Зеркаш кардан
Чоп кардан

Иқбол Исҳоқов: видеоро барои шабакаҳои иҷтимоӣ чи гуна бояд таҳия кард?

Бино ба омори YouTube, ҳар дақиқа то 300 соат навор дар шабака ворид мешавад ва ҳамарӯза бештар аз 5 миллиард видео тамошо карда мешавад. Ҳамакнун, чи метавон кард, ки дар ин маҷрои бузурги наворҳо, навори шумо нобуд нагардад?

Мо бо шумо машваратҳои амалиеро баррасӣ мекунем, ки чи гуна бояд барои шабакаҳои иҷтимоӣ видео сабт кард. Омилҳои зиёде барои ин тасмим таъсиргузор ҳастанд.

Нахуст, мавзуи видео. Барои аудитория – бинанда ин мавзуъ то чи ҳад ҷолиб хоҳад буд? Маҳз барои ҳамин муҳим аст, ки пеш аз сабт бояд донед, навори шумо ба кадом қишри ҷомеа равона хоҳад шуд. Дар бораи аудитория биандешед. Кӣ навори шуморо тамошо мекунад? Аудитория шумо ба кадом навъи мавзуҳо таваҷҷуҳ зоҳир мекунад? Чи чиз онҳоро ба тамошои навори шумо водор мекунад?

Видео наметавонад, аз ҳад зиёд тӯлонӣ бошад. Ҳар андоза кутоҳ бошад, ҳамон андоза беҳтар аст.

Таваҷҷуҳ

Дар ҳоли ҳозир оҷонсиҳои хабарӣ наворҳои иборат аз 1-дақиқаӣ нашр мекунанд. Зеро барои бинанда навори бештар аз 1 дақиқа, аввалан, хеле тӯлонӣ аст, онҳоро поёни видеоро мунтазир намешаванд. Агар мо гуруҳи хурди одамонеро, ки ба мавзуи навори мо таваҷҷуҳ доранд, сарфи назар кунем, хатари зиёде мавҷуд аст, ки аксарияти одамон навори моро тамошо нахоҳанд кард, зеро навори тӯлонӣ интернетро бештар харҷ мекунад. Ҳаҷми мегабайтҳои аудитория маҳдуд аст. Онҳо намехоҳанд, мегабайтҳои худро беҳуда харҷ кунанд.

Ба садоҳои пасманзар таваҷҷуҳ кунед. Бисёр муҳим аст, ки акси садоҳо (эхо) ва садоҳои аз ҳад баланди атроф ба навор халал эҷод накунанд.

Он чи ки ба раванди сабти навор рабт дорад:

Хеле муҳим аст! Ҳеч гоҳе видеоро амудӣ (вертикалӣ) сабт накунед.

Телефонро дар вазъи уфуқӣ (горизонталӣ) нигаҳ доред, на амудӣ!

Фото: engadget.com

Чаро? Зеро оинаи нилгуни хонаи шумо шакли уфуқиро дорад, на амудиро! Шумо дар синамо ҳастед. Экран ҳам уфуқӣ аст. На амудӣ.

Телефонро сахттар доред. Набояд ҷунбад. Ба ҳеч ваҷҳ набояд аз даст афтад. Махсусан ҳангоми сабтҳои мустақим. Шумо, ба эҳтимоли зиёд, намехоҳед, акси бесифат ё навори хираву аз мавқеи номақбул сабтшударо тамошо кунед.

Агар тасмим гирифтед, ки ҷиддан бо навор машғул мешавед, пас барои телефони худ штатив (сепоя) харидорӣ кунед. Штатив наҷунбидани телефонро ҳангоми сабт кафолат медиҳад.

Шумо дар пушти саратон чашм доред? Ман надорам.

 Аз ҳамин хотир ҳангоми сабти наворҳои селфӣ диққат диҳед, ки саҳнаи пасманзар мувофиқ аст ва чизе халал намерасонад. Шумо мумкин аст, видеои хубе сабт кунед, аммо ҷӯробҳои рӯи рахти хоби шумо, ки дар видео намоёнанд, номуваффақиятии наворро кафолат хоҳанд дод.

Пасманзари интихобкардаи шумо бояд бо мавзуи видео мувофиқ бошад. Агар шумо дар мавзуи физика навор сабт карданӣ ҳастед, дар пасманзар бояд ашёи марбут ба ин мавзуъ дида шавад. На харитаи сиёсии дунё.

Ҳамин қоидаҳо ҳангоми сабти мавзуҳои дигар бояд риоя шаванд. Муҳимтарин нукта ин аст, ки ҳатман дар навор зикр кунед, ҳамсуҳбати шумо кист!

Навори сабтшударо таҳрир кардан имкон дорад. Яъне, қисматҳоеро мешавад, қайчӣ кард. Рушаниву торикӣ афзуд. Шумо метавонед, садо сабт ва онро дар навору акс илова кунед.

Барои анҷом додани ин амал барномаҳои зиёде мавҷуданд. Барои мисол, Kinemaster, Vivavideo, InShot, Quik Video Eitor ва ғайра. Ҳамаи инҳо барои як ҳадаф истифода мешаванд.

Шумо метавонед, дарсҳои видеоии зиёдеро дар бораи кор бо навор пайдо кунед.

Ҳамзамон бояд ҳунари ҷамъоварии бинандаро барои наворҳои худ ёд гирифт. Ман бархе аз ҷузъиёти содда, аммо муҳими кор бо наворро таҳия кардаам, ки тарзи сабт ва ворид кардани видеоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ёд медиҳад.

Видеоро дар телефони мобилӣ чи гуна метавон банду баст кард:

 

Агар шумо хатои имлоӣ пайдо карда бошед, лутфан бо интихоби матн ва пахшкунии Ctrl + Enter ба мо хабар диҳед.

Зеркаш кардан
Чоп кардан