои дигар иваз шудааст, аммо ҳамоно исломро беасос бо терроризм ҳаммаъно кардааст. 

«Ба гуфтаи манбаи мо, Д. одами оромтабиат буд. Манбаъ зикр кард, ки ташкилкунандаи теракт он замон масҷидрав набуд».

  • иваз кардани мафҳумҳо
  • беасос
  • ҳаммаъно донистани ислом бо терроризм

Мисоле, ки дар поён оварда мешавад, ҳамчунин яке аз шаклҳои риторикаи бадбинона аст, ҳарчанд клишеҳои таҳқиркунанда надорад ва метавонад, “Муҳокимаронӣ дар бораи бартарии қавмӣ худ” унвон шавад: 

«Мо миллати бузургем! Мо ба ҷаҳон рассомон, нависандагон, шоирони бузургро тақдим кардаем! Биёед, бузургии худро фаромӯш насозем!».

Ин ҷо низ кам касон дарк мекунад, ки бартарӣ қоил шудан аз рӯи мансубияти қавмиву миллӣ ба таври худкор намояндагони қавму миллатҳои дигарро паст задан ба ҳисоб меравад ва ба ин тартиб, намояндагони қавму миллатҳои дигарро ба ҳошия меронад. Дуруст мебуд, агар дар ивази вожаи “миллат” номи кишвар истифода мешуд ва ҷумлаҳои боло ин тавр навишта мешуд: «Мо халқи бузурги кишвари фалон». Ин тарзи баён хосияти созанда дорад ва боиси сарҷамъии ҷомеа мешавад.

«Мо мардуми бузурги кишвари фалон»

Яке аз дигар навъҳои маъмули забони душманона ин образи манфӣ додан ба гуруҳҳои мазҳабӣ, қавмӣ ва ё дигар гуруҳҳои иҷтимоӣ тавассути баёни умумӣ клишеҳо ва қолабҳо аст.

«Ҳамаи ҷойҳои кориро чиниҳо ишғол кардаанд, ба ҳамин далел мардуми қирғиз маҷбуранд, ба муҳоҷирати Русия ва ё ба ҷанги Сурия раванд».

Намунаи боло якбора чанд иштибоҳ ва забони душманона дорад:

Нахуст –умумӣ кардани қолабҳо, далелҳои тасдиқношуда – зикр кардани чиниҳо дар контексти манфӣ.

Ин навишта дар чапу рост ба чашм мерасад: 

«ҳамаи ҷойҳои кориро чиниҳо ишғол кардаанд» –

Ин умумӣ кардани қолабҳо, далелҳои тасдиқношуда – зикр кардани чиниҳо дар контексти манфӣ аст:

Навиштаи болоро бояд ҳазф ва ба таври дигар навишт:

ИН ГУНА: «Бекорӣ дар Қирғизистон …% ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки …% ҷойҳои кориро хориҷиҳо (аз кадом кишварҳо ва дақиқан чанд %-ро чиниҳо) ишғол кардаанд.»

Сониян – ин офаридани образи манфӣ аз гуруҳи қавмӣ тавассути “хурд” нишон додани онҳост. Ин шакли ҷумлабандӣ бо зикр кардани мансубияти қавмӣ ва пешоянди “хурд” мумкин аст, ҳисси ҳамдардии хонандаро бедор кунад.

 


 

Агар шумо хатои имлоӣ пайдо карда бошед, лутфан бо интихоби матн ва пахшкунии Ctrl + Enter ба мо хабар диҳед.

Зеркаш кардан
Чоп кардан