Зеркаш кардан
Чоп кардан

Инга Сикорская: Шаклҳои ғайриқонунии забони душманона [машварат ба рӯзноманигорон]

Оё шумо метавонед, дар матнҳо, изҳори назарҳо, нақли қавлҳо забони душманонаи баҳои манфидиҳандаро шиносоӣ кунед, ки аз нуқтаи назари озодии баён қобили қабул буда, аммо аз ҷиҳати қонунӣ мамнуъ аст ва истифодаи он метавонад, боиси ҷазои ҷиноӣ шавад?

Агар шумо ба ин савол посухи дуруст доред, пас ба мутолиаи ин мақола ниёз надоред, зеро, эҳтимолан, шумо мутахассиси барҷастае дар соҳаи ташхиси забон ҳастед.

Аммо рӯзноманигорон ва офарандагони муҳтаво ё контенти онлайнӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ атрофи суоли боло одатан баҳсҳои зиёде меороянд ва наметавонанд, ба хулосаи воҳиде биоянд. Ва ҳатто омӯзиши санадҳои байналхалқии марбут ба забони душманона ва риторикаи нажодбадбинона дар расонаҳо имкон намедиҳанд, ки ин масъала дақиқу комил дарк карда шавад.

ИН АЗ ЧӢ ГУВОҲӢ МЕДИҲАД?

  1. Мафҳуми «забони душманона» дар қонунгузории ҳеч кадоме аз кишварҳои Осиёи Марказӣ зикр нашудааст. Аммо меъёрҳои байналхалқии рӯзноманигорӣ ба хабарнигорон тавсия медиҳанд, ки аз истифодаи “забони душманона” худдорӣ варзанд то ин ки дар ҷомеа таҳаммулнопазирӣ шиддат нагирад. Дар ин бора дар кодексҳои мухталифи ахлоқии байналхалқиву аврупоӣ ва ахлоқи нави шабакавӣ зикр шудааст. [1]
  2. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ шаклҳои ғайриқонунии “забони душманона”-ро ба қонунгузории зидди табъйиз шомил кардаанд.  Дар ин гуна қонунгузорӣ “забони душманона” даъвати оммавӣ ба бадбинӣ (англ. incitement of hatred) унвон шудааст. Ин мафҳум дар истилоҳоти ҳуқуқи байналхалқӣ шомил шуда, изҳори назарҳоеро ҷиноӣ эътироф мекунад, ки ба амалкардҳои хатарнок даъват мекунанд ва оқибатҳои нохуш доранд. Аз ҳамин хотир, дар чанде аз кишварҳо рӯзноманигорон дақиқан медонанд, ки кадоме аз шаклҳои забони душманона ғайриқонунӣ аст ва кадом шаклҳои.

Забони душманонаи ғайриқонунӣ – ин шакли ифодаи забонӣ ва тарзи баёни визуалиест, ки дар бештари мавридҳо дар фазои интернет мушоҳида мешавад ва табъйизомез буда, ба хушунати ин ва ё он гуруҳ даъват мекунад. Дар аксари ҳолатҳо забони душманонаи ғайриқонунӣ ҳадафмандона паҳн карда мешавад ва танҳо бо дастури ширкатҳое аз Интернет пок карда мешавад, ки муҳтавои Интернетро назорат мекунанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Забони душманонаи манфӣ баҳодиҳанда – ин ҳама гуна шакли баёни манфӣ ва муҳтавои визуалии манфӣ аст, ки барои намояндагони ин ва ё он нажод, қавм ё гуруҳи мазҳабиву иҷтимоӣ қобили қабул нест.

 

3. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ қонунҳои мушаххаси зидди табъйиз мавҷуд нест, вале дар бархе аз қонунҳо моддаҳое мавҷуданд, ки аз ҷиҳати назарӣ метавонанд, шаклҳои ғайриқонунии забони душманонаро дар бар гиранд.

4. Дар қонунгузории кишварҳои Осиёи Марказӣ моддаҳое мавҷуданд, ки барои шаклҳои мушаххаси “ангехтани бадбинӣ ва ё ихтилоф ва тарғиби оммавӣ ва ё бо истифода аз ВАО ва Интернет” ҷавобгарӣ пешбинӣ мекунанд. Ба ҳамин далел дар таҷрибаи амалии додгоҳӣ дар бархе ҳолатҳо рӯзноманигорон ва офарандагони муҳтавои интернетӣ, асосан ҳангоми нақл қавл овардан, изҳори назар кардан ва ё бознашри образҳои визуалӣ, ба “ангехтани бадбинӣ ва ихтилоф” айбдор мешаванд.

5. Ба ҷуз ин моддаҳои ангехтани бадбинӣ ё ихтилоф дар қонунгузории зидди тундгароии кишварҳо такрор шуда ва ҷазо ҳам барои содир кардани ин гуна ҷиноят ҳамсон пешбинӣ шудааст.

Қонунгузории кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба ангехтани бадбинӣ ва ихтилоф, ҷазои муқарраршуда барои содир кардани чунин ҷиноят:

     
кишвар Моддаҳо ва асосҳои онҳо ҷазо
Қазоқистон Моддаи 174. Барангехтани бадбинии иҷтимоӣ, миллӣ, қавмӣ, нажодӣ ва ё мазҳабӣ
Амали барқасдонае, ки ба ангехтани бадбинии иҷтимоӣ, миллӣ, қавмӣ, нажодӣ ва ё мазҳабӣ, ба таҳқири шаъну шарафи миллӣ ва ё эҳсоси мазҳабии сокинон, ҳамчунин ба тарғиби як табақаи хоси шаҳрвандон ё паст задани табақаи дигар аз рӯи муносибати онҳо ба мазҳаб, миллат, қавм, агар ин амалҳо ба таври оммавӣ ва ё бо истифода аз ВАО ё шабакаҳои телекоммуникатсионӣ ё бо роҳи омода ва паҳн намудани адабиёт ё абзорҳои иттилоотӣ, ки бадбинии иҷтимоӣ миллӣ, қавмӣ, нажодӣ ё мазҳабиро тарғиб мекунанд,
Бо маҳдуд кардани озодӣ аз 2 то 7 сол ё бо зиндон кардан ба ҳамин муҳлат
Қирғизистон Моддаи 299. Ангехтани бадбинии миллӣ (байниқавмӣ), нажодӣ, динӣ ва ё минтақавӣ
Амале, ки ба ангехтани бадбинии миллӣ (байниқавмӣ), нажодӣ, динӣ ва ё минтақавӣ таҳқири арзишҳои миллӣ, ҳамзамон тарғиби бартарӣ ва пастзании шаҳрвандон аз рӯи мансубияташон ба мазҳаб, миллат (қавм) ва ё нажод, агар ин амал ба таври оммавӣ ва ё бо истифода аз ВАО, инчунин тариқи интернет сурат гирифта бошад
Бо маҳруҳ сохтан аз озодӣ аз чаҳор то ҳафт сол ҷазо дода мешавад
Тоҷикистон Моддаи 189. Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ

Ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низоъи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ, ё паст задани шаъну эътибори миллӣ равона шудаанд, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба миллат, нажод ё маҳал, агар ин кирдор ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма анҷом дода шуда бошад

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.
Туркманистон Моддаи 177. Барангехтани бадбинии иҷтимоӣ, миллӣ ва ё динӣ

Амалҳои барқасдонае, ки ба барангехтани адовати иҷтимоӣ, миллӣ, қавмӣ, нажодӣ ва ё динӣ, паст задани шаъну шарафи миллӣ, ҳамчунин тарғиби бартарият ва ё бадномсозии гуруҳе аз шаҳрвандон бино бар мансубияти динӣ, иҷтимоӣ, қавмӣ ва ё нажодӣ бо ҷарима дар ҳаҷми аз 20 то 40 маоши ҳадди миёна ё то 3 соли зиндон ҷазо дода мешавад. Агар ҳамин кирдор тавассути ВАО сурат гирад

бо ҷарима дар ҳаҷми аз 25 то 50 маоши ҳадди миёна ва ё аз 2 то 4 соли зиндон ҷазо дода мешавад
Узбекистон Моддаи 156. Барангехтани бадбинии миллӣ, нажодӣ, қавмӣ ва ё динӣ

Омодасозӣ, нигаҳдорӣ бо ҳадафи паҳн кардан ва ё паҳнсозии маводи тарғибкунанда бадбинии миллӣ, нажодӣ, қавмӣ ва ё динӣ бо ҷарима то 600 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ваё корҳои ислоҳӣ то 3 сол, ё маҳдуд сохтани озодӣ аз 1 то 3 сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ то се сол ҷазо дода мешавад.
Амали барқасдонае, ки шаъну шарафӣ миллӣ, эҳсоси динӣ ва ё атеистии шаҳрвандонро паст мезанад ва бо ҳадафи барангехтани бадбинӣ, таҳаммулнопазирӣ нисбати гуруҳе аз шаҳрвандон бино бар мансубияташон ба миллат, нажод, қавм ё дине содир шудааст

бо маҳдуд кардани озодӣ аз 2 то 5 сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ то 5 ҷазо дода мешавад.

ЗАБОНИ ДУШМАНОНАИ ҒАЙРИҚОНУНИРО АЗ МАНФӢ БАҲОДИҲАНДА ЧИ ГУНА ФАРҚ КАРД?

 

 

 

 

 

 

 

МАНФӢ БАҲОДИҲАНДА

– метавонад, маҳкумкунанд, танқидкунанда, ранҷонанда бошад;
– ба амалкардҳо, сифати одамон ва ё созмонҳо баҳои манфӣ медиҳад;
– муҳтавои маҳкумкунанда ва танқидкунанда дорад;
– изҳори назарҳои нодуруст, ранҷонанда ва ё тарзи баёни номақбул дорад, ки мумкин аст, мунсифона ва ҳамзамон қолабу клише бошанд;
– нақли қавлҳои назариявие дорад, ки нисбати гуруҳе хосе ҳадафмандона баён шудааст.

ҒАЙРИҚОНУНӢ
– сохтори таҳрикдиҳанда дорад;
– даъватҳои ошкор ба хушунат алайҳи нажод, қавм, дин ва ё гуруҳи иҷтимое дорад;
– содир кардани ин амалро асоснок менамояд;
– таҷрибаи содиршудаи ин гуна амалҳоро тарғиб мекунад;
– рамзҳо ва шиорҳои мамнуъро ба намоиш мегузорад;
– барои содир кардани амалҳои мушаххас дастур медиҳад;
– вазъи иҷтимоиву сиёсии муҳите, ки ин гуна муҳтаво ё контент нашр мешавад, шиддат дорад ва ҳассос аст.

МУҲИМ:

 

 

 

 

Танқиди созмонҳои сиёсӣ, динӣ ва ё иттиҳодияҳои идеологӣ, ё боварҳо, одатҳои милливу динӣ набояд, ҳамчун муҳтаво ё рафтори ғайриқонунии таҳрикдиҳандаи бадбинӣ баҳо дода шавад

 

 

  1. Аз нуқтаи назари меъёрҳои байналхалқӣ, агар дар нигоҳи аввал дар изҳори назар, нақли қавл/мақола/маводи аудиовизуалӣ (ки нисбати нажоде, қавме, дине, гуруҳи иҷтимоие клишеҳо ва ё қолабҳои баҳодиҳанда доранд) сохтори таҳрикдиҳандаи забонӣ мавҷуд набошад, даъватҳои ошкоро (на эҳтимолӣ!) ба хушунати гуруҳи махсусе ҷо надошта бошад, яъне, тасвири дақиқи амалҳои эҳтимолиро надошта бошад, ҳамзамон вазъи иҷтимоиву сиёсие, ки маводи мазкор онҷо нашр мешавад, ҳассос набошад – пас ин гуна муҳтаво ё забони душманона баҳодиҳии манфӣ унвон дорад ва ғайриқонунӣ ба ҳисоб намеравад.  
  2. Агар дар изҳори назарҳо, нақли қавлҳо, мақола ё маводи аудиовизуалӣ даъватҳое амсоли “бизанед”, “оташ занед”, “бикушед”, “тарконед” бо шарҳи дақиқи ин мафҳумҳо ва асоснокии рафторҳои зикршуда ва ибораҳои “хуб мешуд агар”, “зарур аст, ки”, “талаб карда мешавад”, “бояд” ҷо дошта бошад ва ба иншооти мушаххасе ишора шуда бошад (на умумӣ, балки мушаххас) – ин метавонад забони душманона ва муҳтавои ғайриқонунӣ баҳо дода шавад.
  3. Агар дар изҳори назарҳо, нақли қавлҳое, ки дар маводи шумо омадааст, ба амалҳои содиршуда баҳои мусбат дода шуда бошад ва як гуруҳе аз одамон сафед ва гуруҳи дигар сиёҳ карда шуда бошад – пас ин метавонад, ҳамчун муҳтавои ғайриқонунӣ ва тавҷеҳсозии фаъолияти тундгароёна баҳо дода шавад.
  4. Зери мафҳуми барангехтани ихтилоф, душманӣ ва ё бадбинӣ на изҳори назарҳои одие бояд фаҳмида шаванд, ки аз ҷиҳати назарӣ мумкин аст, танҳо ҳарфҳои таҳқиркунанда ва ё пастзананда бошанд, балки мафҳумҳое бояд фаҳмида шаванд, ки ҷанг, тундгароӣ, ихроҷ, генотсид, хушунатро нисбати гуруҳҳои қавмӣ, динӣ, нажодӣ, иҷтимоӣ асоснок месозанд. Мушоҳида мешавад, ки дар бисёрии ҳолатҳо одамон муҳтавои ғайриқонуниро аз забони душманонаи ғайриҷиноӣ, забони душманонаи манфӣ баҳодиҳанда наметавонанд, фарқ кунанд.

ЧИ ГУНА МЕШАВАД, АЗ ИШТИБОҲ ВА ИСТИФОДАИ НООГОҲОНАИ МУҲТАВОИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ПЕШГИРӢ КАРД?

1

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ФАРҚИЯТИ БАЙНИ ОЗОДИИ БАЁН ВА ЗАБОНИ ДУШМАНОНАРО ДАРК КУНЕД!

ДАР ИН КОР БА ШУМО КӮМАК МЕКУНАД:

Донистани меъёрҳои қонунгузории миллӣ

Риояи ахлоқ ва меъёрҳои рӯзноманигорӣ

Санҷиши доимии маводи таҳиякардаатон пеш аз нашр

Тартиб додани доимии луғати истилоҳоти рӯзноманигорӣ барои инъикоси мавзуҳои ҳассосу низоъбарангез

 

2

АБЗОРҲОИ “РӮЗНОМАНИГОРИИ ТАДРИҶӢ”-РО ИСТИФОДА БАРЕД

БА ШУМО ДАР ИН РОҲ КӮМАК МЕКУНАД:

Таҳрири такрории маводҳое, ки дар мавзуҳои ҳассос ва низоъбарангез навишта шудаанд; бигзор маводи шуморо пеш аз нашр теъдоди зиёди ҳамкорон бинанд, хонанд;

Ба хотири беҳои манфӣ надодан ба гуруҳи тасвиршаванда ҷузъиёти ҳарчӣ бештарро аз маводи худ ҳазф кунед; дар сарлавҳа ба ҳангомасозӣ роҳ надиҳед;

Агар шумо хабари васеъ ё фичерз навиштанӣ ҳастед, услуби баёни махсуси жанрҳои публисистиро ҳангоми тасвири нажод, қавм, дин ва гуруҳҳои иҷтимоӣ истифода набаред;

Агар фикр мекунед, нақли қавле ё мисоле, ки истифода бурдани ҳастед, нажодбадбинона, низоъбарангезона аст – пас ҳатман он ҳамин гуна аст; савқ ё интуитсияи рӯзноманигории шумо ҳаргиз фиреб намедиҳад;

Ба он тамаркуз кунед, ки барои кӣ менависед, на чӣ менависед


 

[1] CODE OF CONDUCT ON COUNTERING ILLEGAL HATE SPEECH ONLINE, URL https://ec.europa.eu/info/sites/info/files/code_of_conduct_on_countering_illegal_hate_speech_online_en.pdf

[2] Уголовный кодекс Республики Казахстан, 2014 год, https://online.zakon.kz/Document/?doc_id=31575252&doc_id2=31575252#activate_doc=2&pos=223;-458&pos2=2359;-444

[3] Уголовный кодекс Кыргызстана, 2019 http://cbd.minjust.gov.kg/act/view/ru-ru/111527

[4] Уголовный кодекс Таджикистана, 1998 год, http://base.spinform.ru/show_doc.fwx?rgn=2324

[5] Уголовный кодекс Таджикистана, 1998 год, http://base.spinform.ru/show_doc.fwx?rgn=2324

[6] Уголовный кодекс Узбекистана, 1994 год, https://abortion-policies.srhr.org/documents/countries/05-Uzbekistan-Criminal-Code-1994.pdf

Агар шумо хатои имлоӣ пайдо карда бошед, лутфан бо интихоби матн ва пахшкунии Ctrl + Enter ба мо хабар диҳед.

Зеркаш кардан
Чоп кардан