Зеркаш кардан
Чоп кардан

Элдияр Арикбаев: барои расонаи онлайнӣ чи гуна бояд навишт?

Одатан навкорон дар рӯзноманигории онлайнӣ намедонанд, ки аз чӣ шуруъ кунанд: мақола аз чӣ иборат аст, ҷумла чӣ гуна сохта мешавад, кадом усулҳоро бояд риоя кард. Вақте рӯзноманигорони навкор ба идораи мо меоянд, сар то по аз шавқу ҳавас иборатанд ва омодагӣ мегиранд, ки ҳаминак тамоми мардуми сайёра ба хондани маводи онҳо мешитобанд. Лайку шарҳ барои онҳо меборад ва ҳамкасбони ботаҷрибаву калонсолтар бо нишони эҳтиром даст пеши бар мегиранд. Аммо дар воқеъ чунин нест.

Пеш аз он ки шумо ба навиштан шуруъ кунед, бояд чанд ҳақиқати содаро донед.

Нахуст. Хонанда барои маводи таҳиякардаи шумо вақти зиёд надорад. Агар маводи шуморо ба ҳисоби миёна як дақиқа мутолиа кунанд – ин аллакай муваффақият аст. Дар аксари ҳолатҳо хонанда танҳо бо мутолиаи сарлавҳа ва дидани аксҳо қаноат мекунад. Инро пажуҳиши вижае тасдиқ мекунад, ки бо дастгоҳҳои махсус ҳангоми мутолиаи интернетӣ ҳаракати чашмони хонандагонро мушоҳида кардаанд.

Дувум. Шумо бо расонаҳо ва муҳтавои дигар барои ҷалби хонанда дар набард ҳастед. Яъне, матни шумо ҳамроҳ бо матнҳои дигар дар ҳамон як саҳифаи корбар дар шабакаи иҷтимоӣ ҷо мегирад, ки он ҷо акси гурбаҳо ҳам ҳаст табрикоти дӯстон ҳам. Ин маънои онро дорад, ки шумо аз қабл дар мавзеи наздик ба бохт қарор доред. 

Севум. Ҳатто хуб навишта тавонистан – кофӣ нест. Хонандаро бояд пайдо кард. Интизор нашавед, ки хонанда ба суроғи матни навиштаи шумо меояд. Ҷалби хонанда тавассути шабакаҳои мухталиф: шабакаҳои иҷтимоӣ ё ирсол тавассути почтаи электронӣ ҷузъи кори рӯзноманигорон шудааст. 

Ҳамаи ин хуш садо намедиҳад, дуруст аст? Эҳтимол, ки барои шумо инҳо қобили қабул набошанд, вале воқеияти офаридани муҳтаво дар интернет ҳамин аст. Биёед акнун фикр кунем, ки чи бояд кард. 

Усули “ҳарами воруна” 

Нахустин коре ки бояд кард – ин ҷалби таваҷҷуҳи хонанда аст. Дар ин кор ба мо тағйир додани тарзи навишти матн кӯмак мекунад: муҳимтарин иттилоъ – дар аввал ҷо дода мешавад. 

Ин усулро “ҳарами воруна” меноманд. Ҳарами одӣ – ин тарзи пешниҳоди хронологӣ бо ҳамаи элементҳои адабӣ аст. Аммо мо – рӯзноманигорони хабаррасон ҳастем – на муаллифони китобҳои бадеӣ ва детективӣ. Агар қотил – боғбон аст, пас дар ин бора дар ҳамон оғоз хабар медиҳем.

Ҳарами воруна. Акс аз IWPR

Сарлавҳа – ин чизест, ки хонанда аввал ба он руҷуъ мекунад. Сарлавҳаи хабарии клоссик бояд муҳтавои мақоларо дар бар гирад ва ба суоли “чи рух дод” посух диҳад, исми фоъил дошта бошад ва бештар аз 10 калимаро дар бар нагирад.  

Акнун биёед, машқ мекунем.


Матни изҳороти матбуотӣ: Дар Москва мулоқоти президентҳои Қирғизистону Русия баргузор шуд. Ҷонибҳо муҳим будани ҳамкориҳои муштаракро зикр ва табодули андеша намуданд. Дар ин мулоқот роҳбарони давлатҳо дар бораи сохтани як пойгоҳи дигари ҳавоии Русия дар Қирғизистон, дар ҷануби кишвар созишнома имзо карданд. Президенти Қирғизистон Русияро шарики асосии стратегӣ унвон кард ва аз узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро муҳим донист. Президенти Русия гуфт, бо ҳамтои қирғизаш ҳамақида аст ва ба интихоби мардуми Қирғизистон, ки президенти навро интихоб кардааст, эҳтиром қоил аст.


Фарз кардем, ки ба шумо баёнияи матбуотие дар бораи мулоқоти президентҳои Қирғизистону Русия ирсол мекунанд. 

Дар баёнияи матбуотӣ омадааст, ки “сарони давлатҳо кишварҳои худро шарикони стратегӣ меҳисобанд ва ҳадаф доранд, ки ҳамкориҳо дар сатҳи олӣ идома кунанд”.

Онҳо ҳамчунин “дар бораи таъсиси як пойгоҳи дигари ҳавоӣ дар ҷануби Қирғизистон” ба созиш расиданд. “Президенти Русия ҳамтои қирғизашро бо интихоб шуданаш ба ҳайси роҳбари нави давлат табрик кард”.

Биёед фикр кунем, ки аз ин матн барои сарлавҳа кадом қисмате мувофиқ аст ва муҳтавои хабар умуман аз чӣ иборат аст.

Дар бештари ҳолатҳо рӯзноманигорон сурат гирифтани мулоқотро ҳамчун сарлавҳа истифода мебаранд, аммо ин гуна сарлавҳа на ҳамеша ҷолиб аст. Президентҳо пайваста бо одамони мухталиф мулоқот мекунанд ва ин вазифаи мо нест, ки дар бораи ҳар кадом мулоқоти роҳбари давлат – агар дар натиҷаи он чизе ҳал нашавад – нависем. 

Барои хонанда – хулосаи мулоқот муҳимтар аст. Мулоқот бо чи анҷомид? Посух ба ин суол сарлавҳаи мо хоҳад буд.

Агар натиҷае аз ин мулоқот ҳосил нашуд ва президентҳо барои он мулоқот карданд, ки бори дигар муносибатҳои худро таҳким бахшанд, пас, эҳтимолан зарурати навиштан дар ин бора нест.

Албатта ҳолатҳои истисноӣ ҳам ҳастанд, вақте мулоқот – алакай хабар аст. Барои мисол, агар ду сиёсатмадор баъди нифоқ ё ҷанҷоли тӯлонӣ бори аввал бо ҳам мулоқот кунанд.  

Дар ниҳоят, мо танҳо дар бораи он менависем, ки ду президент барои сохтмони пойгоҳи ҳавоӣ дар ҷануби Қирғизистон ба созиш расиданд.

Эҷоди сарлавҳа – маҳорати хос талаб мекунад, зеро байни ҳарчи иттилои бештар ҷо додан ва ҷалби таваҷҷуҳи хонанда бояд тавозунро риоя кард, то ин ки хонанд ба сомонаи шумо ворид шавад ва хабарро хонад.

Навиштани матн

Дар ин ҳолат ба шумо 5W – яъне: Кӣ? Чӣ? Дар куҷо? Кай? Чаро? кӯмак мекунад. Дар матн шумо бояд ба ин панҷ суоли асосӣ посух диҳед. Кӣ рабт дошт? Чӣ ҳодиса рух дод? Дар куҷо рух дод? Кай рух дод? Ва чаро ин рух дод? 

Дар бораи ҳарами воруна ҳам фаромӯш накунед – дар сархати аввали матн иттилои муҳимтаринро ҷо диҳед, дар бораи он нависед, ки чанд лаҳза ё соате пеш чи рух дод ва дар охир собиқаи хабарро ворид кунед, ҳамзамон шарҳ диҳед, ки чаро ин ҳодиса муҳим аст.

Талош варзед, ки ҷумлаҳои сода нависед, ки ҳадди аксар аз як пайвандак иборат бошанд. Тасаввур кунед, ки шумо матнро барори бародари хурдиатон менависед, ки дар синфи 9 таҳсил мекунад. Бояд бародари шумо баъди мутолиаи матн муҳтавои онро комилан дарк кунад.

Сархатҳо ҳадди аксар бояд аз як-ду ҷумла иборат бошанд. Як сархат – як фикр. Агар матни шумо аз андоза берун бошад, дар ин ҳолат чашми хонанда наметавонад онро қабул кунад.

Аз ҷумлаҳои мураккабу тобеъ худдорӣ меварзем ва феълҳои фоилро истифода мебарем. Агар дар матн рақамҳои бузурге зикр шудааст, пас онро барои ҳазм кардани хонанда содатар мегардонем.

Агар миқёс ва ҳаҷми ашёеро тасвир кардан зарур шавад, пас онро бояд бо ашёе барои хонанда ошно муқоиса кард. Барои мисол, майдони сӯхторро мешавад, бо шумори майдонҳо футбол муқоиса кард. Хонанда майдони футболро нисбат ба теъдоди гектар беҳтар метавонад тасаввур кунад.

Агар имконият мавҷуд бошад, ба матн чанд акс ворид кунед, вале на аз андозе беш. Як акс барои як саҳифаи монитор – қобили қабул аст.

Агар акс мавҷуд набошад, метавон нақли қавлҳоро барҷаста кард ё рӯйхат тартиб дод. Инҳо низ метавонанд, матнро ба таври визуалӣ ба қисматҳо ҷудо кунанд.

Акнун шумо тасаввур ҳосил кардед, ки барои интернет чи гуна бояд навишт. Вале ин ҳанӯз кофӣ нест. Мақолаҳои шумо – агар мехоҳед, ки рӯзноманигорӣ касбӣ шавед – бояд ба стандартҳои касбӣ ҷавобгӯ бошанд. 

Ин маънои онро дорад, ки аз уҳдаи навиштани ҳама чиз наметавон баромад. Ин маънои онро дорад, ки хонандаро ҷалб кардан кофӣ нест, ӯро бояд эҳтиром кард ва нафиребид. Яъне – фаҳмову дақиқ менависем, далелҳоро месанҷем, ба ҳамаи ҷонибҳои низоъ имкони ибрози мавқеъро медиҳем, фикри худро таҳмил намекунем.

Дар хотир нигаҳ доред, ки иттилои шумо на танҳо фаврӣ, балки дар навбати аввал бояд саҳеҳ бошад.

 Адабиёти иловагӣ:

Репортажҳо бо ҳадафи тағйирот: Дастурамали IWPR барои рӯзноманигорони маҳаллӣ, ки дар минтақаҳои буҳронӣ фаъолият мекунанд (бо забони русӣ)

Агар шумо хатои имлоӣ пайдо карда бошед, лутфан бо интихоби матн ва пахшкунии Ctrl + Enter ба мо хабар диҳед.

Зеркаш кардан
Чоп кардан